САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робитаҳои байналмилалӣ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтаанд, яъне Тоҷикистон барои ҳар як давлате, ки риштаи муносибатҳои дўстона, сулҳҷўёна ва мутақобилан судмандро қавӣ гардонданист, ҳамеша омода аст.

Ба туфайли ҳамин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар солҳои минбаъда дар натиҷаи гуфтушунидҳо чи дар сатҳи олӣ ва чи дар сатҳи вазоратҳои дахлдор, аз он ҷумла дар сатҳи Вазорати маориф ва илми кишвар созишнома ва шартномаҳои зарурӣ ба имзо расидаанд. Бо мақсади пиёда сохтани мазмун ва мундариҷаи шартномаҳои тарафайн дар соҳаи маориф ва илм, хусусан дар ҷабҳаи омўхтани забони олмонӣ дар кишварамон қадами устувор гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолинаи хеш ба Маҷлиси Олӣ, дар суханронӣ ва мулоқот бо аҳли маориф ва хусусан, ҷавонон аҳамияти омўхтани забонҳои хориҷиро таъкид сохтаанд ва барои фароҳам овардани шароити мусоид мунтазам ҳидоят ва дастгирӣ карда истодаанд. Ҷониби кишвари Олмон, хусусан ходимони Сафоратхонаи он дар шаҳри Душанбе низ ин иқдоми Пешвои миллатро хуш пазируфтанд ва аз имкониятҳои давлати хеш дар ин соҳа самаранок истифода карда истодаанд. Масалан, дар муддати 5-6 сол (солҳои 1994-2000) ба аксарияти омўзгорони забони олмонии мактабҳои кишварамон имконият дода шуд, ки тавассути Институти ба номи Гёте (Мюнхен) дар донишгоҳҳои пешқадами Олмон аз курсҳои бозомўзии забони олмонӣ ва усулҳои таълими он сабақ гиранд.

Ҳамзамон, ходимони институти номбурда садҳо донишҷўёни пешқадами шўъбаҳои олмонии донишгоҳҳои ҷумҳуриамонро пас аз санҷиши тестии донишу маҳорати забонии онҳо ғолибони озмунро ба курсҳои тобистонаи забони олмонӣ дар донишгоҳҳои РФО сафарбар намуда истодаанд. Чунин иқдом ҳавасмандии ҷавононро ба омўзиши забони олмонӣ боз ҳам бештар баланд намудааст.

Аввалҳои солҳои дуҳазорум дар шаҳри Душанбе Маркази иттилоотии Хадамот мубодилаи ходимони илму паҷўҳишии Олмон фаъолияти хешро оғоз намуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардонидани сиёсат ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи маориф ва илм даҳҳо олимону паҷўҳишгарони соҳаҳои мухталиф имконият пайдо карданд, ки тўли 1-3 моҳ дар марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои Олмон тадқиқотҳои хешро гузаронанд ва дар маҷаллаҳои илмии ин кишвар мақолаҳо интишор намоянд.

Олимони забони олмонӣ аз кафедраи забони олмонӣ ва усули таълимии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Хайрулло Сайфуллоев, дотсентон Б.Орифова, М.Қарахонов, аз кафедраи забони олмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дотсентон А.Шарифов ва М.Сулаймонова, магистри илмҳо, сармуаллим М.Саидов ва чанде дигарон аз чунин имконият васеъ истифода бурдаанд.

Боиси сарфарозист, ки дар даврони Истиқлолият Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро чун яке аз рукнҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ эълон карданд. Имрўз мо дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем. Маҳз, ҳамин принсипҳои давлатдорӣ ба ҷавонони кишвар шароит фароҳам овард, ки аз имкониятҳои таҳсил дар хориҷа васеъ истифода баранд, мутахассисони баланддараҷа гарданд ва ба халқу Ватани азизамон пурсамар хизмат намоянд.

Агар мо ба сифати таълими кадрҳо таваҷҷўҳ зоҳир накунем, сатҳи касбии мутахассисони ояндаро баланд набардорем ва онҳоро бо маълумоти мукаммали замонавӣ мусаллаҳ насозем, рушди устувори ояндаи кишварро таъмин карда наметавонем.

Абдуҳамид ШАРИФОВ,
Мўсо САИДОВ,
устодони Донишгоҳи
авлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh