Ваҳдат-омили пешрафти ҷомеа

Таърих исбот намудааст, ки Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои пешравии ҷомеа ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Мавзўи ваҳдати ҷомеа ҳамчун мавзўи сиёсӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ мавриди чашмандозии шоирони бузурги гузашта қарор мегирифтанд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мунофиқӣ, дурўягии мавқеи ҷамъиятии одамонро ба ваҳдат номуносиб мешуморад.

Мирзо Абдулқодири Бедил дар замони худ мушоҳида мекард, ки дар Ҳиндустон уламои мутаассиб дар байни мусулмонон ва ҳиндуҳо оташи кинаву адоват, низою нифоқ, ҷангу бедодиро меафрўхтанд.

Бедил дар асарҳои худ ғояи «сулҳи кулл»-ро ҷонибдорӣ ва ташвиқ мекард. Ҳофизи Шерозӣ дўстиро шарти асосии хушбахтии аҳли ҷомеа меҳисобад. Камоли Хуҷандӣ дўстро қувваи бузург мешуморад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таърих ва арзишҳои маънавии халқи худ огоҳ аст, аз рўзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш дўстию рафоқат ва Ваҳдатро асоси оромию осоиштагии ҷомеа меҳисобад.

Президенти кишвар ба вуҷуд овардани фазои нави сиёсӣ, маънавию ахлоқиро дар ҷомеа пешниҳод намуд, ки он омили муҳимтарини тавлиди мафкураи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Набояд фаромўш кард, ки дар Тоҷикистон барои ташаккули ваҳдати устувори миллӣ монеаҳои зиёде дар гузашта ҷой доштанд, ки он миллатро дар охир ба ҷанги бародаркуш оварда расонид.

Бояд тазаккур дод, ки барои тақвият ёфтани Ваҳдати миллӣ эҳсосоти худшиносии миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳар фард бояд худро бишносад. Агар шахс худро нашиносад, аслу насаб ва таърихи халқу Ватани хешро надонад, вай моҳияту зарурияти Ваҳдати миллиро фаҳмида наметавонад.

Худшиносии ҳар як фарди ҷомеа дар маҷмўъ ифтихори миллии ўро ташкил медиҳад, эҳсосоти ватандўстию миллатпарастии шахсро баланд мебардорад ва пурқувват менамояд.

Талошу набардҳои мардонаи гузаштагони халқамон Спитамен, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон баҳри ҳифзи Ватани азиз, баҳри хештаншиносӣ, дифоъ аз қадру эътибори халқи худ буд.

Талошу набардҳои Садриддин Айнӣ, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо сиёсатмадорону зиёиёни тоҷик маҳз барои ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистони азиз нигаронида шуда буданд.

Дар давраи сиҳибистиқлолии ҷумҳурӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон то имрўз ҷонбозиҳои қаҳрамонона карда истодааст.

Баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар ҷумҳурӣ дар ҷодаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дигаргуниҳои бузургу назаррас ба амал омаданд. Чунончӣ, хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2013 ба 12,2 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум беш аз 7 баробар зиёд мебошад.

Аз ҷумла маблағгузории соҳаи маориф 6,7 баробар, тандурустӣ 8,6, ҳифзи иҷтимоӣ 6,8 баробар афзоиш ёфтааст. Дар натиҷаи сиёсати мақсадноки Ҳукумати ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид.

Яке аз рисолати назарраси ваҳдату худшиносии миллӣ оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ дар кори рушди соҳаи энергетика ба шумор меравад. Солҳои охир нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2» бо ширкати давлатҳои Русия ва Эрон сохта ба истифода дода шуд.

Бечунучаро аз худ намудани захираҳои энергетикии мамлакат имкон медиҳад, ки истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ таъмин карда шавад. Дар баробари таҳким бахшидани соҳаи иқтисодиёт ва энергетика дар ҷумҳурӣ соҳаи маориф низ рушд ёфт. Маблағгузории соҳаи маориф дар натиҷаи ғамхории пайвастаи ҳукумат сол аз сол афзоиш ёфта, дар соли 2014 вай 2 миллиарду 131 миллион сомониро ташкил дод, ки ин рақам назар ба соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад.

Қайд кардан лозим аст, ки чунин пешравиҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоиёт, фарҳанг низ ба амал омаданд, ки онҳо самараи файзбори фароҳам омадани сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки ваҳдат боиси боз ҳам тақвият ёфтани сиёсати байналхалқии ҷумҳурӣ ва устувор гардидани мавқеи кишварамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида истодааст.

Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ бо шарикони санҷида Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Иқтисодии Авроосиё муносибати дуҷониба ва бисёрҷониба барқарор карда, бо Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда истодааст.

Ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ – терроризм, экстремизм, қоҷоқи маводи мухаддир ва дигарҳо фаъолона ҳамкорӣ дорад.

Оре, ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ дар кори бунёди ҷомеаи демократӣ корҳои назаррас амалӣ гардонида шуданд. Ин бори дигар гувоҳи он аст, ки ғояи ваҳдату дўстӣ барои халқи тоҷик дар кори бунёди ҷомеаи демократӣ ва баҳри расидан ба комёбиҳои нави хурсандибахш нерўи тавонои пешбаранда гардидааст.

Алиҷон ОДИНАЕВ,
номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh