Меҳру муҳаббати саршор

Дар ҳақиқат, мо - тоҷикон дар замони кунунии ҷаҳонишавӣ ва пуртазод хушбахтем, зеро маҳз бо талошу заҳматҳо, сиёсати оқилонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осоишта умр ба сар мебарем. Фикру ақида ва мароми мардуми тоҷик танҳо ба ободкориву созандагӣ нигаронида шудааст.

Оид ба хизматҳои шоиста ва корнамоии бузурги Сарвари давлат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боифтихор ҳарф мезанад. Дар ҳар вохўриҳояшон бо мардум шоҳид мегардем, ки ҳазорҳо дастҳо бо меҳр сўяшон - дастфишонӣ мекунанд ва ҷавобан Сарвари халқпарвар даст рўи сина, меҳру муҳаббати хешро тақдим медоранд.

Ин инсони наҷиб атои Худованд барои мо-тоҷикон мебошанд, зеро эшон умри бобаракати хешро ба мардум бахшидаву роҳати онро аз осоиштагии халқашон дида.

Мардуми Панҷакенти бос-тонӣ чун дигар сокинони Тоҷи-кистон ҳар рўзу ҳар соат дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлатро дар ҳаёташон эҳсос мекунанд, ободии диёри Суғдзаминро аз талошҳояшон мебинанд.

Бахусус, таъмиру таҷдиди роҳи Панҷакент- Айнӣ, ки мушкилоти вазнинро ба миён меовард, имрўз ба як роҳи обод табдил ёфта, аз ин шодиву сурури халқ интиҳо надорад. Пирони солдида, модарон, пиру ҷавон шабу рўз дуогўи Сарвари халқпарвари хешанд.

Тамоми хизматҳои Президенти кишвар дар саҳифаҳои таърихи шаҳри бостонӣ бо хатти заррин сабт ёфтаанд. Сарвари оқилу доно байрақи ваҳдату сулҳро абадан болои сари тоҷикон парафшон намуданд.

Мо, панҷакентиён аз лоиқ шудани Сарвари хеш ба унвони Пешвои миллат хеле мамнун буда, аз ин ному унвон дар ифтихорем.

Халқи ин сарзамини аҷдодӣ аз худ бештар ба Сарвари нотакрораш боварӣ ва эътимоди бузург дорад. Пешвои миллати тоҷикон - Эмомалӣ Раҳмон азизи хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошанд.

Маҳз, дар баланд бардоштани обрўи давлату миллат ободкориву созандагӣ, силаи сари ятимон, кўмак ба эҳтиёҷмандон боис гардид, то ба дилу дидаи мардум ҷой ёбанд.

Зиҳӣ, халқи тоҷик, бо Пешвои миллати хеш!

Фотима Рофиева,
сокини шаҳри Панҷакент

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh