Воқеаҳои муҳимтарини сол

Инак, боз як соли пур аз ҳаводис, воқеоту рўйдодҳо паси сар монд. Ҳар сол бо хусусиятҳои хос ва файзи қудумаш дар китоби таърихи башар сабт мегардад. Соли 2014 дар ҳаёти мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла вилояти Суғди бостонӣ чӣ нақше дошт? Ба ҳар ҳол соли рафта барои мардуми кишварамон баробари баъзе ноомадҳояш соли хуб, бобарор, пур аз воқеаву ҳодисаҳои рангин буд. Хостем, бархе он ҳодисаҳоеро, ки дар зиндагии мардум нақши муассир доштанд, ба лавҳи хотир орем.

 Пеш аз ҳама, дар соле, ки сипарӣ гардид, баргузории Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар кишвари мо дар маркази таваҷҷўҳи аҳли башар қарор дошт. Аз як ҷиҳат вақтҳои охир ин созмон бо фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ номвар гардидаву ба Тоҷикистони азизи мо ташриф овардани роҳбарони давлатҳои аъзои ин Созмон яке аз падидаҳои арзишманд ва ҳодисаи муҳими сол буд. Аз ҷиҳати дигар баргузории ин ҳамоиш ба баланд шудани нуфузи сиёсии кишварамон ва ифтихори миллӣ мусоидат намуд.

Дигар аз санаҳои хотирмони давлатӣ ин таҷлили 20 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ буд. Чуноне, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба ин муносибат зикр доштанд, Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Ба ин муносибат бо имзои Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» ба тасвиб расид. Дар натиҷа беш аз 3,5 ҳазор нафар аз маҳбас озод ва дар маҷмўъ, беш аз 10 ҳазор нафар ашхоси қонуншиканӣ намуда, тибқи қонуни мазкур аз адои ҷазо афв гаштанд.

Дигар аз рўйдоди хотирмони соли гузашта ҷашни 90 - солагии мақоми пойтахтро гирифтани шаҳри умеду орзуҳои тамоми тоҷикони дунё - шаҳри Душанбе буд. Воқеан ҳам шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон 90 сол аст, ки дар ҳаёти мардумамон нақши муассир гузошта меояд. Боиси фахр аст, ки Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад.

Дигар аз рўйдоди бузурги миллӣ ин бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2014 “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ” буд.

Дар ин раванд дар сатҳи баланд ва бо иштироки аҳли фарҳангу ҳунари мамолики зиёд таҷлил гардидани ҷашни 50 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз рўйдодҳои муҳими фарҳангии кишвар дар соли 2014 маҳсуб мегардад.

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh