Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шон Стейл

Имрӯз, ҷумъаи 6 май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шон Стейлро (қароргоҳ дар ш. Остона) ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат Раиси вилояти Суғд доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ба дипломати канадагӣ маълумот дод. Зикр гардид, ки дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд беш аз 40 ҳазор хоҷагиҳои нави оилавию инфиродӣ таъсис дода шуд. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз тадбирҳои дигари судмандест, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои бо ҷои кор таъмин намудани занони хонашин амалӣ намуд ва имрӯзҳо бонувон пас аз соҳибҳунар гардидан соҳиби ҷои кор ва даромад мегарданд.

Раиси вилоят инчунин доир ба сохтмони шаҳраки замонавии Сайҳн, вазъи соҳаи саноат, фаъолияти МОИ «Суғд», ки дар он якчанд корхонаҳои муштарак фаъоланд ва дигар самтҳои афзалиятнок ба Шон Стейл маълумот дод.

Шон Стейл дар аснои сӯҳбат аз пазироии гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуд ва ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи Тоҷикистону Канада, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак табодули назар намуданд.

Бояд гуфт, ки Шон Стейл дар идомаи сафар аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», шаҳраки Сайҳун, Қасри Арбоб, МД«Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» боздид менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh