Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рўзи матбуот

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, васоити ахбори омма чун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо дар кишвари азизамон теъдоди зиёди нашрияҳои даврӣ, телевизиону радио, оҷонсиҳои иттилоотӣ фаъолият намуда, ба ташаккули афкори созандаи ҷомеа таъсири мусбии худро мерасонанд. Фаъолияти назарраси 13 шабакаи телевизионӣ, 14 шабакаи радиоӣ, беш аз 50 рўзнома ва 6 маҷалла дар қаламрави вилоят худ гувоҳи он аст, ки воситаҳои ахбори омма ҳамчун дастгоҳи тавонои иттилоотӣ ахбори заруриро саривақт ба аҳолӣ расонида, фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро инъикос менамояд. Илова бар ин, саҳми телезизиону радио ва маҷаллаву рўзномаҳо дар тарбияи ахлоқии ҷомеа ва тарғиби анъанаҳои миллӣ хеле барҷаста аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо васоити ахбори омма ҳамкории хубу самаранок дошта, барои дастгирии моддию маънавии рўзноманигорон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиби рўзҳои баҳорӣ, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд барои истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона заҳмат кашида истодаанд, кулли қаламкашон, аҳли матбуоти вилоятро ба Рўзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки воситаҳои ахбори омма дар инъикоси дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми амиқ мегузоранд.

Иди касбӣ муборак, дўcтони азиз!

 Раиси вилоят Абдураҳмон ҚОДИРӢ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh