Ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем!

Халқи заршиносу боҳикмати тоҷик ба Сарвари худ унвони Пешвои миллатро лоиқ донист.

Мо, насли калонсолу миёнсоли мамлакат айёми пеш аз солҳои навадуми асри мозӣ, воқеаҳои солҳои навадум, сипас ботадриҷ ба амал омадани дигаргуниҳои даврони соҳибистиқлолиро чун навори синамо аз пеши назар гузаронем, худ бе ягон шакку шубҳа хулоса менамоем, ки агар ба сари давлати мо абармарди матинирода, соҳиби рўҳи шикастнопазир, якрўву якқавл чун Эмомалӣ Раҳмон намеомаданд, барҳақ, имрўз сарзамини мо чунин обод, мардуми кишварамон чунин дилшод, дастархони хонадони ҳар як сокини ин марзу бум фаровону пурнозу неъмат намебуд. Имрўз бо эҳсоси ифтихор мегўем: - Сиёсати сулҳҷўёна, созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакатамон буд, ки мардуми тоҷик ба чунин рўзҳои нек расиданд.

Минбаъд боз ҳам гулгулшукуфии кишварамон дар дасти худамон аст. Ҳамчун омўзгори мактаби олӣ бо такя ба таъкидҳои Сарвари мамлакат гуфтаниам, он давлат ва миллате ояндаи рахшон дорад, ки халқаш соҳибмаърифату боилм бошад. Чуноне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон дар Паёми имсолинаи худ таъкид намуданд, айни замон муаммое, ки ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда истодааст, ин торафт тавсеа ёфтани фаъолияти гурўҳҳои экстремистӣ ва даҳшатафканӣ мебошад. Тавре маълум аст, имрўз фаъолияти доманадори ҳаракатҳои ифротгаро ва ҳамроҳшавии ҷавонон ба онҳо аз масъалаҳои доғи рўз аст.

Бо назардошти вазъи ноороми ҷаҳон мо, зиёиён, бахусус устодони макотиби олиро зарур аст, барои ҷавонон чунин шароите фароҳам орем ва тарбия намоем, ки дар зиндагиашон роҳи дурустро интихоб кунанд, илму дониши муосирро азхуд намоянд, касбу ҳунар омўзанд ва дар оянда мақоми худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Мо, ҳар як узви ин ҷомеа, ҳар як сокини ин сарзамин бояд шукри даврони обод, тинҷу ором намоем, баҳри ободии хонадонамон, кўчаамон, маҳаллаамон, шаҳрамон, Ватани азизамон каме ҳам бошад ҳам, саҳми худро ҳамроҳ намоем. Ин аст нишони ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва меҳанпарастии мо.

М.НАЗАРОВА,
 устоди Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh