Кирдори навбатии ифротгар Муҳаммадиқболи Садриддин

Дар таърихи миллати тоҷик рӯзҳое, ки фаромӯшнашаванда аст, ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Ин рӯзҳои сахте, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, асло дигар наояд. Шахсан худи ман намехоҳам,ки ин хоини Ватан Муҳаммадиқболи Садриддин ба ном ба забонам гирам. Ин душмани халқи бегуноҳ модаронро бе писар, фарзандонро бе падар, занҳоро бе шавҳар кард. Ҳазорон хуни бегуноҳро резонд. Ҳазорон кӯдакон аз падар ятим монданд. Садҳо мардуми бегуноҳро аз зиндагии орому осуда маҳрум уард. Ашки чашмони модаронро резонд. Тоҷик истони орому осударо ба як кишвари ҷангзада табдил дод. Ҳазорҳо шаҳру деҳаро валангор кард. Мардуми бегуноҳ дар Ватани худ Тоҷикистон тинҷу ором гашту гузор карда натавонистанд.

Чи хел ки аз сомонаҳои интернет маълум гардид хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин боз бо кирдори ҷиноятии худ шахсони алоҳидаи миллати точикро гумроҳ намуда онҳоро бар зидди давлат равона намуда истодааст. Ин кирдорҳои ҷиноятии худро у аз хориҷи кишвар равона намуда, кирдори террористии ва ифротгароии худро руйпуш менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳаммадиқболи Садриддин кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯз Муҳаммадиқбол аз ивғою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрӯзҳо ин хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Имрӯз ӯ инсони дар ба дар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшанд. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

Бовари дорам, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзанд. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ҳеҷгох ва хеҷ кас аз он ҷумла ба монанди чунин гурӯҳои ифротӣ, ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин аҷнабипарасту хоҷапарасту ватанфурӯшон танҳо максадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хаҷагонашонро пеша доранд.

Шаҳнур

Add comment


Security code
Refresh