Хатари амалҳои ифротгароӣ
- Details
- Published on Thursday, 05 December 2024 07:49
Имрӯз падидаҳои номатлуби хатарзо беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Дар асоси маълумоти коршиносон дар ҷаҳон беш аз 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад.
Барои мубориза бурдан бар зидди терроризм бо ҷалби мутахассисони диншинос, ҷомешиносони варзида, ҳуқуқшиносону олимони соҳавӣ ва кормандони телевизиону радио байни аҳолӣ корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ бурдан лозим аст.
Барои маҳрум сохтани террористон аз ҳадафҳои нопокашон, зарур аст, ки мақсади ниҳоии террористонро ошкор сохт. Зеро, онҳо бо дин анқариб ягон умумият надоранд.
Ғайр аз ин, барои сафед кардани терроризм ва дигар зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа ҳеҷ гоҳ динро пеш гузоштан лозим нест. Барои он, ки ягон аз динҳои анъанавии олам зўровариро талқин намесозад.
Афзудани таҳдиди терроризми миллӣ, табдил ёфтани он ба мушкилоти азим ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки роҳҳои муборизаи самаранок бар зидди террор, терроризм ва эктремизми динӣ ҷустуҷў карда шавад.
Даҳсолаҳои охир як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бар зидди терроризм ва пешгирии он таҳия ва қабул шудаанд.
Дар ҳалли ин мушкилоти азиму бисёрҷанба бояд сиёсатмадорону сотсиологҳо ва равоншиносону олимони соҳаи гуманитарию ҷомеашиносӣ тадбирҳои ҳамаҷонибаро роҳандозӣ намоянд.
Боҳирҷон РАҶАБОВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров