Иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилоят

Дирўз таҳти Раёсати Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум баргузор гардид.

 Дар иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чорум масъалаҳо дар бораи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, оид ба ташкили комиссияи вилоятии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Тибқи қарори иҷлосия комиссияи интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум иборат аз 11 нафар таъсис дода шуда, 70 ҳавзаҳои ҳудудии интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум созмон дода шуданд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ масъулинро вазифадор сохт, ки фаъолияти худро дар ин самт пурсамар ва шаффоф ба роҳ монанд.

Add comment


Security code
Refresh