Шуҷоати халқи тоҷик мафтунам кард

Бо Муяссара Қориева суҳбати гарму самимие доштем. Ӯ хеле бо ваҷд дар бораи халқи тоҷик, таърихи куҳанбунёди он, дар бораи ифтихори миллӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ сухан мекард. Аз таърихи бою рангини миллати тоҷик, қаҳрамонию шуҷоати  фарзонафарзандони миллати тоҷик Темурмалику Спитамен, Ҷалолиддини Мангубердӣ қиссаҳо мегуфт. Як нуктаи муаллима маро низ тасхир кард:

-Вақти мутолиаи китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров  чандин маротиба гиристам, қаҳрамонию шуҷоати халқи тоҷдор, миллати куҳанбунёди тоҷик маро ба ваҷд овард. Аз хизмати сангини онҳо, мушкили нигоҳ доштани давлати тоҷикон, ҷонбозиҳои фарзандони қаҳрамони миллат ба риққат омадам. Ифтихор кардам, ки халқи тоҷик чунин мардони майдони қаҳрамонони даврон доранд, ки барои нигоҳ доштани давлати асили тоҷик паси сангару набардҳо буданд ва то лаҳзаҳои вопасини умр шуҷоату матонати худро собит сохтанд. Бале, шукри тоҷик буданамро кардам ва ба алломаи Машриқзамин аҳсант хондам, ки чунин шоҳасарро барои мо насли имрӯз мерос гузоштааст.

Ин суханҳо аз забони омӯзгори собиқадор, иштирокчии озмуни “Тоҷикон-дар оинаи таърих” Муяссар Қориева садо доданд. Ӯ ғолиби озмуни “Тоҷикон дар оинаи таърих” буда, маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Шоёни зикр аст, ки озмун ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор гардид.

Муяссар Қориева мегӯяд, ки озмуни мазкур барои ман  дари дастоварду муваффақиятҳоро боз кард. Муяссар Қориева зодаи Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, пас аз хатми дабистон ба риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуд.

Пас аз хатми ин боргоҳи илму маърифат фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби №54-и Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз кард. Омӯзгори эҷодкору навовар аст, Муяссар. Соли 2015 дар озмуни “Омӯзгори сол” ширкат намуда, сазовори ҷои дуюм гардид. Соли 2022 ду нафар шогирдонаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд. Чор нафар шогирдонаш дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” то сатҳи ҷумҳурӣ баромаданд.

Тӯли 30 сол аст, ки дар ин макони илму маърифат ба булбулакони боғи дониш дарс мегӯяд. Ҳарчанд шогирдонро аз илму дониш дарс медиҳад, вуҷуди онҳоро бо пироҳани шеъру сухан зиннат мебахшад, нисбат ба таърихи халқи худ низ бепарво нест. Аз хурдсолӣ ба таърих ҳусну таваҷҷуҳаш ба омӯзиши фарҳанг хеле зиёд буд. Аммо бо мурури замон ё тавсияи зодмандонаш бошад, равияи суханшиносиро интихоб кард. Ҳамин дилбастагӣ ва меҳру муҳаббати ҷовидонаи ӯ ба таърих буд, ки дар озмун ширкат варзида, дониши худро санҷид. Мегӯяд, ки ман, ки шогирдони худро ба озмунҳои гуногун омода мекардам, тасмим гирифтам, ки дар озмуни “Тоҷикон дар оинаи таърих” ширкат варзида, ҳам дониши худро санҷам ва ҳам барои шогирдонам намуна гардам.

Бале, ӯ 25-26-уми ноябри соли 2023 дар озмуни “Тоҷикон-дар оинаи таърих”, ки дар китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дар номинатсия омӯзгорон ширкат варзида, ҷои дуюмро сазовор ва соҳиби дипломи дараҷаи дуюм ва 35 ҳазор сомонӣ гардид.

Воқеан, Муяссар Қориева дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ширкат намуд. Сарвари давлат дар ин симпозиум баромад карда, зикр карданд, ки Бобоҷон Ғафуров танҳо барои халқи тоҷик, миллати тоҷик заҳмат кашидааст.

Вуҷудашро барои халқаш, барои диёраш бахшидааст. Ҳамзамон  изҳор карданд, ки хостем барои хизматҳои аллома ягон осорхона кушоем, бароямон аён гардид, ӯ ҳатто хона надорад. Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат ҳар яки моро водор сохт, ки боз ҳам сари ин мавзӯъ андеша кунем, ки мардуми тоҷик чунин фардони ватандӯсту миллатпарвар дорад.

Ӯ аз он изҳори шодимонӣ менамояд, ки ғолиби озмуни “Тоҷикон-дар оинаи таърих” гаштааст. Озмун хеле шаффоф суръат гирифта, иштирокчӣ вақти саволу ҷавоб аллакай бо пахши тугмаи монитор ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоб дода, аллакай холҳои худро мефаҳмид ва   1092 саволе, ки дар низомнома  пешниҳод шуда, буд такрор нагардид,-мегӯяд ӯ.

Муяссар изҳори қаноатмандӣ менамояд, ки ҳамаи ғолибони озмун дар номинаи омӯзгорӣ 7 нафар бону буданд.

Ғолибият дар озмуни “Тоҷикон-дар оинаи таърих” як тарафи масъала мегӯяд ӯ, масъалаи дуюм тавонист туфайли ин  озмуни бонуфуз дӯстони  хубу беҳтаринро дар тамоми минтақаҳои кишвар дарёбад, ки   то имрӯз ба онҳо  робитаи дӯстӣ доранд, аз таҷрибаҳои якдигар воқиф мешаванд.

Муяссар Қориева аз он ифтихорманд аст, ки дар кишвар насими сулҳу ваҳдат, ягонагию ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст. Маҳз ҳамин сулҳ мардумро водор месозад, ки ба дунё бо чашмони хирад назар кунанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh