Тамоюли зиёдшавии ҷинояти коррупсионӣ

Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафар Салимзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти раёсати Агентӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявии раёсат дар давраи ҳисоботӣ 44 тафтишу санҷиши молиявӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатии вилояти Суғд гузаронида шуд.

Дар натиҷа, тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд – 77, Исфара 53, Бобоҷон Ғафуров – 24, Деваштич – 21, Ҷаббор Расулов – 20, Истаравшан – 14, Спитамен – 12, Конибодом – 8, Ашт – 6,   Мастчоҳ – 6, Бӯстон – 6,  Гулистон- 5 ҷинояти коррупсионӣ ошкор  гардид.

- Дар обеъктҳои тафтишгардида ба маблағи 18 миллион сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор гардида, аз он 17 миллиону 104 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст, ки ба 95 фисад наздик аст.

Зимнан, ба буҷети ҷумурӣ 14 миллиону 731 ҳазор сомонӣ ва ба ташкилоту корхонаҳо 2 миллиону 3 ҳазору 891 сомонӣ рост меояд.

Дар натиҷаи баррасии дастурҳои хаттӣ ва пешниҳодҳои ирсолгардида 24 нафар аз вазифа озод карда шуда, нисбат ба 68 нафар ҷазоҳои гуногуни интизомӣ татбиқ гардидааст. Дар пайи ба поён расидани тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ 10,6 миллион сомонӣ зарар ошкор гардид, ки он пурра ё худ 100% барқарор карда шудааст, - гуфт Сафар Салимзода.

Тавре иттилоъ доданд, аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи раёсат дар давраи ҳисоботӣ 258 ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Аз ин миқдор ҷинояти ошкоршуда  103 адади он  ҷинояти вазнин  аст.

Маблағи умумии зарар аз рӯи ҷиноятҳо 11 миллиону 787 ҳазор сомонӣ буда,  аз он 10 миллиону 290  ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст. Аз миқдори умумии зарари ошкоршуда, ки 8 миллиону 969 ҳазор сомониро дар бар мегирад,  ба буҷаи давлат беш аз 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ барақарор шудааст.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh