Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор гардид
- Details
- Published on Thursday, 13 March 2025 17:59
Аз 10 то 13 марти соли 2025 бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 100 варзишгар аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Ин мусобиқа дар асоси нақшаи чорабиниҳои Федератсияи камонварии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ” доир шуд.
Варзишгарон маҳорати баланд ва омодагии ҷиддии худро ба намоиш гузошта, барои пирӯзӣ сабқат намуданд.
Дар натиҷа беҳтарин камонварон муайян шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҷоиза ва туҳфаҳоро ба варзишгарон Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода супорида, фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро табрик намуд.
Таъкид гардид, ки чунин мусобиқа на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишгарон, балки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои варзишӣ байни кишварҳои ҳамсоя саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд