Машварати кории назди Раиси вилоят вобаста ба натиҷаҳои даъвати баҳории ҷавонон

Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории назди Раиси вилоят вобаста ба натиҷаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ баргузор гашт.

Дар кори ҷаласа раисони алоҳидаи шаҳру навоҳӣ, комиссарони ҳарбӣ ва сардорони зершӯъбаи дуввум, раисони комиссияи даъват, як қатор сарварони ҷамоату шаҳрак иштирок намуданд. Дар ҷараёни машварат якчанд масъала аз ҷумла, натиҷаи даъвати баҳорӣ, пешниҳоди прокуратураи вилоят оид ба қонуншиканиҳо дар рафти даъват, аёдати сарбозони қисмҳои низомии ҷануби мамлакат ва омодагиҳо ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ мавриди таҳлилу баррасии иштирокдорон қарор гирифт.

Нахуст муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо доир ба рафти даъвати баҳорӣ ва камбудиҳои ҷойдоштаи маъракаи даъват маълумот дод. Чи тавре қайд карда шуд,  дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои апрел- май дар қаламрави кишвар, хоса вилояти Суғд сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷараён гирифта, маҳз бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои Раиси вилоят дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ 1500 нафар навдаъватшавандагон дар фазои тантанавӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гусел карда шуданд.

Дар ин маъракаи даъват вилояти Суғд тавонист пеш аз мӯҳлат ва босифати баланд ба таъмини нақша дастёб гардад. Аммо чи тавре аз таҳлилҳои муовини якуми Раиси вилоят, раиси  комиссияи даъвати вилоятӣ бармеояд, дар ин маъракаи муҳим дар фаъолияти комиссияҳои даъватии бархе аз шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла, Конибодом, Истаравшан, Б.Ғафуров, Хуҷанд, Деваштич, Исфара ва ғайра камбудиҳои ҷиддӣ ба назар расида, онҳо бо як душворӣ дар рӯзҳои охирони даъвати баҳорӣ аз иҷрои нақшаи худ баромаданд.  Дар рафти даъвати баҳорӣ асосан фарзандони оилаҳои деҳқон ва коргар ба хизмат ҷалб карда шуда, аз оилаҳои зиёӣ ва шахсони роҳбарикунанда шумораи ками ҷавонон хоҳиши хизматро пешаи худ карданд, ки ин аз бемасъулиятии мутасаддиёни комиссияи даъватӣ сарчашма мегирад. Бояд қайд кард, ки як қатор ҷамоату деҳот ва шаҳракҳои минтақаҳои гуногуни шаҳру навоҳии вилоят натавонистанд аз иҷрои нақша сарбаландона бароянд, ки ин бевосита ба рафти даъвати ҳарбӣ дар вилоят таъсири манфии худро расонид. Инҳо ҷамоати деҳоти шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ҷ.Расулов, Истаравшан, Гулистон, Деваштич, Б.Ғафуров, Зафаробод, Бӯстон мебошад, ки аллакай нисбати раисони чунин ҷамоатҳо чораҷӯи карда шуда, бархеи онҳо аз вазифа сабукдӯш ва ба гурӯҳи дигар сарзаниш ва огоҳӣ дода шудааст.

Ба андешаи раиси комиссияи даъвати вилоятӣ, муовини якуми Раиси вилоят ба душворӣ рӯбарӯ гаштани бархе аз шаҳру навоҳӣ ин пеш аз ҳама аз даъват то давъат набурдани чорабиниҳои гуногун, амиқ накардани шумораи воқеъии даъватшавандагон, суст будани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят аз шахсони масъули шаҳру навоҳӣ сабабу омилҳои ба чунин ҳолат  рӯ ба рӯ гаштанро пурсон гашта, баҳри ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти минбаъада дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид карда шуд, ки бояд пеш аз ҳама шумораи воқеъии ҷавонони синну соли даъватӣ муайян ва бо онҳо корбарӣ карда шуд. Чи тавре Раиси вилоят зикр дошт дар шаҳру навоҳии алоҳидаи вилоят аз шумораи умумии даъватшавандагон фоизи бениҳоят ками ҷавонон ба хизмат ҷалб карда мешаванд, масъалан Панҷакент 4 дарсад, Б.Ғафуров 6 дарсад, Истаравшан 7 дарсад, Хуҷанд 14 дарсад, Гулистон 10 дарсад ва ғайра, аммо бо вуҷуди ин масъулини ин минтақаҳо нақшаи даъвати хешро бо як душворӣ таъмин месозанд, ки ин аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии онҳо гувоҳӣ медиҳад, таъкид дошт роҳбари вилоят ва ҳамчунин ба комсиссари ҳарбии вилоят дастур дод, ки нисбати комиссарҳои ҳарбии чунин шаҳру ноҳияҳо чораҷӯӣ намуда, бархеи онҳоро аз вазифа барканор намояд.

Ҳамзамон роҳбари вилоят аз ҷой доштани ҳолати коррупсионӣ дар фаъолияти комиссияҳои тиббӣ изҳори нагаронӣ намуда, решакансозии ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ дошт. Комиссари ҳарбии вилоят қайд намуд, ки минбаъд баҳри ислоҳи ин камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Прокурори вилояти Суғд оид ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумиҳарбӣ ва хизматӣ ҳарбӣ қайд кард, ки дар ин самт мунтазам назорати прокурори бурда шуда, санҷиши охирон собит сохт, ки баҳри беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои давъатӣ бояд  пеш аз ҳама ҳайати комиссия дар бархе аз шаҳру навоҳӣ дигар карда шуда, таъмини молиявиро беҳтар намуд. Инчунин кори муназзами табибон таъмин ва аз ҳозир ба корҳои омодагӣ бояд оғоз бахшид. Ин нуктаро прокурори ҳарбии гарнизони Суғд низ ҷонибдорӣ намуд. Бино ба иттилоъи номбурда аз шумораи умумии даъватшавандагон 87 нафар ҷавонон бинобар носолим будан аз комиссияи тиббии вилоятӣ баргардонида шудаанд. Доир ба ин масъала сарвари вилоят аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати чораҷӯии сартабиби комиссияи даъватии шаҳру ноҳияҳое, ки ба чунин камбудии ҷиддӣ роҳ додаанд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи ҷаласа роҳбари вилоят аз раисони ҷамоату шаҳраки шаҳру навоҳии алоҳидаи вилоят, ки натавонистанд нақшаи хешро таъмин созанд пурсиш ба амал оварда, бархеи онҳоро аз вазифа сабукдӯш ва ба гурӯҳи дигар огоҳӣ дод. Вобаста ба дидорбинии сарбозоне, ки дар қисмҳои ҳарбии ҷануби мамлакат адои хизмати Ватан - Модар доранд, Раиси вилоят таъкид дошт, ки якчанд гурӯҳ ташкил карда шуда, аз рафти хизмати ҳар яки онҳо боздид ба амал оварда, маводи хӯрока дастрас карда хоҳад шуд.

Ба ин сафар  волидони аскарон, гурӯҳи санъаткорон, намояндагони ВАО ва ошпазҳо шомил карда мешаванд ва маблағи он пурра аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пардохт карда мешавад.

Дар ниҳоят Раиси вилоят бори дигар аз масъулин даъват ба амал овард, ки аз ҳозир корҳои омодагиро барои даъвати тирамоҳӣ оғоз бахшида, баҳри пеш аз мӯҳлат ва босифати баланд таъмин намудани нақша талош варзанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh