ЭЪТИҚОД БА ВАТАН ДОРЕМ

Ташкилкунандагону асосгузорони ТТЭ ҲНИ сохтакорона гӯё ба дини Ислом даъват менамоянду дар асл мақсад ҷуз манфиати худашон дигар беш нест. Солҳои қаблӣ амали онҳо ба он оварда расонд, ки дар қалби мардуми кишвар оташи интиқом ва ҷанги шаҳрвандӣ шуъла зад ва мутаассифона риштаи умри ҳазорҳо одамон канда гардида, кишвари мо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ рӯ ба таназзул ва буҳрон оварда, қариб аз фаъолият бозмонданд.

Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста, бадбиниву ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона роҳнамо созанд.

Ин ашхос, ки дар асл аз арконҳои дини мубини Ислом фарсахҳо дуранду теша бар решаи худ мезананд, хешро ватандӯст вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаандозӣ менамоянд.

Аъзои ТТЭ ҲНИ намунаи возеҳу равшани гуфтаҳои болоианд, зеро чун парда аз рӯйи эшон мегирӣ, амалҳои террористиву экстремистиашонро мебинӣ ва ҳадафҳои ғаразмандонаашонро пиру ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон басо хуб медонанд. Ба қавли гузаштагони миллат дӯстӣ, аҳлигӣ, дар иродаи хеш қавиву миллати сулҳдӯсти кишвар буд, ки сулҳу субот барқарор гашт.

Маълумоте, ки онҳо аз дур истода бо воситаи расонаҳо зикр доштанд, маълумоти бардурӯғ аст. Дар ин бобат гуфтанием, ки иттилоотро санҷед, обрӯи худро нарезонед, носанҷида сухан накунед. Бас аст иғвоангезӣ! Хоинони миллат, бояд донанд, ки воқеият аниқ асту худи онҳо зархарид ҳастанд ва амалҳояшон маҳз ба хотири пулу моли муфт аст.

Беш аз сӣ сол мо соҳибистиқлолем. Чунин сияҳкорон қадами номубораки хешро ба мамлакати мо гузошта наметавонанду ҳамчунин фикру андешаи манфури худро бар мо талқин карда наметавонанд. Мардуми мо аллакай фазои орому осударо шамид ва дигар ба андешаҳои ғайриқобили қабул гӯш намедиҳанд.

О.ҲАЛИМЗОДА,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh