Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои интенсивии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» боздид намуданд
- Details
- Published on Friday, 06 September 2024 12:19
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои себ ва хучи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкат дар ихтиёри худ 16 гектар боғ ва дигар заминҳои кишоварзӣ дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ имконияти зиёд кардани боғҳои ангур ва хуч мавҷуд аст.
Коргарон дар заминҳои боғҳои интенсивӣ ва бобоӣ ба парвариши дарахтони себ, гелос, чормағз, нок ва хуч машғуланд.
Дар боғҳои ширкат 10 нафар коргар ба таври доимӣ ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил иловатан 30 нафар ба кор ҷалб мешаванд.
Аз ҳосили себу хуч дар корхонаи “Оби Ховалинг” афшура низ тайёр карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо вазъи боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои васеъ кардани майдони боғҳои интенсивӣ, бо ин роҳ афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли мева ва таъмини бозорҳои дохилӣ ва рушди содироти маҳсулот дастуру ҳидоятҳо доданд.