БА ҚАДРИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ РАСЕМ

Имрӯз ба ҳодисаву воқеаҳои солҳои охири ҷаҳон дида медӯзему андешае моро ором намегузорад. Зеро фазои ҷаҳон сол аз сол хароб гардида, ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористию экстремистӣ рушд намуда, дар вайрон кардани тафаккури ҷавонон кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд.

Бале, омӯзишҳои гуногун нишон медиҳанд, ки дар ҷаҳон шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз он дорои хусусияти худро дорост. Ҳарчанд шаклҳои гуногун доранд, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад. Имрӯз сабабҳои шомилшавии бархе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳост.

Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст. Муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои асилу баландмақоми воқеии дини Ислом дар тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад, зеро он панду ибрат ва муаррифгари сатҳу маънавиёти баланди ахлоқи ҷомеаи башарият аст. Мо бояд дар тарбияи насли наврас амалҳои беҳтаринро ба кор барем, ки насли солим ба воя расад.

Мегӯянд, ки террорист на ватан дораду на миллат. Дар ҳақиқат ин ҷумларо борҳо такрор ба такрор мегӯему талқин месозем, ки аз чунин ашхоси манфур дар парҳез бошанд. Ба қадри муқаддасоти кишвар расанд. Зеро барои чунин афрод муқаддасоти ватану ватандорӣ бегона аст. Имрӯз ҳар як ҷавонро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи сохти конститутсионии кишвар муборизаи беамон баранд. Тавре маълум аст, авҷи терроризм имрӯз дар баъзе минтақаҳои олам дар баробари сабабҳои иқтисодӣ доштан ва бозиҳои геополитикии абарқудратон марбут будан, ҳамзамон, сабабҳои дигаре низ дорад, ки одатан ба муборизаҳо байни мазҳабҳои исломӣ ва амсоли он мекашанд. Яъне роҳи асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва тундгароӣ ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чунин тарбия намудани насли нави миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод эътимоди комил дошта бошем.

Боир ЗОИРЗОДА,
судяи Суди вилоят

Add comment


Security code
Refresh