Хоинони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсади ғаразонаи худ намерасад!!!
- Details
- Published on Thursday, 26 January 2023 11:26
Имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб мебошад, ки ба ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳон хатарнок ва таҳдидовар мебошад. Аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки гирифтори ин гуна ифротҳо ва суханони пур аз фиребу дурӯғи он нафарони мазлум ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин нагарданд. Онҳо бо ҳар роҳу усул бо маълумотҳои нодурустро дар байни мардум паҳн карда, меҳоҳанд дар ҷомеа низоъ андозанд. Воқеаҳои солҳои 90-ум исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро , ки барои расидан ба ин ҳадаф мардуми шарафманди тоҷик аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст. Ва расидан ба Ваҳдати миллӣ ин кори осон набуд. Нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ин вазифаи ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллат ба шумор меравад. Аммо баъзан номардон, ки ба нону намаки миллат, хоки ватан ва осмони софу беғубори он шукр наҳоҳанд кард, ба пули нопоки душман фурухта шуда хиёнат ба миллат карданд.
Имрӯз садафсӯз, ки мо яке аз баромадагони миллат, ватани азизи худро хамчун хоини ватан шинохтем. Лаънат бар симои чунин шахсон. Муҳаммадиқболи Садриддин! Нопок! Ту номард аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечоши, ки аз амалҳои маккорони ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст.
Муҳаммадиқбол писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ Садриддинов Қаландар мебошад, ки соҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қурғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд. Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи “гуреза” аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шуданд.
Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шурӯъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.
Ин руйхатро идома додан мумкин аст... хоинон! ватанфурӯшон! Сӯзанд ному нишону шумо дар ин руйхати номардон!
Моҳпайкар