Таҳким ва вусъати дастоварду комёбиҳо

Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли 2014
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар 11 моҳи соли 2014 фаъолияти худро баҳри амалӣ намудан ва татбиқи босифати нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2013 ва ҳангоми сафарҳои корӣ ба вилоят баён гашта, ҳуҷҷати «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015» ва дигар барномаҳои соҳавӣ равона намуд.

 

Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ин давра нисбат ба нишондиҳандаҳои 11 моҳи соли 2013 барзиёд таъмин гардида, ба рушди бонизом ва босуръати ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд.

ВАЗЪИ ИҶРОИ БУҶЕТ

Афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷети давлатӣ имкон дод, ки нақшаи даромадҳои он дар ҳамаи сатҳҳо барзиёд ва босифат таъмин гардад.

Дар 11 моҳи соли 2014 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1045,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 40,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 199 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят низ барзиёд ба андозаи 103,9 фоиз таъмин гардида, воридоти он 981,1 млн. сомониро ташкил дод, ки аз нақша 36,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,9 млн. сомонӣ зиёд аст.

Бояд қайд намуд, ки баҳри дастгирии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ аз буҷети вилоятӣ 70,3 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок равона карда шуд.

Мувофиқи маълумотҳо, дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 935,9 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки хусусияти иҷтимоидошта, ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг аз буҷетҳои маҳаллӣ беш аз 785 млн. сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд, ки 83,8 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳад.

Дар ин давра бақияи қарзи андозҳои корхонаву ташкилотҳо дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт нисбат ба 1 январи соли 2014-ум 7,1 млн. сомонӣ кам гардида, ба санаи 1 ноябри соли 2014-ум 123,4 млн. сомониро ташкил намуд.

САВДОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии солҳои охир дар вилоят бевосита ба афзоиши савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ таъсири мусбат расонида истодааст. Дар натиҷаи афзоиши даромадҳои пулии аҳолӣ, беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум дар бозори истеъмолӣ ҳиссаи маҳсулотҳои ғизонокиаш баланд меафзояд.

Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар натиҷа, ҳаҷми гардиши моли чакана дар давраи ҳисоботӣ ба 4621,5 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2591,2 млн. сомонӣ баробар шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан 106,3 ва 103,6-фоизиро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят бо кишварҳои дуру наздик 2223,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-уми 20,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ чун солҳои пештара ҳиссаи воридот калон буда, он 1828,3 млн. доллари ИМА - ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 21,3 фоиз зиёд мебошад.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 395 млн. доллари ИМА – ро ташкил намуд, ки баробари 119,2 фоизи сатҳи ҳамин давраи соли 2013 буда, ба маблағи 63,5 млн. доллари ИМА маҳсулот зиёд содирот шудааст.

Бо мақсади рушди савдои дохилию хориҷӣ дар асоси қарордоди баимзорасида бо ширкати «Суруш байналмилал»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон санаҳои 11-17 июни соли ҷорӣ бо иштироки ширкатҳои эронӣ дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд намоиш – ярмаркаи «Тоҷикистон-2014» ташкил ва гузаронида шуд.

Инчунин, санаҳои 25-26 июни соли равон дар «Қасри варзиш»-и маркази вилоят Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд-2014» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 100 корхонаву ширкатҳои вилоят маҳсулоташонро ба намоиш ва фурўш гузоштанд.

Дар чорабинӣ намояндагони Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Швейтсария, Латвия, Украина, Эрон, Афғонистону Покистон, ташкилотҳои байналхалқии Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва дигарон иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар доираи ярмаркаи мазкур Форуми сеюми минтақавии тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзўи «Нерўи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иди зардолу», озмунҳои вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин» ва «Тамғаи мардумӣ» баргузор карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур 1 шартнома ба маблағи 20 млн. доллари ИМА ба мўҳлати 5 сол, 5 созишнома ва 1 меморандум баста шуд, ки он барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти вилоят мусоидат хоҳад кард.

ВАЗЪИ ХУСУСИГАРДОНӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини идоракунии амволи давлатӣ, иҷрои нақшаҳои хусусигардонӣ, оқилона ва самаранок истифода намудани моликияти давлатӣ, дастгирии давлатии ҳамаи намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, молиявию қарздиҳӣ ва моддию техникӣ корҳои муайянеро амалӣ намуд.

Дар натиҷа давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 16 музояда гузаронида шуда, 51 иншооти хурду миёна ба маблағи умумии 1603,1 ҳазор сомонӣ ва 12 адад воситаи нақлиётӣ ба маблағи умумии 37,8 ҳазор сомонӣ хусусӣ гардонида шуда, аз ин маблағҳо 1640,9 ҳазор сомонӣ ба буҷетҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Дар самти оқилона истифодабарӣ, аз ҷумла ба иҷорадиҳии моликияти корхонаҳои давлатӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳо дар давраи ҳисоботӣ 25 маротиба озмун оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ гузаронида шуд.

Дар қаламрави вилоят имрўз 853 адад шартномаи иҷоравӣ бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ баста шуда, аз ин ҳисоб 2399,5 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилӣ низ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар натиҷа ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 229,7 млн доллари ИМА сармоягузории хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ин дастовард асосан бинобар нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш-та 20,8 маротиба зиёд ворид шудани сармояи мустақим ва 2,6 маротиба зиёд ворид гардидани дигар сармоягузориҳо ба корхонаҳо ба вуқўъ пайвастааст.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёдшавии воридоти сармояи мустақим нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта асосан аз ҳисоби ворид шудани сармояи мустақим ба КМ "Зарафшон" ба маб-лағи 65,0 млн. доллари ИМА ва ҶДММ "Броадтек" ба маблағи 7,0 млн. доллари ИМА ба вуҷуд омада, сармоягузорӣ ба дигар корхонаҳо бинобар ворид шудани сармоя ба маблағи 39,9 млн. доллари ИМА ба ҶСП ТАҚХ "Имон Интернешнл" ва 67,2 млн. доллари ИМА ба ҶСК "Бонки Эсхата" зиёд шудааст.

Ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ барои сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз тарафи роҳбарияти мақомотҳои дахлдори вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёфта, дар ҳалли масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмон, дар мўҳлатҳои муайянгардида ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва пайвастшавӣ ба инфрасохтори истеҳсолӣ кўмакҳои амалӣ расонида шуд.

ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО

Кишоварзони вилоят дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ баён гардида, дар 11 моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба сомон расониданд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, ба ҳолати 1 декабри соли 2014 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5005,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҷмўи маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 102,1 фоиз ва дар соҳаи чорвопарварӣ 105 фоизро ташкил мекунад.

Амалигардонии қарори Раиси вилоят аз 9 декабри соли 2013, №287 «Дар бораи тадбирҳои иловагии азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷми вилояти Суғд» ва ба хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ додани мустақилият дар интихоби сохтори кишти зироатҳо имкон дод, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли сабзавот, полезиҳо, меваҷот, ангур, гўшт, шир ва тухм нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин карда шавад.

Дар самти татбиқи қарори мазкур корбарӣ ва пешниҳоди ҳамарўзаи маълумотҳои фаврӣ идома дода шуд. Дар маҷмўъ, то ин давра дар миқёси вилоят аз 2991 хоҷагии калонҳаҷм 2932 адад мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда, дар заминаи онҳо 35859 адад хоҷагиҳои деҳқонии нав таъсис дода шуд.

Аз миқдори умумии хоҷагиҳои навташкил 28056 адад бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардида, шумораи умумии саҳмдорони хоҷагиҳои қайдшуда 148630 нафар ва шумораи саҳмдорони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта 3660 нафарро ташкил мекунад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда хоҷагиҳои кишоварзӣ дар маҷмўъ, иҷрои дурнамои кишти баҳории зироатҳоро (169,8 ҳазор гектар) 100,7 фоиз таъмин намуданд. Хоҷагиҳои кишоварзии вилоят кишти баҳории ғалладонагиро дар майдони 67,5 ҳазор гектар гузаронида, иҷроиши дурнаморо ба 107,7 фоиз расониданд. Дурнамои кишти пахта барои ҳосили соли 2014 ба миқдори 60,0 ҳазор гектар муқаррар гардида, дар майдони 51,9 ҳазор гектар ҷойгир карда шуд, ки 50 фоизи майдони заминҳои обиро дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят ташкил намуда, аз нишондиҳандаи соли 2013-ум 5,5 ҳазор гектар кам аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 769,5 тонна чигити тухмии навъҳои хориҷӣ ба вилоят ворид карда шуда, ҷамъ 13,2 ҳазор гектар ё ин ки 25,4 фоизи майдонҳо аз ҳисоби тухмиҳои хориҷӣ кишт карда шуданд.

Дар натиҷа бо вуҷуди нисбат ба соли гузашта ба миқдори 5537 гектар кам кишт шудани майдони пахта истеҳсоли он ба санаи 1 декабри соли ҷорӣ ба 100,2 ҳазор тонна расонида шуда, ҳосилнокӣ ба ҳар гектар 19,3 сентнериро ташкил намуд. Бояд қайд кард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба сатҳи ҳамин давраи соли гузашта 0,9 сентнерӣ зиёд аст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 авгус-ти соли 2009, № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2014» ва қарори Раиси вилоят аз 17 сентябри соли 2009, № 242 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2010-2014» як қатор тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ ва хоҷагиҳо бо ниҳол дар мавсими имсола амри Раиси вилоят аз 20 феврали соли 2014, № 29 «Дар бораи гузаронидани ярмарка-фурўши ниҳолҳо, кўчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ» ба тасвиб расида, санаи 1 марти соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурўши ниҳолҳо, кўчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.

Рўзи баргузорӣ ба миқдори умумии 1327 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва кўчати гулҳо барои фурўш пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар майдони 3063 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла 2845 гектар боғи нав ва 218 гектар токзори нав бунёд гардида, Барномаи пешбинишуда 103,1 фоиз амалӣ карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар вилоят айни ҳол 12 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд.

Соли ҷорӣ ба бунёди боғҳои интенсивӣ бештар таваҷҷўҳ зоҳир карда шуда, замина барои ташкили ин гуна боғ дар мавзеи Сомғор бо роҳи қатрагӣ тариқи бунёди пойгоҳи обкашӣ ва кашидани хатти обрасонӣ ба масофаи 13,5 км фароҳам шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят афзоиши ҳаҷми истеҳсоли сабзавот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19764 тонна, полезиҳо 33259 тонна, меваҷот 6990 тонна, ангур 9876 тоннаро ташкил намуд.

Барои таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорвою парранда дар хоҷагиҳои кишоварзӣ як қатор корҳо амалӣ гардиданд. Дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2022 тонна гўшт, 6265 тонна шир ва 5294 ҳазор дона тухм зиёд истеҳсол карда шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 11119 сар, гўсфанду буз 19572 сар ва парранда 119099 сар зиёд гардид.

Бо мақсади муайянкунии миқдори оилаҳои занбўри асал бо иштироки кормандони Ассотсиатсияи занбўрпарварони вилоят корҳои баҳисобгирӣ амалӣ гардонида шуд. Миқдори умумии оилаҳои занбўри асал 51564 оиларо ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 612 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2014» нақшаи чорабиниҳо дар мувофиқа бо сохторҳои соҳавӣ тартиб дода шуда, рафти иҷроиши корҳо дар ин самт зери назорат қарор дорад. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 3283 гектар замин беҳтар карда шуд.

Масъалаи ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар бобати воридоти техникаҳо ва ба воситаи КВД «Тоҷикагролизинг» дар вилоят ҷудо намудани техникаҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодаанд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо воситаи ташкилоти мазкур ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳо 20 адад трактор тариқи лизингӣ ворид гардид.

Баҳри таъмини дастрасии хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба захираҳои моддию техникӣ 66 мағозаи фурўши тухмиҳо, 100 адад қисмҳои эҳтиётӣ ва 98 адад нуриҳои минералӣ фаъолият мебаранд. Ҳам-замон дар вилоят фаъолияти 109 нуқтаи маслиҳатдиҳӣ ташкил ва ба роҳ монда шудаанд, ки ба деҳқонон барои пешбурди кор маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Дар самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ тадбирҳо амалӣ шуда, дар вилоят 235 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебаранд, ки барои обёрии 181,8 ҳазор гектар замин хизматрасонӣ менамоянд.

Тирамоҳи соли ҷорӣ бо мақсади бештар рўёнидани ҳосили ғалладонагиҳо дар соли 2015-ум 24,6 ҳазор гектар кишти гандуми тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки аз он 81 фоиз ё ин ки 20027 гектараш тухмиҳои навъҳои хориҷӣ мебошанд.

ВАЗЪИ СОҲАИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи зиёда аз 3,4 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 787,6 млн. сомонӣ зиёд аст. Бояд қайд намуд, ки агар дар 11 моҳи соли 2013 суръати рушди саноати вилоят ба 111,1 фоиз баробар шуда бошад, он гоҳ нишондиҳандаи мазкур соли равон ба 130,2 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо 129,6 фоиз расидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Б.Ғафуров, Ғончӣ, Қайроққум, Шаҳристон ва Чкалов дар заминаи нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ тавонистанд, саҳми худро дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 555 корхонаи саноатӣ 388 корхона ё ки 69,9 фоиз вусъати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуданд. 128 корхона ё ки 23,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намудаанд ва 34 корхона ё ки 6,2 фоиз фаъолият накарданд.

Сабабҳои бозмондани корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хом ва маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурўши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти истеҳсолшуда ва иваз намудани самти фаъолият мебошад.

Ҳамзамон дар бобати аз нав ба кор оғоз намудан ва тақвият бахшидани фаъолияти як қатор корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла “Атласи Хуҷанд”, “ВТ-силк”, ”Олим-Текстайл”, “Нику Хуҷанд” ва “Спитамен Текстайл” силсилаи тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа маҷмўи маҳсулоти саноатии вилоят аз ин ҳисоб 8,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфт.

Тибқи нақша, дар соли 2014 ба истифода додани 155 корхонаи нав бо 5003 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 164 корхонаи нави хурду бузург бо 3172 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд, ки аз нақша 9 адад зиёд аст. Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хўрока, сабук, маъданҳои кўҳӣ ва саноати сўзишвориро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар маросими ифтитоҳи корхонаҳои коркарди шири “Афзали Суғд” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «Нанотех-М” Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, дастуру супоришҳои муфид доданд, ки бешубҳа, ба рушди саноати вилоят таккони ҷиддӣ бахшид.

Бояд қайд кард, ки айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калон, аз ҷумла сохтмони корхонаи сементбарории “Ғаюр-семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол, коргоҳи заршўйии КМ ”Зарафшон” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва 300 ҷойи корӣ, корхонаи “Броадтек” дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ "Нуқрафом" дар шаҳри Истиқлол бомаром идома дошта, умуман Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки соли 2015 боз 170 корхона ва коргоҳҳои нави саноатиро бо 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ сохта, ба истифода диҳад.

Баҳри омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолият дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 чораҳои зарурӣ, аз ҷумла захираи сўзишворӣ, маводи озуқаворӣ, маводи зиддилағжиш, зироати хўроки чорво ва таъмиру тармими бинову иншоотҳоро амалӣ намуд ва айни замон ҷараёни зимистонгузаронӣ зери назорати масъулин қарор дорад.

Соли равон дар қаламрави вилоят амалигардонии якчанд лоиҳаҳои калонҳаҷм дар соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмони хатти баландшиддати 220 Квт - и Ашт- Қайроққум, таҷдиди нерўгоҳи барқи обии Қайроққум ва сохтмони зеристгоҳи нави барқии “Нагорная” дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфтанд, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти вилоят заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.

Мувофиқи маълумотҳо, дар 11 моҳи соли 2014 мувофиқи вилоят аз ҷониби муштариён ба маблағи 331,1 млн. сомонӣ нерўи барқ истифода шуда, аз он 302,3 млн. сомониаш пардохт шудааст, ки 91,3 дарсадро дарбар мегирад. Аз ҷониби аҳолӣ бошад, ба маблағи 114 млн. сомонӣ нерўи барқ истифода шуда, 110,8 млн. сомонӣ пардохт шудааст, ки 93,1 дарсадро ташкил дод.

Дар вилоят баҳри пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ тадбирҳо амалӣ гардида, дар натиҷа ҳаҷми бақияи қарзи барқи истифодашуда нисбат ба аввали сол 137,4 млн сомонӣ кам карда шуда, он ба санаи 1 декабри соли ҷорӣ ба 122,8 млн. сомонӣ баробар гардид.

ВАЗЪИ СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 337,7 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд.

Маблағгузории асосӣ бошад, дар ин давра ба маблағи зиёда аз 1076 млн. сомонӣ азхуд карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз зиёд аст. Корҳои сохтмону васлкунӣ дар ин давра ба маблағи 928,8 млн. сомонӣ иҷро гардида, 105,5 фоизи сатҳи ҳамин давраи соли 2013-ро ташкил намуд. То имрўз аз ҳисоби буҷети вилоят ва ҷумҳурӣ мактабҳо барои 2316 хонанда сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 268364,2 м2 манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 56586 м2 зиёд буда, 126,7 фоизро дарбар гирифт.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи ташкилотҳои пудратӣ бо қувваи худ ба маблағи зиёда аз 374,3 млн сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд, ки ба 109,9 фоизи сатҳи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Аз тарафи сохтмончиёни вилоят дар давраи ҳисоботӣ сохтмони майдони Парчами миллӣ, пойгоҳҳои обкашӣ барои азхуд намудани заминҳои мавзеи “Сомғор”, таҷдид ва азнавсозии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд, қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Ҷ.Расулов ва Ашт, амфитеатр дар ҳудуди Қасри Арбоб, шабакаи таъминоти оби нўшокӣ барои аҳолии мавзеи Моҳпарии шаҳри Исфара оғоз гардида, силсилаи мактабҳо ва иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷамъ 82 иншоот сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар моҳи августи соли ҷорӣ ба таваҷҷўҳи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал намоишгоҳи маҳсулоти маводҳои сохтмонии истеҳсоли корхонаҳо ва соҳибкорони вилоят дар корхонаи “Нано-тех”-и шаҳри Хуҷанд ташкил ва пешниҳод карда шуд.

ВАЗЪИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути маҷмўи нақлиёт 27,7 млн. тонна бор, 137,9 млн. нафар мусофирон кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан 104,2 фоиз ва 105,1 фоизро ташкил дод.

Даромади тарофавии ташкилоту муассисаҳои алоқаи вилоят 270,3 млн. сомониро ташкил дод, ки аз ин миқдор 214,6 млн. сомонӣ хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад.

Дар ин давра ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9898,1 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Инчунин ба маблағи 3006,9 ҳазор сомонӣ маводҳои истеҳсолӣ ҷудо карда шуд.

Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ барои таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди вилоят 1478,2 тонна муми моеъ, аз ҷумла аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 860,2 тонна, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 205 тонна ва соҳибкорону сокинон 413 тонна ҷудо карда шуд. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мудирияти корхонаҳои сохташавандаи Вазорати нақлиёт барои таъмиру барқарорсозии иншоотҳо 30,7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо ва аз худ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолати техникии роҳҳои автомобилгарди вилоят қарори Раиси вилоят аз 10 январи соли 2014, №15 Барномаи вилоятии «Соли 2014-Соли роҳҳои обод» қабул гардид. Дар доираи иҷроиши қарори мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2826,4 км роҳҳои автомобилгард таъмиру тармим карда шуданд, ки 120,2 фоизи нақша ва 191,9 фоизи сатҳи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Аз роҳҳои таъмиршуда 173,7 км таъмири асосӣ, 1332,4 км таъмири ҷорӣ ва 1320,3 км шағалпўш карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки дарозии роҳҳои пурра мумфаршшуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 2,8 маротиба зиёд аст.

Аз 173,7 км роҳҳои аз таъмири асосӣ бароварда шуда 42,7 км бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоят ба маблағи 41,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла 13,5 км роҳи автомобилгарди Зафаробод-Уяс-Истаравшан, 11,9 км роҳҳои дохилии ноҳияи Б.Ғафуров, 8,8 км роҳи Бўстон-Комсомоли ноҳияи Мастчоҳ, 3 км роҳҳои дохилии шаҳри Истаравшан ва 2 км роҳи Ғончӣ-Калининобод пурра азнавсозӣ карда шуд. Барои таъмири боқимонда роҳҳои таъмиршуда маблағ-ҳои зарурӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, соҳибкорон, корхонаву муассисаҳо сафарбар карда шудааст.

ВАЗЪИ СОҲАҲОИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ

Ба татбиқи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлату Ҳукумат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дастовардҳои солҳои Истиқлолият, тақвияти баланд бардоштани рўҳияи ватандўстиву худшиносии ҷавонону наврасон тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Дар бобати дар сатҳи баланди маънавӣ баргузории санаҳои таърихӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ тадбирҳо амалӣ шуда, маводҳои ҷолиб бахшида ба мўҳтавои чорабиниҳо дар васоити ахбори умум ба нашр расиданд. Дар вилоят моҳе як маротиба хонишҳои сиёсӣ ва маҳфили илмию адабии «Ганҷи сухан» баргузор шуда, табақаҳои гуногуни ҷомеаро фаро гирифтанд. Қобили зикр аст, ки дар вилоят афкори солими созанда таъмин буда, ҷиҳати рушди иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» баланд бардоштани сатҳ ва сифати кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, дастгирии иҷтимоии омўзгорони ҷавон, таъмиру тармими муассисаҳои маориф ва ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба ин соҳа корҳои муайян ба иҷро расиданд.

Дар соли 2014 ба соҳаи маориф 522 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардид, ки назар ба соли гузашта 103 млн. сомонӣ зиёд буда, он ба беҳтар шудани вазъи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуд.

Тибқи “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015”, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд, 14 мактабе, ки қисман синфхонаҳои онҳо дар хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо қарор доштанд, пурра аз хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо бароварда шуданд. Тибқи Барномаи мазкур бинои сохтмонаш нотамоми 6 мактаб пурра ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода шуданд.

Соли 2014-ум 21 иншооти соҳаи маориф таъмиру азнавсозӣ гардиданд, аз он 8 иншоот бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоят, 5 иншоот тариқи ҳашар ва 9 иншооти соҳа аз дигар сарчашмаҳо мебошанд.

Бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоят ба муассисаҳои таълимии вилоят 5720 ҷуфт ва дастгирии шахсони алоҳида 1200 ҷуфт мизу курсии мактабӣ харидорӣ шуданд, ки тадбирҳои пешбинишуда эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимиро аз 10381 ҷуфт ба мизу курсӣ то ба 3461 ҷуфт кам намуд.

Соли хониши ҷорӣ қабули донишҷўён ба мактабҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ сурат гирифта, 13126 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҳуҷҷат супориданд ва аз онҳо 12385 нафар барои супоридани имтиҳон номнавис шуданд. Дар натиҷаи супоридани имтиҳонот тариқи ин марказ 8992 нафар соҳиби унвони донишҷў гардиданд, ки 77 фоизи ҳуҷҷатсупорандагонро ташкил медиҳанд. Дар маҷмўъ аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят 29 фоиз тариқи маркази тестӣ ба донишгоҳҳо қабул гардиданд.

Ба масъалаи ба зинаи сеюми хониш фарогирии хатмкардагони синфи 9 дар соли хониши 2014-2015 эътибори хоса зоҳир карда шуд. Дар натиҷа 86,4 фоизи хатмкунандагон ба зинаи сеюми хониш ҷалб карда шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли хониши гузашта 11,1 фоиз зиёд аст.

Ба масъалаи касбу ҳунаромўзии хонандагон эътибори хоса зоҳир гардида, дар муассисаҳои таълимӣ 966 оташдон, 806 танўр, 758 дастгоҳи қолинбофӣ ва 193 маҳфили сўзанидўзӣ ташкил карда шуданд.

Дар бобати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омўзгорӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ба ҳолати 1 декабри соли 2014 ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии вилоят 85,2 фоизро ташкил намуд.

Ба иҷрои “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011 - 2015” тадбирҳо амалӣ гардида, нақшаҳои дар соли 2014 пешбинигардида пурра таъмин карда шуданд.

Иҷроиши нақшаи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои соли 2014 40,8 фоиз таъмин гардида, ба 14,2 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як компютер рост меояд. Дар ин давра 79 муассисаи таҳсилоти умумии вилоят ба шабакаи Интернет пайваст карда шуда, алҳол дар миқёси вилоят 685 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.

Ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг, татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва дастгирии кормандони ин соҳа эътибори хоса зоҳир карда шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.

Ба баргузории озмун ва чорабиниҳои фарҳангии сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ мусоидат карда шуда, кастинг–озмун, фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» ва дигар озмунҳои фарҳангӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд, ки ба дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат намуд.

Ҳамчунин ба муносибати тантанаҳои Рўзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, 20-солагии Сарқонун ва Рўзи Парчами давлатӣ барномаҳои калони фарҳангӣ манзури ҳамагон гардонида шуданд.

Соли 2014 сохтмон ва таъмири Қасри фарҳанги шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, хонаи фарҳанги шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум, сохтмони Қасрҳои фарҳанг дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ноҳияи Ашт, оғози корҳои сохтмонии бинои хобгоҳ барои “Мактаби рақсии Зебо Аминзода” ва чандин иншооти дигар ба роҳ монда шуд.

Таъсисёбии “Мактаби рақсии Зебо Аминзода” дар шаҳри Хуҷанд, ансамбли тарона ва рақсии “Сафина” дар ноҳияи Спитамен, қомат афрохтани муҷассамаи Содирхон Ҳофиз дар назди Коллеҷи санъат, аз буҷети вилоят ҷудо гардидани 247 ҳазор сомонӣ ба чопи китобҳои адибони вилоят аз он шаҳодат медиҳад, ки рушд ва дастгирии соҳа аз самти муҳими фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб меёбад.

Боғи фароғатӣ-истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо тарҳ ва намуди нав дар ара фаи таҷлили Иди байналмилалии Наврўзи 2015 ва таҷлили 700-солагии шоир ба истифода дода мешавад.

ВАЗЪИ СОҲАҲОИ ТАНДУРУСТӢ, КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА

Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷўҳ зоҳир карда шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои муайян ба иҷро расиданд.

Аз буҷети вилоят ба соҳаи тандуpустӣ 228,6 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардид, ки назар ба соли гузашта зиёд аст.

Бо мақсади таъмиру тармими муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 7,9 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо гардида, он ба пардохти музди маоши кормандони соҳаи тиб дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Панҷакент, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ, Бобоҷон Ғафуров, беморхонаи клиникавии вилоят, хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ, маркази саратоншиносии вилоят, осоишгоҳи вилоятии бачагонаи сили “Равшан” ва Маркази дилшиносии вилоят истифода бурда шуданд.

Ҳамчунин бо маблағи 1 млн. сомонӣ аз буҷети вилоят ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Истиқлол, Чкалов, Исфара, Истаравшан, Қайроққум таҷҳизотҳои тиббӣ харидорӣ ва дастрас гардиданд.

Дар ин давра ба ташкили чорабиниҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон тадбирҳо пешбинӣ гардида, маводҳои ҷолиб дар матбуоти даврӣ ба чоп расонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ба суратҳисоби махсуси муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок 27,4 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ ворид гашт, ки иҷрои нақша 100 фоизро дарбар мегирад.

Дар ин давра бемориҳои сироятии хавфнок ба қайд гирифта нашуда, аксари намудҳои бемориҳои сироятӣ рў ба пастшавӣ доранд.

Дар вилоят ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, татбиқи Барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», рушди соҳибкорӣ байни занону духтарон, ба омўзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон корҳои муайян ба иҷро расиданд. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии занону духтарон ташкили маҳфилу чорабиниҳо дар арафаи таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ ба роҳ монда шуданд.

Таҷлили Рўзи модар, Рўзи байналмилалии оила, озмуни вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик -2014” ва таҷлили зодрўзи як зумра занони барўманди вилоят хеле хотирмон баргузор гардида, ба тақвияти корҳои тарғиботӣ байни занону бонувон мусоидат намуд.

Эҳё гардидани меҳнати хонагӣ ва ҳунарҳои дас-тии қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ байни занону бонувон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 маркази таълимӣ – истеҳсолӣ оид ба омўзиши ҳунари қолинбофии дастӣ таъсис дода шуда, 703 нафар ба ин ҳунар ҷалб ва 150 нафар соҳиби шаҳодатномаи Маркази таълимии истеҳсолии «Шероз» гардиданд.

Дар ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ тибқи гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 204 нафар шогирдон ба омўзиши нозукиҳои ин касб фаро гирифта шуданд. Дар ин давра 3742 нафар занону духтарон ҳунари қолинбофии дастиро омўхтанд.

Ба эҳё ва рушди ҳунари сўзанидўзӣ низ таваҷҷўҳ бештар зоҳир шуда, 171 маҳфил дар назди муассисаҳои таълимии вилоят баҳри омўзиши ин ҳунар таъсис ва 3420 нафар духтарон ба омўзиши ҳунари сўзанидўзӣ ҷалб карда шуданд.

Дар маркази таълимӣ ва Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан 100 нафар бонувон ба омўзиш ҷалб гардида, дар асоси гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 364 нафар занону духтарон ин ҳунарро омўхта истодаанд.

Барои омўзиши касби адрасбофии дастӣ фаъолияти Маркази таълимӣ – истеҳсолии «Веттоҷ» ва Маркази таълимӣ дар маркази вилоят ба роҳ монда шуда, алҳол 38 нафар занону бонувон нозукиҳои ин касбро меомўзанд. Алҳол 17 нафар шогирдони ин Марказ соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Ҳамчунин тибқи грант 10 нафар занон соҳиби шаҳодатнома гардида, 18 нафар машғули омўзиши нозукиҳои ин касб мебошанд. Дар ҳолати 1 декабри соли 2014 шумораи умумии ба ҳунари адрасбофии дастӣ ҷалбшуда 78 нафарро ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки баҳри эҳёи меҳнати хонагӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сўзанидўзӣ ва адрасбофӣ Грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 10 грант барои қолинбофӣ, 10 грант барои сўзанидўзӣ ва 10 грант барои адрасбофӣ ҷудо гардида, ба ғолибон тақдим гардид. Ҳамчунин аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 13 адад дастгоҳҳои қолинбофӣ ва адрасбофӣ харидорӣ карда шуда, ба ҳунармандон тақдим гардид.

Дар бобати ҳавасмандии ҳунармандони ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сўзанидўзӣ ва адрасбофӣ озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем” баргузор гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.

ВАЗЪИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

Дар давраи ҳисоботӣ барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни мулоқот бо варзишгарон дар вилоят корҳои муайян ба иҷро расонида шуданд.

Дар 11 моҳи соли 2014 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 87 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 66 майдончаи варзишӣ, 15 толор, 2 варзишгоҳ ва 4 иншооти мутобиқгардонидашудаи варзишӣ бо маблағи 1947 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва 132,1 ҳазор сомонӣ бо ҷалби сарпарастон, таъмиру тармим ва сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар бобати татбиқи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015” 438,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 37 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Тибқи қарори Раиси вилоят “Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилоят барои соли хониши 2013-2014” маблағи стипендия аз 80 сомонӣ ба 100 сомонӣ баробар карда шуда, 100 нафар донишҷўёни беҳтарини мактабҳои олӣ ва аспирантон сазовори ин стипендия гардиданд. Ҳамчунин барои 73 нафар донишҷўён стипендияи Президентӣ ва ба 232 нафар стипендияҳои раисони шаҳру ноҳияҳо таъсис ва супорида шуданд.

Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои оммавӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2014 дар вилоят 61 чорабинии варзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд. 1668 нафар варзишгарони вилоят, аз ин миқдор 264 нафар бонувон дар 71 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 253 нафар варзишгарон, аз онҳо 55 нафар бонувон дар 39 мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар карда шуданд.

Дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рўи намудҳои олимпӣ ва ғайри-олимпӣ варзишгарони вилоят ба гирифтани 2696 медал, ки аз он 877 медали тилло, 730 нуқра ва 1089 ададро медали биринҷӣ ташкил медиҳад, шарафёб гардиданд.

Бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди туризм дар вилояти Суғд барои солҳои 2010 – 2014» ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди туризм тадбирҳо амалӣ гардида, озмуни вилоятии “Осоишгоҳи беҳтарин” гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки давоми сол намояндагони ҷавонони вилоят дар Форуми 6–уми байналмилалии “Олтой” ва Форуми 2-юми Шўрои ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шанхай «Соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ», ки дар шаҳри Белокурихаи сарзамини Олтойи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳамчунин бо иштироки 100 нафар ҷавонони вилоят дар вилоятҳои Ботканд ва Ўши Ҷумҳурии Қирғизистон Рўзҳои муштараки фарҳангии ҷавонони вилоят таҳти унвони «Дўстиро ҷустуҷў дорем мо…» бо гузаронидани чорабиниҳои мухталифи маданию фарҳангӣ баргузор гардиданд.

ВАЗЪИ СОҲАҲОИ МЕҲНАТ, ШУҒЛ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ, МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст.

Нишондиҳандаи асосии муайян намудани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ин даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат мебошад. Музди миёнаи маош дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи вилоят 634,1 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоиз зиёд аст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ таъин ва таъминоти саривақтии нафақа ва кўмакпулиҳо мебошад.

Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 379 «Дар бораи тақвияти кўмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» тибқи фармонҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳҳои январ-августи соли 2014 ба 36499 оила ба маблағи 4540,9 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодабарии қувваи барқ ворид гардида, аз он 4500,9 ҳазор сомонӣ барои истифодаи қувваи барқ хароҷот гардид. Инчунин бо фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2014, №543 ба 34734 нафар шаҳрванд ва оилаҳои камбизоати вилоят барои моҳҳои сентябр - октябри соли 2014 ба маблағи 766,2 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ворид гардид, ки айни ҳол пардохт шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 244 “Дар бораи пардохти кўмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд” чораҳо андешида шуда, ба 31278 нафар хонандагони синфҳои 1-9 дар нимсолаи якуми соли 2014 ба маблағи 625,5 ҳазор сомонӣ кўмакпулӣ пардохт карда шуд. Дар нимсолаи дуюм бошад, ба 31779 хонандагони синфҳои 1-9 ба маб-лағи 635580 сомонӣ кўмакпулӣ пардохт карда шуд.

Дар соли 2014 мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014” дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 8882 нафар шаҳрвандони корҷўй ва бекор ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 25 ноябри соли 2014 аз ҷониби мақомотҳои давлатии шуғли аҳолӣ ба 8826 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин 99,4 фоизи нишондиҳандаи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар 11 моҳи соли 2014 ба 2062 нафар шаҳрвандони бекор кўмакпулӣ ба маблағи 952,3 ҳазор сомонӣ таъин ва пардохт карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷўён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 225 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 2758 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 43227 ҷойи холии кориро пешниҳод намуданд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ баҳри пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон тадбирҳо андешида шуда, нисбат ба аввали соли 2014 қарздории музди меҳнат 3 млн. сомонӣ кам карда шуда, он ба ҳолати 1 ноябри соли 2014-ум 12,1 млн. сомониро ташкил намуд.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН, ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ, ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ВА НАФАРОНИ ДАР АҚИБГОҲ БА ОНҲО БАРОБАРКАРДАШУДА, НАФАҚАХЎРОН

Қобили зикр аст, ки баҳри эҳёи меҳнати хонагӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сўзанидўзӣ ва адрасбофӣ Грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 10 грант барои қолинбофӣ, 10 грант барои сўзанидўзӣ ва 10 грант барои адрасбофӣ ҷудо гардида, ба ғолибон тақдим гардид. Ҳамчунин аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 13 адад дастгоҳҳои қолинбофӣ ва адрасбофӣ харидорӣ карда шуда, ба ҳунармандон тақдим гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нафарони дар ақибгоҳ ба онҳо баробаркардашуда ва нафақахўрон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.

Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида, шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнат намуда, инчунин маъюбони бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқӣ – атомии Чернобил бо қарорҳои Раиси вилоят аз 23 январи соли 2014, № № 35, 36, 37 «Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ» ба имзо расид, ки тибқи он ҳар моҳ ба ҳар яки онҳо кўмакпулӣ дар ҳаҷми 40 ва 50 сомонӣ пардохт карда шуда, аз аввали соли ҷорӣ бо назардошти моҳи сентябр ҳаҷми он ба 770,4 ҳазор сомонӣ баробар шуд.

Тибқи мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон аз 12 январи соли 2008, № АП-467 ба муносибати Соли нави мелодӣ ва Иди байналмилалии Наврўз ба хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ ба маблағи 1823,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Инчунин, тибқи қарори Раиси вилоят аз 6 марти соли 2014, № 107 «Дар бораи таҷлили ҷашни 69-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» дар қаламрави вилоят як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Ба муносибати ҷашни Ғалаба намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардидаро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, кўмакпулии яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ дастрас намуданд. Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 25 апрели соли 2014, № 198 ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокгардида 500 сомонӣ, ба заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг 400 сомонӣ, ҳамагӣ ба 634 нафар ба маблағи 284000 сомонӣ кўмакпулии яквақта супорида шуд. Ҳамчунин, ба ин нафарон аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аз 150 то 300 сомонӣ кўмакпулии яквақта дода шуд.

Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят, хонаи пиронсолон дастархони идона ороста шуда, тўҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сарпарастон тақдим гардид. Инчунин, оилаҳои камбизоат, беморони барҷомонда, кўдакони маъюбу ятим аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ карда шуданд.

Аз тарафи ташкилоту идораҳо, корхонаҳои сарпараст ва муассисаҳои вобасташуда дар арафаи ҷашни 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои собиқадорони ҷангу меҳнат, пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, барои хизматчиёни ҳарбии дар ҳудуди шаҳру деҳот буда ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи 590 ҳазор сомонӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Дар арафаи ҷашн ба 65 нафар маъюбони шаҳру ноҳияҳои вилоят аробачаи маъюбӣ, 110 асобағал ва 121 асо дастрас карда шуд.

Ба 100 нафар собиқадорон ва шахсони барўманди вилоят кўмакпулии яквақта ба ҳар яке дар ҳаҷми 500 сомонӣ, ҷамъ 50 ҳазор сомонӣ тақдим гардида, 52 нафар пешқадамони истеҳсолот, зиёиёну олимон, табибону кишоварзон ва намояндагони дигар соҳаҳо бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, дар арафаи иди Рамазон ва иди саиди Қурбон маъюбон, оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдат карда шуда, ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

ВАЗЪИ СОҲАИ ТАРТИБИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷўён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 225 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 2758 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 43227 ҷойи холии кориро пешниҳод намуданд. Дар 11 моҳи соли 2014 дар миқёси вилоят миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда 4776 ададро ташкил намуд.

Миқдори ҷиноятҳои умумӣ дар шаҳри Истаравшан 87 адад ё 19,5 фоиз, Мастчоҳ 26 адад ё 14,9 фоиз ва Шаҳристон 153 адад ё 66,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ 27 адад ё 3,8 фоиз, роҳзанӣ 4 адад ё 36,3 фоиз, одамкушии барқасдона ва сўиқасди он 7 адад ё 17,01 фоиз, ҷиноятҳо аз тарафи шахсони доғи судидошта 5 адад ё 3,4 фоиз, расонидани зарари миёна ба саломатӣ 11 адад ё 11,8 фоиз кам ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумотҳо, дар 11 моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии дар ҳудуди вилоят ҷойгирбуда 212 ҷиноятро вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 13 ҷиноят зиёд аст.

ҲОЛАТИ ВОҚЕИИ ПАХШИ БАРНОМАҲОИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН, ВАЗЪИ ОБУНА БА РЎЗНОМАЮ МАҶАЛЛАҲО

Ҷиҳати инъикоси ҳаёти ҷомеа дар васоити ахбори омма ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ба фаъолияти рўзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ таваҷҷўҳ бештар гардид.

Тибқи дастури Сарвари давлат, аз рўи нақша нишастҳои матбуотӣ бо роҳбарони шаҳру ноҳия ва сарварони соҳа ба роҳ монда шуда, нишондиҳандаҳои мусбат ва манфии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар матбуот инъикос карда шуданд.

Барои дастрасии саривақтии рўзномаҳо ба хонандагон ва беҳтар намудани мазмун ва мўҳтавои онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар соли 2014 обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ 31630 нусха, аз ҷумла ба рўзномаи «Ҷумҳурият» 9906 нусха, «Садои мардум» - 8609 нусха, «Народная газета» - 2667 нусха, «Ваҳдат» - 2414 нусха, «Адабиёт ва санъат» - 1994 нусха, «Халқ овози» - 2300 нусха, маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» - 3740 нусха ба роҳ монда шудааст.

Маъракаи обуна дар ин давра ба нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2015 оғоз шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Масъалаи таъмини пурраи фарогирии аҳолӣ, алалхусус дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо барномаҳои телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дошта, он тибқи нақшаи ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст.

Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ фарогирии пахши барномаҳои телевизион ва радио дар қаламрави вилоят «Шабакаи аввал» - 99,83 фоиз, «Сафина» - 93,04 фоиз, «Баҳористон» - 85,91 фоиз, «Ҷаҳоннамо» - 83,62 фоиз, «ТВ Суғд» - 66,6 фоиз, «1ҶТ» - 84,99 фоиз, «2ҶТ» - 44,45 фоиз, «3ҶТ» - 66,58 фоиз, «Фарҳанг» - 42,77 фоиз ва радиои Суғд - 37,4 фоиз таъмин карда шудааст.

БАРРАСИИ АРЗУ ШИКОЯТҲОИ ШАҲРВАНДОН

Дар ин давра ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷўҳи бештар зоҳир карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2052 адад мактубу арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид гардидааст (2013 – 1979 адад), ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73 адад зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 67,8 фоиз ё баробари 1392 адад таҳти назорат қарор дошта, 659 ададаш барои баррасӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Раиси вилоят аз мақомотҳои болоии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва ташкилотҳои дигар 612 муроҷиати шаҳрвандон ворид шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 адад кам мебошад.

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилоят ҳар ҳафта рўзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.

Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 1239 (2013 – 795) нафар шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят пазируфта шуданд. Рўзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Мастчоҳ ва Ғончӣ сурат гирифта, дар маҷмўъ дархосту муроҷиати 600 нафар шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шумораи муроҷиатҳои дастҷамъона зиёд шуда, теъдоди онҳо ба 357 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69 адад зиёд мебошад.

Дар муроҷиатҳои дастҷамъона мардум оид ба мушкилоти ҷойдошта, таъмири роҳҳои автомобилгард, таъмири беморхона ва ба эътидол овардани вазъи деҳоту шаҳрак, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, фаъолияти нодурусти роҳбарони алоҳидаи сохторҳои давлатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шикоят намудаанд. Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда корбарӣ ҷараён дорад.

РАФТИ ИҶРОИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО» ВА “ДАР БОРАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ”

Рўзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Мастчоҳ ва Ғончӣ сурат гирифта, дар маҷмўъ дархосту муроҷиати 600 нафар шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баҳри дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" корҳои амалию ташкилӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва назоратию санҷишӣ ба сомон расиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои ташкилӣ ба анҷом расида, доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, озодии виҷдон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ 473 семинару машварат, мизҳои мудаввар ва 1878 мулоқоту вохўрӣ ва сўҳбатҳо гузаронида шуданд. Оид ба корҳои ба сомон расида 2 нишасти матбуотӣ доир гардида, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гузоришҳо пешниҳод шуд.

Дар доираи такмили ихтисоси имом-хатибони масоҷиди ҷомеи вилоят ва баланд бардоштани сатҳи дониши динии онҳо дар масҷиди ҷомеи марказии «Шайх Маслиҳатдин»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки имом-хатибони шаҳру навоҳии Қайроққум, Чкалов, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Шаҳристон, Спитамен, Кўҳистони Мастчоҳ машғулияти бозомўзӣ ва дастурдиҳӣ гузаронида шуд.

Иди саиди Фитр бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, дар ҳамаи масоҷид мардум бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу осоиш ва зиндагонии осуда намози идро гузориданд. Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар намози ид иштирок намуда, кулли намозгузорон ва дар симои онҳо тамоми мардуми диёрро бо фарорасии ин рўзи саид аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборакбод намуданд.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 39364 тўю маърака, аз ҷумла 8959 хатнасур, 20594 тўйи домодию арўсӣ, 6058 маросими чил ва 3753 маъракаи сол баргузор гардид. Миқдори баргузории тўю маъракаҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷумла хатнасур 8-то ва домодию арўсӣ 265-то кам шудааст.

Дар арафа ва рўзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 951 нафар писарон аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат, инчунин тўи домодию арўсии 25 ҷуфт навхонадорон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

Дар вилоят фазои динии мусоид ба сиёсати давлат ташаккул ёфта, эътиқодмандони дини мубини ислом дар 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ, 960 масҷиди панҷвақта бо тоату ибодат машғуланд. Ҳамчунин дар қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 18 ҷамоаҳои динии ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Алҳол дар 5 мадрасаи мутавасситаи дар вилоят мавҷуда таълими муҳассилин то гирифтани иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан боздошта шудааст. Рейдҳои санҷишӣ дар мағоза ва дўконҳои китобу фитафурўшӣ доир ба пешгирии паҳн-шавии адабиёт ва маводи дигари мазмуни динидошта гузаронида шуданд, ки аҳамияти калон доштанд.

Омодагӣ ба мавсими “Ҳаҷ-2014” дар сатҳи баланд ташкил шуда, аз санаи 10 то 16 сентябр 1775 нафар зоирини вилоят ба сафар гуселонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба аз таълимгоҳҳои динии хориҷи кишвар баргардонидани донишҷўён чораҳо андешида шуданд. Айни ҳол нисбат ба 8 нафари дигар тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба муқобили қонунвайронкуниҳо дар соҳа корҳо вусъат гирифта, 176 протоколи қонунвайронкунии маъмурӣ вобаста ба адои намоз дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ ва 11 протокол ба ҷурми таҳсилоти ғайриқонунӣ тартиб дода шуда, 58840 сомонӣ ҷарима муқаррар гардид.

Дар арафа ва рўзҳои таҷлили идиҳои Рамазон ва Қурбон ба маблағи 882961 сомонӣ ва дигар ҷашнҳои расмӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои динии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд, ашхоси яккаву танҳо ва бепарастор ба маблағи 882961 сомонӣ маблағҳои нақдина ва маводи озуқа хайрот карда шуданд.

Аз ҷониби ходимони дин ва намозгузорон дар саҳни масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ 10650 бех дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба ташаккули ахлоқи ҳамида, риояи меъёрҳои ҳамзистии ҷамъиятӣ дар телевизиони вилоят пахши барномаи «Зевари одоб» (минбаъд “Зевари ахлоқ”) бо иштироки масъули соҳа ва ходимони дин идома дошт. Ҳамчунин дар радиои вилоят ҳафтае 1 маротиба барномаи «Ҷавҳари одоб» бо ҳамин ҳадаф ва иштироки ходимони дин сурат гирифта истодааст.

Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо карда, рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида истодааст.

Дар маҷмўъ, 11 моҳи соли 2014 барои мардуми вилоят воқеан ҳам чун давраи вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва иқдому ташаббусҳои ватандўстона сипарӣ гашта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати таҳким ва вусъати дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят тамоми тадбирҳоро меандешад.

Раиси вилоят
Абдураҳмон Қодирӣ

Add comment


Security code
Refresh