Абдураҳмон Қодирӣ: “Рушди босубот ва амнияту осоиштагӣ ба таҳкими рўзгори босаодат мусоидат менамояд”

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Санаи 25 декабри соли 2015 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар шахсони дахлдор Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо сухани муқаддимавии Раиси вилоят ва садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, дар он 5 масъала мавриди баррасии вакилони халқ қарор гирифт.

Аз рўи масъалаи аввал Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи фаъ- олияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ҳисобот дод.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози суханрониаш таъкид намуд, ки Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум дар рўзҳои барои миллату давлати тоҷик таърихӣ, яъне тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» пазируфта шудани Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ки аҳли ҷомеа онро саривақтӣ арзёбӣ намуда, бо камоли ихлосу эҳсоси баланди ватанпарастӣ ҷонибдорӣ менамоянд.

Раиси вилоят дар ҳисоботи хеш роҷеъ ба натиҷаву дастовардҳои шоистаи мардуми вилоят дар ин давра таъкид намуда, зикр дошт, ки маҳз тавассути амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, дастуру нишондодҳои муфиду барномавии Пешвои миллат рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин шуда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардид.

Абдураҳмон Қодирӣ таъкид дошт, ки дар 11 моҳи соли равон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 102,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1210,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 34,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷои 1093,3 млн. сомонӣ 1120,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2,5 фоиз ё ин ки 27,6 млн. сомонӣ зиёд аст.

Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1069 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки хусусияти иҷтимоидошта, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 872,9 млн. сомонӣ маблағ равона карда шуданд, ки 81,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки баҳри дастгирии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ аз буҷети вилоят 71,5 млн. сомонӣ маблағ мақсаднок равона карда шуданд. Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Истаравшан бобати таъмини пардохти саривақтии музди меҳнат дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5085,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,5 фоизро ташкил медиҳад.

Абдураҳмон Қодирӣ вазъи соҳаи кишоварзиро мавриди таҳлил қарор дода, зикр дошт, ки ба хотири рушди соҳа ва беҳбуд бахшидан ба раванди ислоҳот ба кишоварзони вилоят соли равон 534,5 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуд.

Соли ҷорӣ ба кишти сабзавот таваҷҷўҳи хоса зоҳир гардида, кишти зироати потенсиали содиротидошта - пиёз дар майдони 4152 гектар кишт карда шуд, ки аз соли пешин зиёд мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар вилоят нисбат ба 11 моҳи соли 2014 истеҳсоли ғаллагиҳо ба 68035 тонна, сабзавот 66434,8 тонна, картошка 24382 тонна, полезиҳо 30353 тонна, гўшт 2909 тонна, шир 6796,7 тонна, тухм 14798,7 ҳазор дона ва асал 32,3 тонна зиёд таъмин гардид.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1775 дар вилоят ислоҳоти соҳа идома ёфта, 483 адад хоҷагиҳои калонҳаҷм мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда, аз ин ҳисоб 5,5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ таъсис дода шуд. Дар маҷмўъ, шумораи умумии онҳо ба 62 ҳазор адад баробар гардид.

Деҳқонон соҳиби қитъаи замин гардида, имконият пайдо карданд, ки зироати дилхоҳро парвариш ва истеҳсоли меваю сабзавот ва дигар зироатҳоро зиёд намоянд.

-Танҳо дар ду соли охир дар натиҷаи ислоҳоти соҳа 42 ҳазору 678 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шуданд, - зикр намуд Раиси вилоят.

Самараи ин тадбирҳои судманд буд, ки бозори дохилӣ имрўз бо маҳсулоти босифат ва арзони худӣ то андозае таъмин гаштааст. Дар ин раванд алҳол ба бунёди боғҳои интенсивӣ, бахусус шинонидани ниҳолҳои сиёҳолу, ташкили комплексҳои чорводорӣ эътибори хоса дода мешавад.

Раиси вилоят бо баробари зикри вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар даштҳои Сомғору Мирзоравот ва бунёди шаҳракҳои Сайҳуну Баҳористону Моҳпарӣ ба азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ғончӣ ба масъулин дастур дода, таъкид намуд, ки бо захираи об дар Даҳкатсою Даҳанасой ва дар натиҷаи ба масофаи 10 км кашидани хатти об 5,8 ҳазор гектар замини ташналаб шодоб ва сокинони 24 деҳа бо оби тозаи нўшокӣ таъмин мешаванд.

Ҳамзамон, бо идомаи корҳои соҳилмус-таҳкамкунӣ дар соҳилҳои руди Зарафшон имконият ҳаст, ки беш аз 2 ҳазор гектар замин мавриди кишт қарор гирад. Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии байторӣ низ тадбирҳо андешида шуда, барои сохтмони марказҳои хизматрасонии зообайторӣ ба 112 нафар бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо қитъаҳои замин ҷудо карда шуда, айни ҳол дар 66 адади он корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, 39 адад марказҳои хизматрасонии зообайторӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ доир ба соҳаи саноат дахл намуда, изҳор дошт, ки тибқи нақша, соли 2015 ба истифода додани 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 11 моҳ дар миқёси вилоят 157 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2566 ҷойҳои нави корӣ ба фаъ-олият шурўъ намуданд.

Бо мақсади идома бахшидан ба корҳои ободонии роҳҳои автомобилгарди вилоят бо қарори Раиси вилоят аз 17 декабри соли 2014, №489 Барномаи вилоятии «Соли 2015-идомаи соли роҳҳои обод» қабул гардид.

Ба санаи 1 декабри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3630,2 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 221 км таъмири асосӣ, 1442,3 км таъмири ҷорӣ ва 1966,4 км шағалпўш карда шуданд, ки мутаносибан 116,3 фоиз, 110,9 фоиз, 103,6 фоиз ва 128,5 фоизи нақ-шаи барномавиро ташкил дод.

Бояд қайд намуд, ки роҳҳои таъмиршуда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 29,9 фоиз зиёд аст.

- Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи вилоят ва омили муҳимтарини таҳкими давлат эътибори ҷиддӣ дода мешавад, - зикр намуд Раиси вилоят.

Бунёд, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ аз масъалаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб меравад. Соли 2015 дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва таъмири 101 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. То имрўз 32 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим дар дигар иншооти соҳа идома доранд.

- Иқдом дорем, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли равон низ 100 нафар омўзгорони беҳтарин дар осоишгоҳи “Зумрад” – и шаҳри Исфара истироҳат ва солимии худро барқарор кунанд.

Бо ташаббуси Раиси вилоят Соли 2016 – “Соли фарди солим” эълон гардида, қарори махсус ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, барои татбиқи ин иқдом аз буҷети вилоятӣ 2,7 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки он асосан барои харидории автомошинаҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва таҷҳизоти тиббии муосир нигаронида шудааст.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба масъалаҳои муҳими рўз, аз ҷумла тавсеаи корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ, равнақи ҳунарҳои миллӣ – атласу адрасбофӣ, густариши бозии чавгон, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, нақши Маркази миллии тестӣ дар ҷалби хонандагони болаёқат фикру андешаҳои муфид ва дустурҳои судманд баён намуд.

Дар муҳокимаи масъалаҳои баёнгардида вакилон аз ҳавзаи интихоботии “Бофанда”, 2 Ҷамшед Ҷўрабоев, аз ҳавзаи интихоботии “Навобод”, 12 Дилшод Расулов, аз ҳавзаи интихоботии Кўҳистони Мастчоҳ, 53 М.Раҷабзода, аз ҳавзаи интихоботии “Ҷавонон”, 17 Заррина Ғафурова, аз ҳавзаи интихоботии “Саразм”, 29 Абдумуин Қодиров ба сухан баромада, бобати дастоварду комёбиҳо ва заминаҳои ҷойдошта дар самти рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, таъмини фазои солим ва тарбияи насли ояндасоз ва ватандўст, таҳкими ваҳдату осоиши рўзгори босаодат ҳарф заданд.

Дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ баромад намуда, оид ба лоиҳаи Барномаи миёнамўҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2016-2020 гузориши муфассал дод ва вакилон онро қабул намуданд.

Ҳамзамон, дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум сардори Сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзозода сухан ронда, самтҳои асосии буҷети вилоят барои соли 2016 – ро муаррифӣ намуд.

Аз рўи ин масъала вакил аз ҳавзаи интихоботии Чашмаи Арзана,7 Абдулатиф Раҳимов ба муҳокима баромада, фикру ақидаи худро баён дошт.

Вакилон лоиҳаи қисми даромади буҷети вилоятро барои соли 2016 ба маблағи 187430,0 ҳазор сомонӣ ва лоиҳаи қисми хароҷоти буҷети вилоятро барои соли 2016 ба маблағи 129902,0 ҳазор сомонӣ қабул намуданд.

Назира Ғаффорӣ – муовини Раиси вилоят низ дар иҷлосия сухан ронда, таъкид намуд, ки қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба инсонҳои арзанда яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ мебошад. Бо пешниҳоди Назира Ғаффорӣ якчанд иншооту муассисаҳо табдили ном намуданд. Аз ҷумла, деҳаи Наймани шаҳри Исфара номи Саробро гирифт. Ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Исфара номи табиби шинохта, яке аз таъсисдиҳандагони осоишгоҳи “Зумрад” Мирзо Олимов гузошта шуд.

Ҳамзамон, дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум як қатор қарорҳои Раиси вилоят, аз ҷумла қа- рор дар бораи Соли 2016 – “Соли фарди солим”-ро тасдиқ намуданд.

Баъди анҷоми кори иҷлосия Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ дастур дод, ки ҷиҳати ҷамъбасти натиҷаҳо ва дастовардҳо дар соли 2015, ки рўзҳои башумор мондааст, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Абдураҳмон Қодирӣ даъват ба амал овард, ки вакилон бояд бо интихобкунандагони худ мулоқот намоянд, ба дарду дили онҳо гўш диҳанд ва дар ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаашон кўмак намоянд.

Дар фарҷом Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аҳли толор ва кулли мардуми вилоятро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳатӣ ва барору комёбиҳо таманно намуд.

Хабарнигори “Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh