Муаррифгари мақоми ҷаҳонии миллати тоҷик

Дар донишкадаи кӯҳи - металлургии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба  муаррифии асари Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва  «Забони миллат-ҳастии миллат» баргузор гардид.

Ҷаласаро  ректори  донишкада Мухтор Фозилов  ҳусни оғоз бахшида, оид ба заҳмат ва талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъди Сарвари давлат интихоб шудан ҳарф зада, аз ҷумла гуфт мо, омӯзгорон ва устодони макотиби олӣ қувваи пешбарандаи ҷомеа, машъалафрӯзи роҳи фардо маҳсуб мешавем ва барои амалӣ гаштани  андешаҳои солим, ташаккули андешаҳои миллӣ бояд муттаҳид бошем.

Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ Кибриёхон Атоева  китоби тозанашри Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор», ки ба рўзгору осори абармардони шеъру адаб ва сарсупурдагони миллат бахшида шудааст,муаррифӣ намуд. Пешвои миллат дар ҳар як Паём, дар ҳар як мулоқот ва суханрониҳо гузаштаи пуршебу фарози миллатро ба хотир оварда, аз корномаҳои дурахшони фарзандони вафодору ватандори халқи худ мардуми диёрро ҳарчи бештар огоҳ намуда, дар зеҳни насли имрўз худшиносӣ, худогоҳиро бедор намуда, меҳри кишвар, меҳри ин хоку оби муқаддасро дар қалби ҳар сокини диёр киштаанд. Бо шукўҳи хосса таҷлил намудани бузургдошти  шахсиятҳои мӯътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат, ки дар давраҳои гуногун дар ташаккули тамаддун ва давлатсозии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, зина ба зина, қадам ба қадам тайёр кардани ҷавонон баҳри ватандорӣ аст.

Инчунин дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»  Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон ба хонандагони китоб муроҷиат карда навиштаанд: «Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад». Ин асари тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат аз 361 саҳифа иборат буда, ҷамъоваранда Шодӣ Шокирзода ва муҳаррир Муҳаммадшариф Бобошоҳзода мебошанд. Дар китоб оид ба 25 нафар симоҳои барҷастаи ниёгонамон оварда шудааст. Ин асари арзишмандро тибқи муҳтаво ба чор гурӯҳ тасниф намудан мумкин ас:.

  1. Зиндагинома ва кору пайкори сарсупурдагони миллат, сарварони озодиву истиқлол ба амсоли Куруши Кабир, Спитамен, Маздак, Нусратулло Махсум.
  2. Пешвоёни дину оини  ростин: Зардушт, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ.
  3. Чеҳраҳои баргузидаи адабӣ Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Турсунзода.
  4. Мубаллиғони сулҳу ваҳдат, адолат, дўстиву рафоқат  Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Мирсайид Алии ҳамадонӣ, Сотим Улуғзода.
  5. Дар охир зикр гардид, ки китоби тозанашр бо номи «Чеҳраҳои мондагор» аз шуҷоату далерӣ, фазлу дониш, ақлу заковат, бунёдкориву созандагӣ, ихтирооту шоҳкориҳои шахсиятҳои таърихию симоҳои адабӣ ва инсонҳои комилу маъруфу сарбаланди халқи азизамон нақл мекунад ва ниёгони хирадпешаи мо ҳамвора дар осорашон дар шеърашон, дар эъҷозашон орзуи расидан ба рўзи хуррамиву фирўзиро ба қалам додаанд, ки  ба ин саодати бузург имрӯз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расидаем.

Мудири кафедраи забонҳо Мавлуда Аминҷонова  китоби

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро муаррифӣ намуда, оид ба даврабандии таърихии  забони тоҷикӣ, чойгоҳи  забони тоҷикӣ  дар гурӯҳбандии   забони эронӣ, замони пайдоиши забони тоҷикӣ, кӯҳантарин намунаҳои хатии забони тоҷикӣ, виҷагиҳои забони тоҷикӣ  дар аҳди Сомониён, густариши  забони тоҷикӣ  ба сифати  забони байналмилалӣ  истода гузашт. ӯ қайд намуд, ки китоби  мазкур   дар асоси  сарчашмаҳои  маълуму дастрас,  асноду андешаҳои дар миёни  донишмандон   роиҷ таҳия гардида,  ҷанбаи  маърифатӣ дошта,  ба мақсади огоҳии  бештари  ҳамватанони азиз  аз таърихи забони модарии хеш, бо сабки илмию оммавии қобили  фаҳми табақоти  мухталифи ҷомеа навишта шудааст.

Дар конфронс  мубоҳисаи  доманадор  оид ба китобҳои муаррифишуда сурат гирифта, қарор карда шуд, ки ҳар сол дар донишкада ҳафтаи Рӯзи Президент доир карда хоҳад шуд.

 Манзура САЙДУЛЛОЕВА,
 муовини ректор оид ба тарбиям ДКМТ,
 номзади илмхои педагогӣ

Add comment


Security code
Refresh