Зуҳуроти номатлубро пешгирӣ мебояд

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳон ба мушкилоти рақами як табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ хатарнок аст, ин терроризим ва экстремизм ба ҳисоб меравад.

Соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ба тасвиб расида буд. Мақсади асосии қонуни мазкур татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ ва бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм мебошад.

Ифротгароӣ ва терроризм дарвоқеъ зуҳуроти нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмулии ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо, бахусус, ҷавонон гардида истодааст.

Терроризм ва экстремизм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумлаи он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд. То ба имрўз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин амалҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омўзиш қарор гирифта истодааст.

Ба андешаи мо, сабаби рух додани баъзе ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Сабаби дигари ба терроризму экстремизм пайваст шудани ҷавонон ин дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба дасти гуруҳҳои «манфиатдор» афтодани онҳо мебошад.

Дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо ва мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуби зараровар бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан, ҷавонон масъулият эҳсос намоянд.

Ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошанд, набояд зудбовар, сода ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шаванд.

Камолиддин Шерматов,

устоди Коллеҷи тиббии

шаҳри Гулистон

Add comment


Security code
Refresh