Аз некон боғ мемонад

Ярмарка - фурўши ниҳолҳо, кўчату тухмии гулҳо ва дигар

зироатҳои кишоварзӣ

 Чун анъана ҳар сол бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои милат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун  намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва ба диёри ҳамешасабз табдил додани  Ватани азизамон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар арафаи фасли баҳор ярмарка - фурўши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳои гуногун ва тухмии зироатҳо доир мешавад, ки он барои ободу зебо намудани кишварамон иқдоми шоиста ба ҳисоб меравад. Субҳи 20 феврали соли 2016 дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи  Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка–фурўши ниҳолҳои мевадиҳандаю дарахтони ороишӣ, гулбутта ва гулҳои рангорангу хушнамуд,  маҳсулоти кишоварзӣ ва заҳрхимикатҳо барои ҳифзи дарахтону ҳосилот баргузор гардид.

 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирокчии бевоситаи ярмарка маҳсуб ёфта,  бо рафти ярмарка аз наздик ошно гардид ва ба  раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки барои ободу зебо гаштани маркази вилоят аз гулу буттаҳои деҳқонон ва сокинони вилоят дар ин рўз ба фурўш бароварда, харидорӣ намоянд ва кўчаю хиёбонҳои шаҳрро ободу гулпўш гардонанд.  

Раиси вилоят нахуст сокинон ва деҳқононро бо фарорасии фасли зебои баҳор табрик гуфта, даъват ба амал овард, ки оғоз аз ин рўзи фараҳбахш ҳар як сокини кишвар бо  ҳисси баланди зебоиофарӣ дар ободии маҳал, деҳа ва шаҳрак саҳмгузор бошад.  Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт ки Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 қабул гардида, тибқи он дар панҷ соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст. Дар иртибот ба ин зарур аст, ки таваҷҷўҳи соҳибкорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин, сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигаҳдории меваю сабзавот равона карда шавад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки аз 20 ҳазор боғи бунёдшаванда 5,4 ҳазор гектараш дар вилояти Суғд амалӣ хоҳад гашт. Дар саросари вилоят соли савум аст, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ  амалӣ гардида, шурўъ аз 30 июли соли 2010 зиёда аз 41 ҳазор хоҷагии деҳқонии оилавию инфиродӣ таъсис дода шуда, бояд ин рақам рў ба афзоиш орад. Бо ҳамин васила миқдори зиёди муҳоҷирон дар Ватан бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд ва имрўз бо хушнудӣ барои ободии диёр ва гулгулшукуфии он дар замин фаъолият пеш мебаранд.

Дар ярмарка намояндагони шаҳру навоҳии вилоят, теъдоди зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, тухмипарварӣ, хоҷагиҳои инфиродӣ ва шахсони алоҳидае, ки ба ниҳолпарварию ангурпарварӣ ва гулпарварӣ машғуланд, маҳсули дастранҷи худро ба харидорон пешниҳод карданд.

Ҳамчунин, Абдураҳмон Қодирӣ зикр дошт, ки маҳсули даст-ранҷи олимони вилоят ҷиҳати зиёд кардани роҳҳои нави истеҳсоли мева, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаи зардолую шафтолу ва олуи қадпасти серҳосил саривақтӣ ва шоиста буда, дар назар аст, ки ба як гектар то 1250  бех ниҳол шинонида шуда, ҳосили хуб ба бор меоварад. Раиси вилоят ба масъулини шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастур дод, ки ҳатман боғҳои қадпасти себ, зардолу, шафтолу ва олуро  дар солҳои баъдӣ бунёд намоянд ва ба ин васила истеҳсоли меваро дар вилоят ду-се маротиба зиёд гардонанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ярмарка зиёда аз 800 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, ороишӣ ва 50 ҳазор гулу гулбуттаҳо, инчунин тухмии гулҳо ва пиёзакҳо аз ҷониби  шаҳру навоҳии вилоят манзури тамошобинон ва харидорон гардонида шуд. Ярмарка - фурўши ниҳол, бахусус писанди намояндагони ҷумҳурии бародарии Қирғизистон гашта, ҳамасола маҳсулотҳои онҳо низ пешкаши сокинони вилоят мегардад.  

МАНАМ ДЕҲҚОН, ЗАМИН-КОШОНАИ МАН

Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро,

Ҳар ниҳол аз ҳиммати ў ёдгорӣ мешавад.

Бале, ин гуфтаҳои шоирро кишоварзони шаҳри Истаравшан шиори доимии худ қарор додаанд. Зеро шинондани ниҳолу сарсабз гардонидани як гўшаи кишвар барои пешрафту ободии диёр, неъмати фаровони дастархони мардум мусоидатгар аст. Истаравшаниён дар ярмарка  наздик 600 ҳазор ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ, гулу гулбутта ва ток оварда, манзури харидорон гардонданд.

Себ самари дарахти мевадиҳанда буда, дар баробари зебоӣ ва ҳамчун маводи хўрока истифода бурда шудани он навъҳои гуногун дошта, себи истаравшанӣ бо унвонҳои «Ҳусни Юсуф», «Золотой грайме», «Голден», «Делишес», «Ренет», «Семеренко» ва ғайра машҳури ҳамагон гаштааст.  Ниҳолпарварони ин мавзеъ Саидакбар Раҳмонов, Салим Саъдиев, Мусо Набиев, Фарҳод Азимов, Назир Раҳмонов ва дигарон ниҳолҳои ноки намуди «Дилафрўз», «Паричеҳраи ҷангалӣ», шафтолуи «лола», «Чемпион», бодоми «Нонпарел», «Каҷҷак», «Дисертӣ», гелоси «Прогресс», «Негретианка» ба фурўш баровардаанд.  Миқдори  зиёди ниҳолони ба ярмарка баровардашуда маҳсули меҳнати ниҳолпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Боғпарвар», «Боғдорӣ», «Ниҳолпарвар», «Садаф», «Шоҳон», «Шариф» ва хоҷагии давлатии ниҳолпарварии шаҳри Истаравшан мебошад.

Ёқубҷон Ашўров-мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан бо қаноатмандӣ иброз медорад, ки имрўзҳо таваҷҷўҳи мардум нисбат ба соҳаи кишоварзӣ ва боғдорӣ афзудааст. Ин аст, ки дар рўзи ярмарка 400 ҳазор ниҳол ба фурўш рафта, 30 ҳазор тариқи шартнома фармоиш гирифтанд. Бояд қайд кард, ки ҳамарўза дар худи шаҳр низ чунин ярмарка баргузор гардида истодааст.

Мавзее, ки барои гузоштани ниҳолҳои деҳқонони шаҳри Конибодом ҷудо шуда буд, аз дигар шаҳру навоҳии кишоварзӣ ба куллӣ фарқ дошт. Зеро мардум дар баробари харидани ниҳолҳо тарзи сафедкунӣ, шаклдиҳии дарахтони ҷавон, тарзи бунёди боғҳои интенсивиро ба таври зинда ва деворнигора шоҳид гашта, аз  корманди институти боғпарварии шаҳр Баҳодур Тошматов маслиҳатҳои муфид мегирифтанд. Мавсуф ба боғпарварон дар мавриди омодасозии маҳлул барои сафедкунии дарахтон  иброз медошт, ки бояд ба 10 литр об 1 килограмм оҳак, як бел хок, каме поруи маҳаллӣ, 20 грамм олтингўгирд ва 10 грамм даҳони фаранг илова шавад, ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳамчунин, дар мавриди бунёди боғҳои интенсивӣ қайд гардид, ки масофаи байни қаторҳо аз 2,5 то 4 метр ва масофаи байни ниҳолҳо бояд аз 0,7 то 1,5 метр бошад. Дар деворнигораи шаклдиҳии дарахтони ҷавон узвҳои асосии дарахтони мевадиҳанда, ки иборат аз решаи амудӣ(асосӣ), сабзанда, уфуқӣ, соқ (поя), шох, шохча, саршох, шохтана ва навда нишон дода шуда, нафаре, ки бо буридани шохҳои дарахтон машғул аст, бояд дарк намояд, ки кадом шоха зарур асту кадомиро бояд аз байн бурд.

Кишоварзони шаҳри Конибодом бо сарварии сардори раёсати кишоварзӣ Валиҷон Азимов тавонистанд, зиёда аз 30 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороиширо бо номгўҳои гуногун пешкаши эҳтиёҷмандон гардонанд. 

Ниҳолпарварони хоҷагиҳои хурди деҳқонии «Мадамин-бобо», «Истиқбол», «Нормат-бобо» ва «Исломбой-саркор»-и ноҳияи Спитамен 26 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаи зардолуву шафтолу, себу олу, бодому хурмо, ангуру анор, биҳӣ, чормағз, ток, ҳамчунин чаҳор намуд ниҳоли арча, 20 намуд гулҳои ороиширо дар ярмарка ба фурўш баровардаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар 4 гектар боғи интенсивӣ 2,5 ҳазор  бех ниҳол парвариш кардан мумкин аст.

Куҳансолони ноҳияи Зафаробод чунин мақолро сармашқи кори худ медонанд: «Аз рўидегӣ-тагидегӣ заруртар». Ин гуфтаҳо то чӣ андоза ба ҳақиқат наздиканд, мардум ба хубӣ дарк мекунад. Зеро агар тамоми маҳсулот барои хўрокпазӣ фаровон бошаду оташ  набошад, кўшишамон ҳеҷ аст. Оташ бошад, тавассути ҳезум рўи кор меояд. Ҳарчанд дар замони мутараққӣ зиндагӣ дорему аз фаровонии оташдонҳои печӣ ва барқӣ истифода мебарем, таоми дар оташдону нони дар танўр пухташуда лаззати дигар дорад.  Дарахту ниҳоли парваридаи мо агарчи камҳосилу хушк шуда бо- шад ҳам, ба кор меояд. Ҳатто, хокистари онро ҳам кишоварзон барои нобуд сохтани ҳашаротҳои зараррасон истифода мебаранд. Бинобар ин, зафарободиён ба ярмарка 20 намуд ниҳолҳои ороишиву мевадиҳандаи зардолуву олуболу, шафтолуву бодом, анору санҷид, хуч, қайроғоч, шумтол (ясен), тут, ток, арчаи шарқӣ, санавбар, ардач ва ғайраҳоро манзури харидорон гардониданд. 

БИЁ, ЭЙ ҲАМВАТАН, ГУЛКОР БОШЕМ!

Гул рамзи муҳаббат, дўстдорӣ, вафодориву садоқатмандист. Ҳастии он ба инсон нерў мебахшад,  зебоиаш тавонбахши ҳолати афсурдаҳолии ўст. Гулпарварӣ бошад,  мисоли кори марди деҳқон арақи ҷабин рехтанро тақозо дорад. Гулро дуруст парвариш кардану тухмии онро манзури халқ гардонидан бошад, кори саҳлу осон нест.

Илҳом Болтаев сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Fафуров аст. Солҳои зиёд бо гулпарварӣ машғул буда, намудҳои гуногуни онро парвариш менамояд. Ҳамчунин, бархеи онҳоро аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қирғизистон ва Федератсияи Русия оварда, ба шароити ватанӣ мутобиқ мегардонад. Зиёда аз 15 намуде, ки дар рўзи баргузории ярмарка ба фурўш бароварда шуд, аз 10 сомонӣ то 5 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, гулдарахтон бо номҳои «Юка», «Агава», «Азалия», «Магнолия», «Каштан», «Красный клеон», «Берёза» ва дарахтони ороишӣ бо номҳои «Голубой ель», «Тяншанский ель», «Зеленый ель», «Американская туя», «Зарафшанская туя», «Сосна», «Можжевельник», «Петуния» ва ғайра ба маърази тамошо ва фурўш гузошта шуда буданд.

Ҳамсарон Аюбҷон Абдунабиев ва Шоҳидахон Абдунабиева истиқоматкунандагони деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Fафуров мебошанд. Аз рўзе, ки Шоҳидахон маскуни хонадони шавҳар шудааст, аз назокати гулҳои ороишӣ  баҳраманд мегардад. Зеро ризқрасони аҳли оила парвариши гулҳои хонагиву тубакист, ки бо сарварии амаки Тўхлибой дар ин хонадон ҷараён дорад. Гармхонаи оила дар фасли зимистон баҳори нозанинро мемонад. Гулҳои зиёд, ки бо рангу бўй ва намуди зоҳириашон табъи касро болида месозад, диққати харидоронро дар рўзи баргузории ярмарка ба худ ҷалб намуд.

Наим Турсунов ҳарчанд бошандаи яке аз микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд асту манзили истиқоматиаш дар хонаи баландошёна ҷойгир, аз шуғли дўстдоштааш-гулпарварӣ даст кашида наметавонад. Долону равоқи тиреза, гирду атрофи ҳуҷраи истиқоматӣ ва, ҳатто, таҳхонаи бинои баландошёнаро манзили доимии гулҳо қа- рор додааст. Зиёда аз 150 намуд гулҳои хонагиву тубакиро ба ярмарка бароварда, умед дорад, ки минбаъд гулхонаашро васеъ ва мутобиқи талаботи муқарраргардида гардонад.

Ҳуснияхон Турсунова - сарвари ҶДММ «Гулафшон» иброз медорад, ки дар ярмарка 25 намуди гулро пешкаши сокинони вилоят гардонидаанд. Зиёда аз 300 ҳазор гул, ки дар гармхонаи «Гулафшон» парвариш меёбанд, барои сарсабз гардонидани гирду атрофи шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод мегарданд. Тухмиҳо асосан аз фирмаи «Пан-Американ»-и шаҳри Москва оварда шуда, мутобиқи шароити кишвар гардонида шудаанд.  Ба гулҳои ороишии Питуния, Тагетс, Вербена, Салвия, Гвоздика, Селлозия ва ғайраҳо мардум таваҷҷўҳи бештар доранд. Аз ин рў, харидорони ин намуди гулҳо дар ярмарка зиёданд.

Эътиқоду боварии мардум нисбат ба ваҳдату сулҳу оромӣ дар кишвар афзудааст. Тавассути сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аҳолии сарзамини ҳамешабаҳори тоҷикон дар арафаи пешвозгирии арўси сол-баҳори нозанин ҳастанд ва бо шукргузорӣ аз даврони осоишта аз зебоиҳои ин айём бархурдор шуданианд. Зиёда аз ин, бо шинонидани гул, ниҳолҳои мевадиҳанда ва дарахтони ороишӣ маҳалли зист, деҳа ва шаҳраки худро обод гардонида, мехоҳанд, ки кишвари офтобрўяи хешро боз ҳам зеботару ободтар бубинанд.   

Ҳадаф аз бунёди боғ  гирифтани самараи нек ва мақсад аз шинонидани  ниҳолҳои ороишӣ сабзу хуррам ва зебо гардонидани маҳал аст. Аз ин рў, дар ярмаркаи ниҳол, тухмӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ аз тарафи  масъулону мутахассисон, олимон ва ниҳолпарварон, инчунин масъулини муассисаҳои ободонию кабудизоркунӣ пешкаш гардида, оид ба интихоби ниҳолу гулу бутта, тарзи шинонидану нигоҳубин, риояи агротехникаи парвариш тавсияҳо дода шуданд.

Ниҳолпарварон ва гулпарварони беҳтарин, ки теъдоди зиёди дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва намудҳои беҳтарини гулро пешкаши аҳолӣ гардониданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муайян шуда, соҳиби тўҳфа гардиданд. Ҳамчунин, маълум гардид, ки кишоварзони шаҳри Истаравшан барои пешниҳоди зиёди ниҳол ва намуду навъҳои он соҳиби ҷои якум, ноҳияи Бобоҷон Fафуров соҳиби ҷойи дуввум, шаҳри Конибодом соҳиби ҷойи сеюм гардида, бо тўҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гаштанд.

Шоира САЛИМОВА,

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh