Модар - Ватан яктост!
- Details
- Published on Wednesday, 28 February 2024 13:21
Таърих гувоҳ аст, дар замонҳои қадим бар асари ҳуҷум ва лашкаркашиҳои ғоратгаронаи Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темури ланг ва дигарон диёри мо вайрону валангор мешуд. Мардуми тоҷик ба зулму ситами аҷнабиён тоб оварда, боз бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба ободкорию созандагӣ рӯ меоварданд. Халқи заҳматписанди тоҷик шуҷоату мардонагӣ нишон дода, барои дифои Ватан синаро сипар мекарданд. Ҳикматҳои зерини “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан воҷибтар”, “Ҳар киро ҳубби Ватан нест, номус нест ва ҳар киро номус нест, саодат нест” – ро насли ҷавон низ сармашқи ҳаёти худ бояд кунанд.
Аз ин ҷост, ки меҳру муҳаббат ба Модар – Ватан, эҳсоси ватандӯстию ватанхоҳӣ дар қалби ҳар фарди некном аз овони ҷавонӣ шурӯъ мешавад. Анъанаҳои неки гузаштагонро эҳтирому эҳтиёт менамояд ва пос доштаву идома медиҳад.
Китобхонӣ, муҳаббат ба адаб ва омӯзиши ашъори бузургони адабиёти классику муосир низ ба ҳисси ватандӯстии хонандагон таъсир расонида метавонад. Беҳуда нест, ки бузургон Ватанро ба модари мушфиқ ва рӯзибахшу зиндагиофар ташбеҳ додаанд.
Барои Лоиқ Ватану Модар мафҳумҳои тавъам буда, азизу шариф ва ягонаю нотакроранд. Ҳама чиз дар зиндагӣ такрор ва пайдо мешавад, ба ҷуз Модару Ватан:
Вале баҳри ҳама Модар – Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо, мисли Ватан яктоӣ, эй модар.
Ту яктоиву дар ҳама ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Ҳамин тариқ, аз ин дурдонаҳои абёти бузургон ба хулоса омадан мумкин аст, ки Ватан дар ҳар давру замон барои ватандорон азизу муътабар аст. Ба насли ҷавон, хоса, шогирдон доимо таъкид мекунем, ки хидмат ба Ватан ‐ Модар қарзи ҳамешагии мову шумост.
Мавзуна Тошматова,
омӯзгори МТДБХБ
дар шаҳри Хуҷанд