Терроризмро маҳкум менамоем

Мубориза бар муқобили терроризм ва аз байн бурдани ин зуҳуроти манфии олам имрўз ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии давлатҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.  Ҳар давлат вобаста ба иқтидори мудофиавӣ ва сатҳи хатарнокии он ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар доираи давлатҳо мубориза барои решакан намудани терроризмро бурда истодааст. Гузашта аз ин, кўшиш менамоянд, ки дар доираи баргузор намудани чорабиниҳои мухталифи вобаста ба ҷавонон пеши роҳи сар задани ҳодисаҳои терактӣ гирифта шаванд.

Роҳҳои аз байн бурдани терроризм ва ифротгароии динӣ аз як тараф аз сатҳи шароити иҷтимоии мардум вобаста бошад, аз ҷониби дигар он ба дараҷаи маърифатнокии аҳолӣ, хосатан ҷавонон вобаста мебошад. Имрўз дониши касбӣ ва маърифати динӣ метавонад садди роҳи ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу созмонҳои ифротгароии динӣ гардад.

Ҷавонон бояд ғурури миллӣ ва ҳисси ватандўстӣ дошта бошанд ва онро натанҳо бо шиор, балки бо донишу маърифат ва талошу ҷасорати хеш дар иҷрои корҳои муфиди ҷомеа нишон диҳанд. Шахсият дошта бошанд ва дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша далерӣ намоянд. Забони модарӣ ва забонҳои русиву англисиро дар сатҳи баланд донанд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурўҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи ҷаҳон маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин хоинони ҷинояткор сурат гирифтааст. Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, пайравонаш аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар ва манфиатҳои давлату миллат арзишҳои  ивазнашавандаанд.

Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем. Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан–марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Собирӣ Раҳим Шокир,

муовини раиси Суди ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh