РИСОЛАТИ МО - ХИЗМАТИ СОДИҚОНА БА МАРДУМ
- Details
- Published on Friday, 07 February 2025 09:56
Санаи 5-уми феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ сурат гирифт. Дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ширкат доштанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бобати ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2024-ум ҳисобот дод. Сипас, бо рӯзноманигорон суолу ҷавоб сурат гирифт.
Зимни суханронӣ Раиси вилоят зикр кард, ки сокинони шарафманди вилояти Суғди бостон бо меҳнати фидокоронаву садоқатмандона соли 2024-умро ҷамъбаст намуданд. Баҳри иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар ин давра мақсади асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон нигаронида шуда, аксари нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ мусбат гардиданд. Корхонаҳои саноатии вилоят якҷоя бо соҳибкорон ба маблағи 30358,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Алҳол дар ҳудуди вилоят 1229 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки 258 намуди маҳсулот истеҳсол менамояд. Соли гузашта кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа ҷидду ҷаҳд намуда, дар ин самт ба маблағи 22,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карданд, ки афзоиш 113 фоизро ташкил дод. Масоҳати кишти аксари зироатҳо, аз ҷумла шолӣ, картошка, гандум, пиёз афзун карда шуда, бештар аз 2600 гектар заминҳои кишти ин зироатҳо зиёд шуд. Кишти такрории зироатҳо дар 25 ҳазор гектар ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа истеҳсоли бисёр намуди зироатҳо аз нақша бештар таъмин гардид. Ҳолати мелиоративии бештар аз 5068 гектар замин беҳтар карда шуд. Вазъи обёрии заминҳо дар шаҳру навоҳии Конибодом, Ашт ба маблағи 13 миллион сомонӣ беҳтар карда шуд. Дар маҷмуъ дар шаҳру навоҳии вилоят давоми соли гузашта бештар аз 50 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд, ки бо ин сатҳи таълиму тарбия ва фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо беҳтар гардид, - гуфт Раиси вилоят.
Баҳри истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар вилояти Суғд бунёд ва азнавсозии беш аз 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда бошад, то имрӯз зиёда аз 8755 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардидааст, ки ин 73 фоизи нақшаи умумӣ то ҷашни истиқлолият ва 163 фоизи нақшаро барои соли 2024 ташкил медиҳад. Яъне давоми соли рафта даҳҳо иншооти соҳаи маориф, нигаҳдории тандурустӣ, саноат, роҳ, кишоварзӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ дода шуданд.
Мардуми шарафманди вилояти овозадори Суғд бо иқдомҳои ватандӯстонаи хеш ният доранд, ба ифтихори ҷашни бузурги миллат бунёди иншоотро ба 14 ҳазор адад мерасонанд, ки ин, албатта, пеш аз ҳама, таъсисёбии ҷойҳои корӣ мебошад. Хурсандибахш аст, ки соҳибкорони ватандӯсти вилоят, шаҳрвандони алоҳида аз суханронии Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ бо ходимони дин, намояндагони фаъолони ҷомеа рӯҳбаланд гардида, бо иқдоми неки худ роҳҳоро ободу мумфарш месозанд, кӯпрук бунёд мекунанд, таълимгоҳ, беморхона бунёд менамоянд. Ҳамин тавр, давоми соли гузашта 610 километр роҳ аз ҳисоби соҳибкорон дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Бобоҷон Fафуров, Спитамен мумфарш карда шуд.
Давоми соли гузашта ба маблағи бештар аз 278,2 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот аз ҳудуди вилоят содирот гардид, ки аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Британияи Кабир, ИМА. Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулот бароварда шуд. Ба маблағи 57 миллион доллар нахи пахта, 12,5 миллион доллар шарбати мева ба мамолики дуру наздик содирот гардидааст. Як худи хушкмеваи болаззати вилоят 80 фоизи маҳсулоти содиротиро ташкил дод. Соли гузашта ба буҷет 5 миллиард сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки аз нақша зиёд аст.
Дар маҷмуъ, бо дастгирии Пешвои миллат давоми соли гузашта раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ густариши тоза пайдо кард, -иброз намуд Раиси вилоят.
Ҷовиди Аштӣ. Рӯзномаи «Ҷумҳурият»: 1. Мусаллам аст, кишваре торафт ободтар мешавад, ки бисёртар содирот кунад. Баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар вилоят чӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд? 2.Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат вобаста ба истифодаи нерӯи офтоб гуфта шуд. Дар вилоят амалигардонии он чи гуна аст?
Раҷаббой Аҳмадзода: Мақсади мо дар оянда низ дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ аст. Аз ҷумла алҳол ду корхонаи азими истеҳсолкунандаи равған дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров фаъолият дорад, ки бо баланд гардидани нишондиҳандаи истеҳсолоти ин коргоҳҳо сатҳи воридот паст шуда истодааст. Ҳамин тавр таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли макарон имконият ба миён оварда истодааст, ки арзиши ин маҳсулот хеле паст гардад. Ҳоло аз кишварҳои Туркия ва Чин таҷҳизот ворид карда истодаем, ки онҳо ба коркарди нахи пахта, истеҳсоли матоъ нигаронида шудаанд. Мана, бо ба кор даромадани собиқ фабрикаи дӯзандагии ба номи Н.Крупская, алҳол коргоҳи «Зиннат» истеҳсоли маҳсулоти тайёр афзоиш ёфт. Таъсиси чунин коргоҳҳоро бо баназаргирии имкониятҳои мавҷуда дар шаҳру навоҳии Конибодом, Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ низ ба нақша гирифтаем. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис ба фаъолият шуруъ кардааст. Дар шаҳри Истиқлол, дар кони Шоқадамбулоқ ба наздикӣ корхонаи металлургӣ ба истифода дода мешавад, ки бо ба фаъолият шуруъ кардани он беш аз якуним ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд. Ин коргоҳ дар ду марҳила, то соли 2029-ум ба кор андохта хоҳад шуд.
Оид ба масъалаи барқи офтобӣ мутахассисон чанд муддат инҷониб кор карда истодаанд. Дар ин самт дар ноҳияи Деваштич замин ҷудо карда шудааст. Бунёди он ба наздикӣ оғоз мегардад. Мо имконият дорем, дар ноҳияи Ашт низ нерӯгоҳи офтобӣ бунёд намоем.
Фарзона Муродӣ, нашрияи «Азия плюс»: 1. Имсол деҳқонони пахтакори вилоят аз кишти пахта бо сабаби иҷро нашудани нақша зарар диданд. Сабабҳояш чист. 2. Дар соли 2024-ум чанд нафар шаҳрвандони гумроҳшудаву ба кишварҳои ҷангзада рафта ба Ватан бозгардонида шуданд?
Раҷаббой Аҳмадзода: Ҳадафи асосии мо дар ҳар бобат, аз ҷумла кишти зироатҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст. Соли гузашта дар вилоят дар 282 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шуд. Истеҳсоли картошка, пиёз, шолӣ ва дигар зироатҳо зиёд гардида, арзиши ин маҳсулот дар бозор хеле паст рафт. Аммо бо сабаби боришоти пай дар пай ва моҳи апрел, вақти кишти пунбадона хунук шудани ҳаво боис гардид, ки як қисм пахта дерӣ шуд. Ин, албатта, ба ҳосил таъсир расонд. Ин масъала дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо дастуру супориши Пешвои миллат мо нақша дорем, кишти тухмии баландсифатро ба роҳ монда, ба гирифтани ҳосили 30-40 сентнерии пахта аз ҳар гектар ноил гардем. Дар ин самт бо вилоятҳои Фарғона, Намангон, Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкорӣ карда истодаем.
Албатта, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони вилоят, бахусус ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи мо аст. Вале таассуфовар он аст, ки бархе ҷавонони ноогоҳ ба доми ифротиён гирифтор мешаванд. Бо ғамхориву дастгирии бевоситаи Пешвои миллат аз кишварҳои ҷангзада чанд маротиба шаҳрвандон ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла Қонуни авф нисбати он шаҳрвандон ба тасвиб расидааст. Моҳияти он қонун ҳамин аст, ки шаҳрвандони аз кардаи худ пушаймон гашта, ба назди волидони худ баргарданд, авф карда мешаванд. Онҳое, ки гумроҳ шуда, ба дигар кишварҳо рафтаанд, ба рӯихат гирифта шудаанд ва ҳоло баҳри баргардонидани онҳо корбарӣ карда шуда истодааст.
Абдуваҳҳоб Бобозода, ТВ «Тоҷикистон»: Дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ки дар ҳар маҳалле, ки сад оила истиқомат доранд, кӯдакистон бунёд карда шавад. Фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо, бахусус дар деҳот ба панҷоҳ фоиз ва аз ин зиёд расонида шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода: Албатта, ин масъала дар мадди аввали назари мо қарор дорад. Зеро тафаккури кӯдаки дар оила тарбиягирифта дигар асту дар кӯдакистон таълиму тарбия гирифта дигар. Дар кӯдакистон ба тифлон меҳнатдӯстӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, ба волидон омӯзонида мешавад. Ҳоло вазъи фарогирии кӯдакон 29,4 фоиз аст. Дар ҳудуди вилоят 115 Ҷамоат ҳаст. Дар нақша дорем, ки давоми ду сол 120 муассисаи томактабӣ ҳар кадоме бо фарогирии то 300 нафар кӯдак бунёд намоем.То соли 2030-юм бошад, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар вилоят ба 60-70 фисад хоҳад расид.
Мафтуна Шукурова. Симои мустақили 1: 1. Сабабҳои қатъ шудани фаъолияти корхонаҳо. 2. Дар бобати ҳифзи муҳити зист. Вазъи дарахтони кӯҳансоли маркази вилоят. Оё дар нақша ҳаст, ки ба ҷои дарахтони солхӯрда ниҳолони нав шинонда мешавад?
Раҷаббой Аҳмадзода: Алҳол дар ҳудуди вилоят 118 адад коргоҳ аз фаъолият бозмондаанд. Яъне маҳсулоти онҳо дар бозор ба рақобат тоб наовард. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар нақша аст, ки беш аз 280 корхонаи нави саноатӣ ба кор андохта шавад.
Мувофиқи нақша имсол дар қаламрави вилоят 1 миллиону 800 ҳазор бех дарахт шинонида мешавад. Дарахтони кӯҳансол дар асоси пешниҳоди мақомоти маҳаллӣ марҳала ба марҳала решакан ва ба ҷои онҳо ниҳолони нав шинонида мешаванд.
Фирӯза Мирҷумъаева: Дар вилояти Суғд чанд оила ба муҳоҷирати экологӣ эҳтиёҷманданд?
Раҷаббой Аҳмадзода: Алҳол дар ноҳияи Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ чандин оилаҳо ба муҳоҷирати экологӣ ниёзманданд. Худатон огоҳ ҳастед, ки дар деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ бар асари офати табиӣ 20 хонавода бесарпаноҳ монданд. Ба онҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин манзилҳои нав бунёд кардем. Алҳол дар ноҳияи Зафаробод 415 гектар замин бо ин мақсад ҷудо карда шудааст. Ба ин ҷо эҳтиёҷмандон аз навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ кӯчонида мешаванд. Ин кор байни 1-2 сол анҷом дода хоҳад шуд.
Қамари Аҳрор: Вобаста ба корхонаи Нуртекси шаҳри Хуҷанд. Соҳибкор оид ба таъсиси коргоҳи ҷуроббарорӣ чӣ нақша доранд?
Раҷаббой Аҳмадзода: Бо дастури ман муассис ӯҳдадории гирифтаашро бояд иҷро намояд. Алҳол соҳибкор аз ноҳияи Айнӣ барои ифтитоҳи коргоҳи ҷуроббарорӣ маблағгузорӣ карда истодааст. Муассис фаъолияти хатти истеҳсолиро ба роҳ мемонад. Ҳамчунин парки технологӣ дар назди ин коргоҳ таъсис дода мешавад. Дар оянда дар ин коргоҳ то ду ҳазор нафар бо ҷойи корӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
Афзал Босолиев – Телевизиони «Азия»: - Давоми соли 2024 - ум аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чанд муроҷиат оид ба коркарди партов қабул шуд ва натиҷаи он? Оё корхонаи партов бунёд мегардад?
Раҷаббой Аҳмадзода: - Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилоят, махсусан дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди партов вуҷуд дорад, ки ҳамарўза фаъолият дорад. Дар корхона партовҳои гуногун аз қабили коғаз, зарфҳои пластикӣ, оҳану алюминий ва дигар намуди партовҳо ба намудҳо ҷудо карда шуда, банду баст мешаванд ва барои коркард равона мегардад. Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд низ бо ҳамкории ширкати ҷопонӣ гуфтушунид доштем, ҳуҷҷатҳоро омада диданд, ташхис гузаронданд, масоҳати заминро аз назар гузарониданд ва гуфтанд, ки масоҳати замини ҷудошуда барои амалӣ шудани лоиҳа хурд аст.
Пешниҳод шуд, ки ин лоиҳа шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бўстон, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ низ ба лоиҳа ворид гардида, дар ҳолати омўзиш қарор дорад. Баробари амалӣ гаштани ин лоиҳа ҳам вазъи экологӣ дар вилоят беҳтар гашта, ҳам ҷойи нави корӣ пайдо мешуд. Зиёда аз ин соҳибкорони вилоят коргоҳҳои хурди партовтозакуниро таъсис дода, бо коркарди зарфҳои пластикӣ, оҳан ва коғаз машғуланд.
- Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» ҳолати хеле ногувор дорад? Оё ҷиҳати таъмири он ягон чораандешӣ мешавад?
Раҷаббой Аҳмадзода: - Ин масъала зери назорати Идораи сохтмони асосии вилоят қарор дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят комиссияи босалоҳият таъсис дода, дар мувофиқа бо вазорати молия баъди азназаргузаронӣ мавриди амал қарор хоҳад дод.
Муҳайё Қаюмова – рўзномаи «Баҳори аҷам»: - Оё метавон биноҳои баландошёнаи ҳудуди шаҳрҳои Хуҷанду Бўстонро ба шабакаи гармидиҳии ягона пайваст?
Раҷаббой Аҳмадзода: Албатта, дар ояндаи наздик Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии вилоят нақша дорад, ки бо ҳамроҳии соҳибкорон лоиҳаҳои навро ҷиҳати таъмин намудани биноҳои баландошёна бо шабакаҳои гармидиҳӣ амалӣ намояд. Айни ҳол нақша дорем, ки тавассути насби панелҳои офтобӣ шаҳрвандонро бо барқи доимӣ таъмин намоем.
- Суоли дигар дар мавриди сохтмони бинои баландошёнае, ки аз ҷониби ширкати “Тоҷсохтмон” дар шафати ДДҲБСТ сохта шуда истодааст?
Раҷаббой Аҳмадзода: Ин масъала зери назорати кумитаи замини вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуротураи вилоят ва дигар сохторҳо қарор дошта, дар ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо шудани замин аз ҷониби кумитаи замин ва ё хулосаи сармеъмор он бекор карда хоҳад шуд. Ин масъала албатта зери назорат гирифта шуда, корбарӣ мегардад.
Озод Ҳошимзода: Мо, рўзноманигорон кадом маҳсулоти ватании истеҳсолшавандаро метавонем ба ҷаҳониён тарғиб намоем?
Раҷаббой Аҳмадзода: - Имрўз хушкмеваи Тоҷикистон, бахусус зардолуи Ашту Исфара, кишмиши Истаравшан, нахи пахтае, ки дар Конибодому Ҷаббор Расулов коркард мешавад, тамоми ҷаҳониён мешиносанд. Алҳол тамоми анборҳои вилоят аз афшураву хушкмеваҳо пур буда, шуҳрати баргитоки тоҷикон то Амрико расидааст. Ҳамчунин содироти 70 фисади маҳсулоти корхонаи Афранг - пластик, либоси варзишии «Кимано», маҳсулоти кулолгарӣ, тиллову нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок метавонанд бренди ҷаҳониро соҳиб шаванд. Маҳсулоти ҳунармандии шаҳри Истаравшан, ки литсензияи шаҳри ҳунармандонро ба даст овард, иқтидори содиротии то 30 фоиз зиёдшавиро соҳиб шуд.
Раънои Муҳаммад. Маҷаллаи «Кайҳон»: - Соли 2024 барои маорифчиён соли муваффақияту барор буд. Дар баробари шогирдон омўзгорон низ заҳмати зиёд кашиданд. Баҳри тақдиронидани онҳо чӣ тадбирҳо амалӣ мешавад?
Раҷаббой Аҳмадзода: - Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии вилоят сохтмони бинои баландошёнаеро ба нақша гирифтааст, ки ба омўзгорону табибон тақдим хоҳад шуд.
Ҳамчунин ҳамасола омўзгорон барои беҳтар кардани вазъи саломатии хеш ба истироҳатгоҳҳои «Зумрад», «Шифо» ва «Баҳористон» роҳхат мегиранд. Таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз дар он аст, ки соли гузашта музди маоши маорифчиён дар баробари дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ ба андозаи 40 фоиз ва дар Паёми имсола ин шумора ба 30 фоиз зиёд шуд, ки аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат дарак медиҳад. Зиёда аз ин, омўзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолибият ба даст меоранд, аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ ва ба омўзгороне, ки шогирдонашон дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» савовори шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ба андозаи 20 ҳазор сомонӣ тақдиронида мешаванд.
Фарзон Муҳаммадӣ. Радиои «Озодӣ»: - Мушкилоти норасоии кадриро дар ҷамоатҳои деҳот чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Раҷаббой Аҳмадзода: Бояд гуфт, нафаре, ки соҳиби дониши мукаммал асту маҳорати роҳбариву корбариро дорост, ҳама вақт бо ҷойи кор таъмин хоҳад буд. Эълони ҷойи холии корӣ, ки аз ҷониби мақомотҳои маҳаллӣ дода мешавад, имкони муносибест барои таъмин шудан бо ҷойи кори доимӣ. Алҳол дар ҳудуди вилоят аз 2387 воҳиди корӣ 563 ҷойи холии корӣ мавҷуд аст.
Обидҷон Каримов. Телевизиони «Синамо» - Дар шаҳраки навбунёди «Баҳористон» ва «Сайҳун» инфрасохтор вуҷуд надорад. Ин масъаларо чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?
Раҷаббой Аҳмадзода: - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрўз бо ду ширкати мардумии Чин ҳамкорӣ дошта, инфрасохтори ин шаҳракҳоро аз назар мегузаронад. Ҷиҳати ин масъала корбарӣ рафта истодааст. Зиёда аз ин дар ин мавзеъ сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ, аз қабили муассисаи таълимию кўдакистон ба нақша гирифта шудааст, ки фаъолияти гармиву равшаниро тавассути неругоҳи барқии офтобӣ ба роҳ хоҳанд монд.
Дар нишаст ҳамчунин саволу ҷавоб ҷиҳати вазъи обу ташноб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таъмири бинои Кохи матбуот то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси рўзнома оид ба фаъолияти ҷавонон, ҳамкориҳо дар самти маҳсулотҳои истеҳсолии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон, сатҳу сифати сохтмони биноҳои баландошёна, фаъолият ва истифодабарии дорувориҳо сурат гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода нишасти матбуотии Раиси вилоятро бо намояндагони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ ҷамъбаст намуда, зикр кард, рисолати ҳар яки мо хизмати содиқонаву сидқидилона намудан ба халқи азиз буда, кӯшиш ба харҷ диҳем, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро софдилона иҷро намоем ва соли 2025-ро ба соли файзу баракат, рушду пешравӣ дар ҳама соҳаҳо табдил диҳем.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»