Амалу кирдорҳои ТТЭ ҲНИ бар зидди манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ

Имрӯзҳо аъзоёни ҲНИ ҳамчун хоини Ватан ва миллат шинохта мешаванд, ки барҳақ буда, чандин кирдорҳои ношоистаи онҳо аз тарафи мақомотҳои қудратӣ ошкор гардидааст.

Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони ин ҳизб ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарвариданд, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешуданд.Вале бо ҳушёрии мақомотҳои қудратӣдар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён гардид.

Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки вуҷуд доранддар дил нияти барпо сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад, ки Ҳизби наҳзати исломӣ низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад.

Зимнан, худи ташкил ва таъсис додани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ надошт. Мардум дар оғоз намедонист, ки мақсаду ниятҳои ин ҳизб чӣ хохад буд. Гумон мекарданд, ки акнун маҳз тавассути он фаризаҳои диниашонро иҷро мекунанд ва бо ин васила дини мубини исломро интишор медиҳанд. Ин ҳизб фаъолияташро даркишвари мо оғоз намуду,дар як лаҳза ҷавонони роҳгумзадаро ба худ ҷалб намуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекард. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИ пеш аз ҳама ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафия, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.

Таҷрибаи даҳ соли охир куллан исбот кард, ки ин ҳизб на танҳо ба тафриқаандозӣ машғул шуд, балки ба онҳое мадад кард, ки мехостанд суботи мамлакати орому осударо тавассути табаддулот барҳам зананд.

Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ҳоказо. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид. Ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт.

Бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Ба қарибӣ ӯ дар яке аз сафарҳои хориҷиаш бо намояндаи ҲАМОС, ки як бахши ҳаракати эктремистии Ихвон-ул-муслимин мебошад, вохурда, зиёда аз 32 ҳазор доллар “кӯмаки башардӯстона”-и худро “таслим кард”. Ӯ 26 июли соли 2014 дар маркази “Диалог” бо таҳсилкардагони тоҷик дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Русия ва Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ тасмим гирифта шудааст, ки ин толибилмони тоҷики муассисаҳои динии кишварҳои исломӣ ба сохтори “Дастёрони наҳзат” шомил гарданд. Онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гурӯҳи аввал дар ZELLO ва гурӯҳи дуюм дар Фейсбук ҲНИ ва нақшаҳои эктремистии онро тарғиб менамоянд ва вобаста ба фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ вокунишҳои манфӣ паҳн месозанд.

Оиди аз ҷониби ҲНИ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро ҷиҳати ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТТЭ ҲНИ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣва экстремистии “ДИИШ”, “Ҳаракати исломии Ӯбекистон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Гуруҳи- 24” ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд.

Ҳамаи ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, кисобиқ аъзоёнт ҲНИ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки сохти конститутсиониро вайрон сохта бар зидди манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ бароянд.

Аъзоёни ҲНИ ҳамеша то абад ҳамчун хоинони Ватан ва миллат шинохта хоҳанд шуд.

Назарӣ В.

Add comment


Security code
Refresh