Аз ҷаҳолат оламе вайрон шавад

Бераҳмию разолати инсонӣ аз ҷаҳлу нодонӣ ва ғафлату манфиатҷўии касон сарчашма гирифта, мутаассифона аксаран бо пирояи дину оин ва тариқату мазоҳиб пардапўш мегарданд. Аз ин ҷост, ки Ҳаким Фирдавсии бузург бо ишора ба ин иллати маҳкумпазири инсонӣ фармудааст:
Зиёни касон аз пайи суди хеш ,
Биҷўянду дин андароваранд пеш.

Фоҷиаи даҳшатангезе, ки дар шаҳри Пешовари Покистон бар асари ҳуҷуми силоҳбадастони гурўҳи Толибони ин кишвар ба вуқўъ пайваста, боиси ҳалокати 141- нафар шаҳрвандони осоишта, аз ҷумла, 132-нафар мактабиёни бегуноҳ гардид, дар радифи мардуми ваҳдатшиори Ватанамон, ба хусус, мо аҳли маорифчиёни ноҳияву вилоятамонро ба изтиробу ҳамдардӣ водор намуд. Ин амали ноҷавонмардона, ки хилофи ҳамагуна оину аҳком ва таомули исломиву инсонист танҳо ҳадафҳои террористиро бо худ дошта, халқи оламро барои муборизаи беамон бар зидди моҷароҷўёни террористӣ даъват менамояд. Зеро дар давлатҳои исломии дирўз ва имрўз адолату пешрафт аксаран изҳори нигаронӣ дорад. Бино ба гуфтаи корманди Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ Ҳафиз Холиқзода «Манқурт талаби адолат мекунад, вале маънои онро намефаҳмад. Балки адолат гуфта ҳукумату қудрати хоҷаашро дар назар дорад, на озодии худро. Барои манқурт Озодӣ ва Зиндагии фардӣ арзише надорад, барои он ки эҳсоси инсонӣ надорад.» Оре, террористон ҳамин гуна афроди ҷоҳилу разил ва дур аз ақлу хиради инсонианд. Маҳз ҳамин гуна гурўҳҳо дар ҷангҳои Сурияю Ироқ ва нуктаҳои доғи Афғонистону Покистон намояндагӣ доранд. Алами исломро рўйи ҷиноятҳои оламхароби хеш афроштани Толибони разил ва дигар гурўҳҳои ноҷавонмарди террористӣ нанги исломиёни покниҳоду покимон аст. Зеро ба қавли ҳакимони хирад:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки бувад дар мусалмонии мост.

Аҳли маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таассуфи гарон ва тааммули бепоён арзи ҳамдилии худро ба қурбониёни ин амали номатлуби террористӣ баён дошта, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ фоҷиаи марги мактабиёни Пешоварро мавриди муҳокима қарор додааст. Имрўзҳо тибқи қарордоди шўъбаи маориф дар тамоми дабистонҳои ноҳияамон дар ҳамбастагӣ бо намояндагони ШВКД-и ноҳия, бо ҷалби ходимони дин ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, зимни баргузории ҷамъомадҳои пагоҳирўзиву нисфирўзӣ, соатҳои тарбиявӣ, маҷлисҳои истеҳсоливу умумимактабии волидону омўзгорон оид ба марому мақсадҳои равандҳои ғаразҷўй ва ифротгарои террористӣ баромаду корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам доир шуда истодаанд.

Дар ин раванд, маърифати оқибатҳои чунин падидаҳои даҳшатбори ҷомеа махсусан дар байни толибилмони синфҳои болоӣ ба таври муассир мавриди баррасиву муҳокима қарор дода шуда, таҳти шиори «Нест бод терроризм!, Терроризм аз ислом нест!» гўшаҳои деворӣ таҳия ва мураттаб шудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки насли наврасу ҷавон бо маърифати арзишҳои волои инсонӣ, бо парҳез ва нафрат аз фасоди ифртгароёни террористӣ имрўзҳо, чун ворису номбардори Алломаи безаволи миллат Бобоҷон Ғафуров дар партави ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи дурахшон раҳнамун гашта, панди пирони хирадро шоҳшиори зиндагии худ қарор додаанд. Бо эҳсоси гарми ватандўстӣ маърифат намудаанд, ки ҳаёти осудаву ободи имрўзаи мо ҳосили ҷонбозиву фидокориҳои падарону бобоёни шарафмандамон дар набардҳои зиддифашистӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Зеро чунонки шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ фармудааст:
Ҳаёти дилкашу зебо ҳаёти озод аст,
Чунин ҳаёт на осон ба даст омадааст.
Барои он, ки чунин ҳаёт диҳад даст моро,
Ҳазор бор Ватан садҳазорон ҷон додаст.

Бигузор хираду дониш, меҳнати созанда ва инсондўстиву рафоқат халқи оламро ба иртиофъ ва шукуфоӣ расонида, аҳли ҷаҳолату разолат ва дур аз имону ибодат маҳв гардад.

М.Бобоева,
мудири шўъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh