ХИЁНАТКОРӢ БА ХОТИРИ САРВАТ!

Инак, барои халқи тоҷик аз баргузории Иҷлосияи тақдирсоз 30 сол ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 31 сол пур гардид. Тӯли ин солҳо барои пешрафту тараққиёт ва сулҳу ваҳдати кишвари тоҷикон гурӯҳҳои ифротгарою бадхоҳ, террористону нотавонбинон монеа эҷод мекарданд. Дар ин замина онҳо мекӯшиданд бо роҳи фиребу маблағҳои гӯшношунид ҷавононро ба гурӯҳҳои хурд ҷалб кунанд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ба доми фиреби чунин ашхос даромада, ҳаёти худу оилаи худро барбод доданд. Худ қазоват кунед, оилае, ки дар он хоин ба воя мерасад, магар метавонад оилаи солим бошад? Чунин фарзандонро ҳатто падару модар аз оилаи худ меронанд. Тақдири минбаъдаи чунин гумроҳон танҳо канораҷӯиву ночориву нодорист!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки бобати донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Аз нодониву камсаводии худ ба суханони нодурусти ифротгароён бовар карда, роҳи нодурусти зиндагиро интихоб мекунанд, ки охири он роҳ танҳо торикиву бадбахтист!

Вале ҳастанд ҷавононе, ки бо ақлу заковати қавии худ ба суханони ин гуна ашхос ҳатто аҳамияте намедиҳанду баръакс зери танқид гирифта, ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат мекунанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар вазъияти гузаштаву имрӯза ҳоло ҳам ҳаммаслакони Муҳиддин Кабирӣ пинҳонкорона фаъолият доранду ҳатто аз хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои интернетӣ мекӯшанд ҷавононро гумроҳ сохта, сафи худро зиёд кунанд.

Аз ин рӯ, набояд ҷавонон ба васвасаҳои чунин бадхоҳон дода шаванду сарзамини ободу оилаи солими худро вайрону нообод кунанд. Мақсади асосии чунин афрод ин пеш аз ҳама ноором кардани вазъи кунунии кишвар аст, зеро ин нотавонбинон сулҳу ваҳдат ва тинҷиву оромии кишвари тоҷиконро дида наметавонанд.

Таърих гувоҳ аст, ки тӯли солҳо нафарони Кабиримонанд авзои ҷомеаро ноором мекарданд ва ин боиси он гардид, ки ин афрод сарсону саргардон мисли гадо дар мамлакатҳои хориҷ умр ба сар мебаранд. Ҳатто, ҷангҳои иттилоотиро метавон кори дасти онҳо номид. Вале имрӯз мардум ба фиреби онҳо дода намешаванд, зеро симои ҳақиқии ин тоифаро шинохтаанд. Ин хоинони ватан ҳаргиз бла мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид.

Пурмоҳи ОЛИМӢ,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh