Абармарди фазлу хирад

Дар Тоҷикистон баробари расидан ба истиқлолияти миллӣ пешрафти назарраси соҳоти гуногуни ҷомеа ҷараён гирифт, ки барои густариши минбаъдаи давлатдорӣ ва соҳиб гардидан ба истиқлолияти иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Бидуни шак, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Аз ҷониби сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон борҳо эътироф гардида, ки Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи дубораи давлати ҷангзада ва бунёди   Тоҷикистони демокративу ҳуқуқ-бунёд саҳми намоён гузоштаанд.

Ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон барои эътирофу эҳтироми ин шахсияти сиёсӣ мақоми баланди Пешвои миллатро барояшон сазовор донист. Бояд эътироф кард, ки як марҳалаи рушду нумӯъ ва таърихан муҳими Тоҷикистони навин ба номи ин абармарди хираду сиёсат марбут аст. Аз ин лиҳоз, зикри корномаҳои таърихии Президенти кишвар дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол   мавзӯи ҳамешагии сиёсатшиносӣ ва таърихнигории навини Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат дар таърихи давлатдории Тоҷикистон сиёсати таҳаммулпазириро асос гузоштанд, ки маҳз ҳамин сиёсат давлатро аз вартаи ҳалокат раҳонид ва ба ин восита дар мактаби сиёсатшиносии ҷаҳон шеваи нави муносибат ба мухолифин зуҳур кард. Хатари аз байн рафтани давлат ва парешон гардидани миллат маҳз бо ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон аз байн рафт. Дар ҳамон даврон ҷони худро ба хатар гузошта, барои якпорчагии миллату давлат тадбирҳо андешидан ва барои таъмини амнияти миллӣ амал намудан қаҳрамонӣ буд. Ба мардуми парешон умеди ояндаро додан ва сарҷамъ намудани гурезагони иҷборӣ дар ҳамон даврони хараҷу мараҷ хидмати таърихии дигари ин чеҳраи мондагори сиёсат буд. Барои аз вартаи гуруснагӣ раҳонидани мардум тақсимоти заминҳои Президентӣ аз тадбирҳои огоҳона ва хирадмандонаи Пешвои миллат буд. Дигар аз тадбирҳои муҳиме, ки барои ҳифзи миллату давлат аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, ин эътироф ва бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ мебошад, ки дар ин росто корҳои ниҳоят судманд ва таърихӣ ба анҷом расиданд. Руҷӯъ ба таърихи маданият ва фарҳанги миллӣ аз ҷониби ҳукумату давлат ва ба виҷа, аз ҷониби Президент на танҳо рисолати таърихӣ, балки дар таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дар марҳалаи нави таърихию сиёсӣ ниҳоят муҳим буданд.

Аҳли сиёсат хеле хуб медонанд, ки ба роҳи дуруст мондани сиёсати хориҷӣ ва дар ин самт нигоҳ доштани мавқеи геополитикии кишвар аз корҳои ниҳоят мушкили давлатдорӣ мебошад. Дар ин самт Сарвари давлат тавонистанд, ки на танҳо худро ҳамчун   сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд, балки Тоҷикистонро, ки ҷаҳониён   ҳамчун давлати ҷангзада мешинохтанд, чун кишвари тамаддунофар, демокративу    дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ошно созанд ва собит намоянд, ки ба давлати Тоҷикистон эътимод намудан мумкин аст.

Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ва сиёсатмадори бузург боз дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистонро барои ҷаҳониён мисоли давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, илова бар ин, мардуми ин кишварро ҳамчун халқи сулҳҷӯву фарҳангофару соҳибтамаддун муаррифӣ намуданд. Ин буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар манотиқи гуногуни кишварҳои ҷангзада мавриди омӯзиш ва пайравӣ қарор гирифт. Барои як шахсияти сиёсӣ хеле душвор аст, ки дар зудтарин фурсат давлати ҷангзадаро ба як кишвари ободу озод ва амну амон табдил диҳад. Сиёсатмадорони бузурге ҳам ҳастанд, ки ояндаи давлаташонро дар маърифати баланди халқашон медонанд. Сарвари давлати мо аз зумраи ҳамингуна сиёсатмадоронеанд, ки маърифати мардум, бахусус, насли нави тоҷикро омили пешрафт ва минбаъд густариш ёфтани давлати худ медонанд.

Дилбар САМАДОВА,
мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh