Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист...

Бо иқдоми Созмони Милали Муттаҳид санаи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи давлати Мексика ҳамоиши баландпояи сиёсӣ бо ширкати намояндаи зиёда аз сад давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар конгресс Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия таҳия гардид, ки кулли намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ҷиҳати тарафдорӣ ба Конвенсия имзои худро гузоштанд.

 Аз он рўз инҷониб, 9 декабр чун Рўзи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия дар ақсои олам эълон гардида, он ҳамасола бо шукўҳ ҷашн гирифта мешавад.

Зарурати эълом доштани паймони мазкур дар сатҳи байналмилалӣ далели он буд, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон амалҳои коррупсионӣ ба авҷи аълояш расида, ҳолати ташвишовар ва нигаронкунанда дошт. Ин доғи рўз торафт дар тамоми давлатҳои ҷаҳони муосир вусъат ёфта, барои амният ва суботи ҷомеаи мутамаддин таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд оварда, ба раванди ниҳодҳои де- мократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолати иҷтимоӣ монеаи бузургеро пеш оварда буд. Дар як вақт ҳамқадами пешрафти ҷомеа амалҳои коррупсионӣ аз масъалаи минтақавӣ берун баромада, ба ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз қабили ҷиноятҳои терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баробар гашта, хатари ҷиддии умумиҷаҳониро дар пай дошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонопазири СММ моҳи сентябри соли 2006 ба санади мазкур имзои худро гузошт ва моҳи январи соли 2008 Парлумони кишвар паймони байналмилалиро тасдиқ намуд. Ҷиҳати вусъат бахшидан баҳри мубориза бар зидди коррупсия ва дастгирии ҳамаҷонибаи Конвенсияи СММ аз моҳи январи соли 2007 мақоми махсус гардондашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил карда шуда, он фаъолияти пурсамари худро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда истодааст.

Ташкил ёфтани ин мақомот гардиши куллӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсияро ба миён оварда, то инҷониб якчанд санади меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба талаботи Конвенсияи байналмилалиро қабул ва дар амал татбиқ намуд. Илова бар ин, 26 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул намуда, иҷроиши талаботи Стратегияи мазкурро сарбаландона ба анҷом расонид.

Ҳамчунин, дар соли 2013 боз як санади дигари хеле зарурӣ ва саривақтӣ, яъне «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид, ки мақсаду мароми он коҳиш додани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳо ба рушди иқтисодиёт ва демократия мебошад.

Ногуфта намонад, ки дар Стратегияи мазкур ба таври мушаххас ва мукаммал тамоми ҷабҳаҳои мубориза бо коррупсия ва шеваҳои навини пешгирии амалҳои коррупсионӣ дарҷ гардидааст.

Решаҳои коррупсия дар таърихи инсоният

Агар баъд аз сохтори ҷамоати ибтидоӣ ба сохти давлатдориву давлатсозӣ назар кунем, пас аз таҳқиқ ба хулосае мерасем, ки ришва як амали нави номатлуби ҷамъият набуда, решаҳои таърихӣ доштааст. Пораву тамаъҷўӣ ва фасодкорӣ ҳанўз баробари ташаккулёбии давлатҳои аввалини таърихӣ зуҳур карда, бештар дар бобати харидани мақомоти судӣ, соҳиб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва пайдо кардани баъзе муносибатҳои дўстона бо арбобони давлатӣ дар таърихнигориҳо ба чашм мерасанд.

Дар таъриху таърихнигорӣ истилоҳи коррупсия дар кам ҷой ба чашм расад ҳам, аммо ишораҳои бештар ҳанўз дар ҳазораи сеюми пеш аз милод дар Чини қадим, Ҳиндустон, Мисри қадим дар рўи гилтахтаҳо ва сангҳо навишта шуда будааст.

Истилоҳи коррупсия дар аввалин адабиёти ҳуқуқӣ ва динии Юнони қадим, Мисри қадим, Ҳинд ва Чини қадим ва дигар тамаддунҳои қадимтарини дунё ба чашм мерасад. Масалан, дар китоби «Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар» омадааст:

«Агар хоҳӣ, ки ба тамоми халқ сухани ту коргар бошад, кўшиш намо, ки аз мансабдорони империя ягон зарраи даромад дарёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кўтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад».

Аз ин насиҳати Геракл ба писараш бармеояд, ки дарёфти ҳадяву ришва аз ҷониби давлатдорон дар Юнони қадим ҳам ба назар мерасидааст. Аксари соҳибназарон бар онанд, ки маҳз аз байн рафтани давлатдории Юнони қадим агар аз як сў ҷангҳои бемаъниву кишваркушоиҳои бисёр бошад, аз сўи дигар дар дохили ҳукуматдорӣ пояҳои он аз сабаби ришвахориву тамаъҷўйӣ хароб гашта, ба парокандагӣ ва аз байн рафтани императории Юнони қадим оварда расонидааст.

Дар давраи замони ҳахоманишинҳо, ки салтанаташ то Камбуҷа доман густурда буд, як қозӣ бар ивази пул ҳукми ноодилона содир намуд. Сипас, бо фармони Шоҳ Дориюш пўсти он қозиро канда, ба курсии кориаш рўйпўш карданд.

Шоҳ Дориюш ба писари он қозӣ дас-тур дод, ки ба ҷои падараш қозӣ шавад ва ба курсии рўйпўши пўсти падараш биншинад ва доимо ба хотир дошта бошад, ки ҳар нафари ришвахорро оқибати кор чунин аст.

Дар давлатдории дунявӣ аввалин санад ё худ қонуни махсусе, ки дар таърихномаҳо ба назар мерасад, ин қонун «Дар бораи шаробхорӣ ва манфиатҷуйиву тамаъкорӣ» аст ва он дар асри ХIII қабул шудааст. Дар аҳди Ивани III агар ба ҷиноятҳои доду гирифти ришва ҳукмҳои сахти адои ҷазо дар маҳбасхонаҳо пешбинӣ шуда бошад, дар аҳди набераи ў, ки бо тахаллуси Иван Грозний маъруф аст, барои ришвахорон ҳукми қатлро татбиқ мекард.

Ислом коррупсияро маҳкум менамояд

Дар рисолаҳо ва китобҳои динӣ низ аз нахустин пайдоиши таърихи инсоният дар бобати ришвахорӣ ҳукмҳои сахт ба чашм мерасанд. Масалан, дар Инҷил омадааст: «Зиёфат ва тўҳфаҳо гашти хирадмандонаро кўр мегардонад ва ҳамчун ҷароҳат дар рўй андомашро безеб мегар-донад» (сураи Юҳанно, 20-29).

Агар дар китоби Инҷил ба таври нарм гирифтани пора ба кўр шудани ақли хирад сифатсозӣ шуда бошад, дар Қуръон боз маҳкумияти сахттаре нишон дода шудааст:

«Моли мардумро махўред, қозиёнро нахаред, ки дар ҳузури Худованд гунаҳгор ҳисобида шуда, аз зумраи зиёнкорон хоҳед буд». (Сураи ал-Бақара/ 188).

Дар яке аз ҳадисҳои пешвои дини Ислом Муҳаммад (с) омадааст: «Бигзор ба ғазаби Аллоҳ сазовор гардад, нафари порадиҳанда, тамаъҷўъ, порагир ва миёнарави онҳо».

Додани пора дар муҳокимаҳои судӣ дар шариати ислом ҳаром шуморида шуда, ба маънои додани пора ба қозӣ ҳангоми муҳокимаро дорад. Аз рўйи ақидаи дини Ислом ҳар нафаре, ки даст ба порагирӣ мезанад, бо ҳукми шариат аз худованд руйтофтану шак овардану маънии томи бехудоиро дорад.

Дар пайрави гуфтаҳои боло дар адабиёти форсу тоҷик низ дар бобати ришва танқидҳои зиёде ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар осори бузургони адабиёти форсу тоҷик, амсоли Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарҳо дар бобати ришваю фасодкорӣ андешаҳои зиёдро дидан мумкин аст.

Унсурӣ истилоҳи ришваро ба таъбири «пора» истифода бурда мегўяд:
Ҳар он ҷо ки пора шуд аз дар дарун,
Шавад устуворӣ зи равзан бурун.

Абулқосим Фирдавсӣ бошад, тамаъҷўиро бо истилоҳи «оз» таъбир карда мефармояд:
В-агар оз оварему печон шавем.
Падид ояд онгаҳ, ки беҷон шавем.

Ва ҳазорҳо мисоли дигарро дар асарҳои ниёгон метавон мушоҳида намуд, ки ришваро мавриди танқид ва сарзаниш қарор додаанд.

Ба ҷойи охирсухан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин марази ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ медонад.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рўз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

Обид ШАРОФОВ,
мудири шўъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят

Add comment


Security code
Refresh