Пешвои миллат-бахтофари миллат

Дар тараққӣ ва пешрафти ҳар як давлату миллати алоҳида шахсиятҳое буданд, ки дар дастовардҳои бузурги он миллату халқиятҳо нақши босазо ва калидӣ гузоштаанд. Хусусан, барои рушди кишварҳои тараққикардаи имрўза низ замоне сарсупурдагоне буданд, ки саҳми бориз ва раҳнамоии худро доштанд. Барои мисол дар рушди Россия Пётри кабир, дар рушди ИМА падарони асосгузор – Ҷорҷ Вашингтон, Ҷеферсон, барои рушди Олмон Отофон Бисмарк, барои рушди Фаронса Наполеон, барои пешрафт ва озодиҳои халқи Ҳиндустон - Махатма Ганди, Ҷавоҳирлал Неҳру ва барои рушди имрўзаи Ҷумҳурии халқии Хитой Ден Сяо Пин саҳми бузурге доштанд. Онҳо тавонистанд бо кўшишу амалҳои наҷиби худ ва бо сарсупурдагияшон миллаташон ва давлаташонро аз ҳолати бўҳронӣ ва ақибмондагӣ, аз зулму ситам раҳонанд ва онро ба дараҷаи пешрафту абарқудрат бирасонанд.

Дар таърихи халқи тоҷик низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта амир Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз ҳазорсолаҳо, дар эҳёи нави миллати тоҷик чунин нақши барҷастаро Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидааст. Аз рўзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрўз Президенти кишвар ҳамеша кўшиш бар он намуда истодааст, ки давлатдории миллиро тақвият бахшад, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оварад. Дар ин ҷода месазад, ки хизматҳои арзишманди Президенти кишварро зикр намоем. Пеш аз ҳама Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки миллатро аз ҳолати нобуд шудан ва ба коми фано рафтан наҷот бахшад. Расидан ба истиқрори сулҳ дар кишвар маҳз натиҷаи хиради воло ва ташаббусҳои сулҳофаринии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо кўшиш ва талошҳои пайдарҳами Президенти кишвар Тоҷикистон аз бўҳрони ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ раҳо ёфт ва тадриҷан, зина ба зина сўи пешрафту тараққиёт аст. Дар фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рўз аз рўз рў ба беҳбудӣ мениҳад ва бо шукргузорӣ аз суботи мавҷуда шаҳрвандони кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллиамон камари ҳиммат мебанданд.

Хизмати арзандаи дигаре, ки Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расонид, ин раҳоӣ бахшидани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бо пеш гирифтан ва амалӣ намудани ин сиёсат Сарвари мамлакат тавонист, алоқаҳои миёни тоҷиконро боз ҳам қавитар ва мутамарказияти давлатдориямонро мустаҳкамтар созад. Имрўз низ ин сиёсати босамар идомаи худро дорад ва Сарвари кишвар ҳарчи зудтар мекўшад, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварад. Кўшишҳои Сарвари кишвар барои баромадан ба бандарҳои бузург бозгўи ин гуфтаҳост. Дар умум Сарвари кишварамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пешгирифтаи худ бар он мекўшад, ки иқтисоди кишварамон боз ҳам рушди баланд дошта бошад ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардад.

Дар сиёсати хориҷии худ низ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои зиёдеро касб намуд ва бо ташаббусҳои сатҳи байналхалқии ў эътибору нуфузи кишвари азизамон афзуд. Дар ин замина метавон ташаббусҳои Сарвари давлатро оид ба эълони «Соли оби тоза» (2003), «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» (2005-2015), «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва ғайраро зикр намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он аст, то ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ ҳаст, саҳмгузор бошад. Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамовозии хуб гирифт. Маълум гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳам пиру ҳам барно ин иқдомро дастгирӣ менамоянд ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишварамонро ҳамаҷониба тарафдорӣ менамоянд, чунки Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвон арзанда мебошад.

Мунира Акмалова,
дотсент, номзади илми сиёсатшиносӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh