Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист, аммо бори дуюм бовар кардан камоли аблаҳист
- Details
- Published on Thursday, 09 March 2023 15:06
Чанд рӯзе қабл тавассути хабаргузории сомона, ки бо интишори ахбори дурӯғу ғайриинсонии худ солимақл будани хешро зери суол бурдааст, бо камоли беадабӣ суханони носазо гуфтааст.
Ин бехабар аз ҳақиқати таърихи муосири тоҷикон бояд бидонад ки, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, мактаби давлатдории миллии муосири тоҷиконро ҳамчун омили кафолатдиҳандаи рушд, амну субот ва ҷовидонагии давлатдории мо бунёд гузошт ва фарҳангу арзишҳои миллӣ ва симои як силсила абармардони арсаи таъриху сиёсат ва фарҳанги миллатро эҳё карда ба ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ ва тақвияти хештаншиносиву ватанпарастӣ заминаи устувор гузошт.
Дар замоне, ки мо зиндагӣ мекунем, давлатҳо мустақилу соҳибихтиёр ҳастанд, низоми идоракунии демократиро пеша намудаанд, ҳуқуқҳои инсонро арзишӣ олӣ меҳисобанд. Имрӯз зиддияти иттилоотӣ, ноором сохтани вазъи сиёсии давлатҳои алоҳида, ба тарсу ҳарос андохтани одамон, бо паҳн кардани маълумоти таҳрифшуда ба шубҳаву гумон бурдани шаҳрвандон содир намудани амалҳои террористӣ идома дорад, ки хатар ба амнияти ҷомеа аст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки абарқудратҳо имрӯз бо тиру туфанг ошкоро ҷанг намекунанд, балки яроқи асосии онҳо шахсони дуруя, ифротӣ, зудбовар мебошанд, ки онҳоро солҳои сол хоҷагони хориҷӣ бар зидди давлату сарзамини худашон ҳамчун душмани тайёр мекунанд. Дар оғози истиқлолияти давлатӣ ба ҷумҳурии мо низ абарқудратҳо чунин нақшаҳо кашида, хостанд бо истифодаи ҳизби ифротии наҳзат мардумро гумроҳ, созанд. Ин ҳизби имрӯз мамнӯъ бо иловаи калимаи “ислом” фиреб додани мардумро идома дода, ҳатто баъди баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ хиёнатҳои худро пинҳонӣ идома бахшида истодаанд.
Ҳар як фарди солимақл, бонангу бономуси миллати тоҷик, хусусан ҷавонон хоҳиш мекунам, ба суханони ин фурухташудаҳо бовар накунед. Беҳуда нагуфтаанд, ки ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист, аммо бори дуюм бовар кардан камоли аблаҳист. Ҳар сухане, ки аз забони ин разилон садо медиҳад, ба ҷуз дурӯғ, туҳмат ва иғво чизи дигаре нест. Аз номи дини мубини ислом сухан мекунанд, аммо намози онҳо, мусалмонии онҳо ва одамият будани онҳо дурӯғ аст, чунки дили сиёҳ, мақсади нопок ва дасту панҷаи оғуштаи хун доранд.
Гурдофариди Рустам
– омӯзгор, таҳлилгар