Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Зафаробод

29 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо роҳбарону фаъолони ноҳия ва кишоварзон машварати корӣ анҷом дод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғоз аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ба хусус пахтакорӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, тухмиҳои хушсифат, таъмини шаффофият ҳангоми пешниҳоди рақамҳои оморӣ ва ҷоннок намудани фаъолият ёдовар шуд.

Зимни таҳлили нишондиҳандаҳо гуфта шуд, ки дар ноҳияи Зафаробод захираву имкониятҳо барои рушди пахтакорӣ мавҷуд буда, бояд дар ин самт корҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шаванд. Дар робита ба ин ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, идораи замин, мақомоти омор дар ноҳия, раёсати кишоварзӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Муқим Муродзода дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2025-ро муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки сокинони зафарманди ноҳия дурнамои киштро таъмин ва бо рӯёнидани ҳосили фаровон дар рушди соҳа саҳм мегузоранд.

Ба таъкиди Раиси вилояти Суғд масъалаи беҳтар намудани фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳия зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дошта, бо харидорӣ ва насби насосҳои обкаш, таъмиру тозакунии каналҳо ва дигар иншооти обрасон таъминоти оби полезӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Дар баробари таҳлилу баррасии нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, таваҷҷуҳи масъулину фаъолон ба бунёди кӯдакистонҳо, мактабҳои наву замонавӣ, корхонаҳои коркарди пахта, рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан ҷалб карда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар замони имрӯз масъалаи тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, омӯзонидаи касбу ҳунар ва ҳамқадами замон будан муҳимияти бештар пайдо намудааст. Зарур шуморида шуд, ки барои омӯзиш ва татбиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh