БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ОШТИНОПАЗИР БОШЕМ

Аз он ки дар замони тинҷу осуда зиндагӣ дорем, шукр бояд кард. Чӣ давраҳои мушкилеро аз сар гузарондем. Солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар бесару сомониву ҳамдигарнофаҳмиҳо, ба авҷи аълояш расида буд. Бар иловаи ин, аз вазъи муташанниҷи кишвар истифода бурда, баъзе олимону мутахассисони варзида тарки Ватан карданд. Мамлакат гӯиё ба як варта рӯ ба рӯ гардид. Аксарият ба фардо бовар надоштанд.

Баъди баргузории Иҷлосияи таърихӣ бо мурури замон вазъи мамлакат беҳтар гардид.

Мутаассифона, то ҳол баъзе муаммоҳо боқӣ мондаанд, ки он на танҳо мардуми ҷумҳуриро, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Яъне масъалаи ташвишовари терроризм мебошад, ки чун вабои аср ба амнияти ҷомеа халал ворид сохта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Ҷиноятҳое, ки алҳол хусусияти экстремистӣ ва террористӣ доранд, мутаассифона баъзе ҷавононро ба гумроҳӣ бурд ва сафи созмонҳои экстремистӣ дар хориҷи мамлакат афзоиш ёфта, ба низоъҳои мусаллаҳонаи бурунмарзӣ оварда мерасонад. Ва чунин хатар моро водор месозад, ки нисбат ба ин мафҳуми номураттабсозандаи ҷомеа бештар андеша намоем ва баҳри пешгирии он чораву тадбирҳои мушаххас биандешем.

 Терроризм ва экстремизм ба чӣ оварда мерасонад? Пеш аз ҳама ба харобии мамлакат, зӯроварӣ ва ё таҳдид ба ҷомеа, бенизомӣ, дар ҷомеа боис мегардад.

Аз ин рӯ, имрӯз моро зарур аст, ки арзишҳои миллии хешро пос дорем, маърифати ҳуқуқии ҳар як сокини кишварро ҳифз намоем, дар тафаккури башар сатҳи фарҳангию сиёсиро, хосатан байни ҷавонон қавӣ гардонем.

Имрӯз моро зарур аст, ки бар муқобили терроризм муборизаи беамон барем, то ин ки он хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ пайдо накунад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн накунад, балки барои амнияти кишвари офтобрӯя, инчунин давлатҳои алоҳида аз як гиребон сар бароварда дастгири ҳам бошем.

Азиза ПӮЛОДОВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh