Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони мақомоти прокуратура бо иди касбиашон табрик намуд

14 март ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура дар Прокуратураи вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 

Дар ин чорабинӣ, ки бо ҳадафи қадрдонии заҳмати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ доир шуд, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, тамоми кормандони Прокуратураи вилояти Суғд, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд ва Прокуратураи нақлиётро самимона табрик гуфт.

Зимни суханронии худ Раиси вилоят нақши прокуратураро дар таҳкими қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ таъкид намуда, ба кормандони ин ниҳод ва собиқадорони соҳа саломатӣ, рӯзгори обод ва муваффақиятҳо таманно кард.

Зикр гардид, ки мақомоти прокуратура ҳамчун як сутуни муҳими давлатдорӣ дар ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа ва пешгирии ҷиноятҳо саҳми назаррас дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои заруриро ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддиву техникӣ ва такмили кадрӣ амалӣ менамояд.

Бо дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои кормандони мақомоти прокуратура шароити зарурии корӣ фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ҳама душвориҳо, аз ҷумла шароити вазнини сиёсӣ ва иқтисодии солҳои аввали истиқлолият, кормандони ин ниҳод бо масъулият, садоқат ва кордонӣ вазифаҳои хидматии худро иҷро мекарданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад, як қатор кормандони мақомот бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин нишонаи эҳтиром ва қадрдонии заҳмати онҳо дар таъмини волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими суботу оромии ҷомеа мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh