Нолаи ҳангоматалабон
- Details
- Published on Thursday, 02 February 2023 13:48
Бо сабаби риоя накардани тартиби мавҷудаи давлатӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Федералии Олмон истирдод кардани як нафар қонуншикан бо номи Абдулло Шамсиддин як рӯйдодест, ки ҷоизи эътибори махсус надорад. Вале, як тӯдаи ҳангомаҷӯён маҷбуран падару модар, ҳамсар ва фарзанди Абдуллоро ба майдон дар ҳавои хунук берун оварда, иддао аз нобакорону бекорони дигарро ҷамъ оварданд. Даъво доранд, ки гӯё аз тақдири Абдулло бехабаранд ва аз созмонҳои гуногун талаби чораҷӯӣ ба Ҳукумати Тоҷикистонро доранд.
Аввало, аҳли оилаи Абдулло аз истирдод шудани фарзанду ҳамсарашон хабардоранд ва ноилоҷ монданд. Баъдан дар тӯдаи нобакорони ҷамъгаштаи аз сардӣ азиятдида ва бекор танҳо нафароне ба чашм мерасанд, ки (ғайр аз 2-3 нафар)аз воқеияти ҳол огоҳӣ надоранд. Танҳо 2-3 нафар ҷорчӣ ба онҳо шиору қоғазҳои дигар тақсим карда додаанду ин гумроҳшудагон бар ивази маблағи муайян ба ин ҷой омадаанд. Аз авзо ва рафтори онҳо маълум аст, ки аз сармо азоб мекашанд, вале, мебояд маблағи гирифтаашонро “кор кунанд”. Расонаҳои иттолоотии ифротгаро бо унвон payom.net, Azda.TV ва ғайра ҷамъшавии тӯдаи зикрёфтаро тазоҳуроти серодам номгузорӣ кардаанд.
Саволи ба миён меояд, ки барои чӣ ин ҳангоматалабон аз мақомоти расмии Олмон талаби маълумот оид ба Абдуллои Шамсиддин надоранду ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои бозёфти ӯро доранд. Падари Абдулло Шамсиддин Саидов, ки ҳамчун ҷинояткор дар кофтуков аст, аз тарси тавассути фарзандаш ба Тоҷикистон депортатсия шуданаш ин ҳангомаро барпо кардааст. Тарҳи хоҷагони хориҷӣ ва ашхоси нобакори наҳзатӣ чунин аст, ки аз як ҷинояткор фарди бегуноҳ тарошанду нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои беҳуда кунанд.
Эҳтимол меравад, ки чун одати пешина наҳзатиён бидуни муаррифии ному насаби худ ҳангомаҳое эъҷод мекунанд, ки ҳатто тӯдаи кӯчак онҳоро намепазирад. Вале, нобакорони наҳзатӣ аз усулҳои ифротии худ даст намекашанду хоҳони ноором сохтани фазои кишвари маҳбубамон мебошанд.
Бас кунед, ҳангомаҷӯиҳои беасос, наҳзатиёни палид!
Собиров М.С.
– мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”