Муборизаи беамон мебояд
- Details
- Published on Thursday, 28 November 2024 10:14
Терроризм ва экстремизм дар ҳақиқат имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Зеро мо шоҳиди он ҳастем, ки пайваста дар ин ё он гӯшаи олам ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шуда, бо оқибатҳои нороҳаткунанда суботу оромӣ ва низоми давлатдориро вайрон менамояд.
Воқеан, ягон давлати ҷаҳон аз рух додани ҳодисаҳои террористӣ имрӯз худро дар канор ҳис намекунад. Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбат ба ин гуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад. Ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар гузорад.
Чунин вазъият ҷомеаи ботамаддуни оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд. Вагарна ин зуҳуроти номатлубро решакан намудан номумкин ва дар ин ҷода ба ҳадаф расидан душвор аст. Яъне имрӯз мубориза зидди ифротгароӣ ва терроризм ба муборизаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.
Сокинони минтақа дар зери ҳимояи давлату Ҳукумат худро эмин аз ҳар гуна ҳодисаҳои террористӣ, ҳаракатҳои ифротгароӣ, нооромию нобасомониҳо, бетартибиҳо, куштор ва дуздию ғоратгарӣ мебинанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз субъектони пешбари муборизабаранда бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мебошад ва фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», фармонҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас дорад.
Мусаллам аст, ки амалҳои террористӣ пеш аз ҳама ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор месозад. Амалҳои террористии дар ин ё он гӯшаи олам содиршуда ҳушдорамон медиҳад, ки нисбат ба ин тамоюл бетараф набошем, ба душманони миллат, фурӯхташудагон ба ғояҳои ифротгароӣ муқовимат намоем, то ин ки давлатамон осоишта ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.
Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа чораҳо андешида истодаанд. Ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои бо мушкилии зиёд бадастомадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандўстро тарбия намоем.
Завқиддин Бобокалонзода,
судяи Суди ноҳияи Ашт