Барандагони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2016” бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд

Имрӯз, сешанбеи 6 декабр бо баргузории як ҷаласа дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят ғолибони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2016” бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сӯҳбат дар ҳузури наздик 100 нафар журналистони расонаҳои чопиву электронӣ гуфт, ки дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма дар расонидани иттилоот ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас мебошад. Маҳз бо назардошти нақши матбуот, телевизиону радио ва дигар намуди расонаҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории хубу самаранокро ба роҳ монда, ҷиҳати тавсеаи он боз ҳам тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

- Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид доштаанд, ки масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз рисолати муҳими воситаҳои ахбори омма ба шумор мераванд.

Зеро нақши воситаҳои ахбори омма имрӯз аз як ҷиҳат, дар ташвиқи маънавиёту фарҳанги миллӣ, пешгирии равандҳои номатлуб, инъикос ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакатамон муҳим арзёбӣ гардад, аз тарафи дигар саҳми воситаҳои ахбори омма дар раванди созандагиву ободкорӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди саноат, ислоҳоти кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, беҳдошти солимии ҷомеа ва бунёди шаҳракҳои нав хеле амиқ ва шоиста аст - таъкид намуд Раиси вилоят.

Сипас муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ҳозиринро ба натиҷаҳои озмуни вилоятӣ шинос намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ба соли равон тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 феврали соли 2016, №80 «Дар бораи гузаронидани Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2016 таҳти унвони «Хомаи созанда – 2016» озмуни вилоятӣ эълон гардида буд.

Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Соли фарди солим» ва масъалаҳои актуалии ҷомеа”, “Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ”, “Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”, “Соли 2016 - соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” ва «Таҳқиқоти журналистӣ», баргузор шуд ва дар он 81 нафар довталабон аз васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Аз таҳлили маводҳои пешниҳодшуда бармеояд, ки кормандони воситаҳои ахбори умум дар баробари инъикоси равандҳои созандагӣ ва ободкорӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз қабили худкушӣ, фавти модар дар вақти таваллуд, проблемаҳои соҳаи маориф, тарбия ва таълим, фарҳанг, ҳунар ва адабиёт, занон ва оила, раванди корҳои ободониву созандагӣ, бахусус дар шаҳраки навбунёди Сайҳун эътибори махсус зоҳир намудаанд.

Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистони собиқадори вилоят шомил буданд, дар бахшҳои гуногуни озмун 37 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ҳамин тариқ Атаева Мўниса -хабарнигори телевизиони «Азия», Хосият Комилова -сармуҳаррири рўзномаи «Агроинформ-ТҶ», Равзалӣ Амонов-хабарнигори телевизиони «Тоҷикистон» дар вилоят, Раҷабова Лола - муҳаррири телевизиони «Суғд», Неъматулло Мирсадиов – рӯзноманигор, Ҳалим Ҷӯраев-хабарнигори ТВ “СМ-1”, Ҷамшед Маъруфов-сармуҳаррири радиои «Пайванд», Маъсум Имомов - хабарнигори радиои «Озодӣ», Қамари Аҳрор - хабарнигори радиои «IWPR» , Абдувосит Салимзода - хабарнигори радиои «Садои Хуросон», Моҳира Раҳимзода – хабарнигори рўзномаи «Сухани халқ», Маҳина Атаева - хабарнигори радиои “Дунё”-и Истаравшан, Атохоҷаев Файзулло - корманди рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», Малоҳат Махкамова - хабарнигори рўзномаи «Суғд ҳақиқати», Афзал Босолиев-хабарнигори ТВ «Азия», ҳайати эҷодии рўзномаи «Меҳнат»- и ноҳияи Айнӣ, ҳайати эҷодии рўзномаи “Насими Исфара”, ҳайати эҷодии радиои “Тироз”, дар маҷмӯъ 37 нафар бо димлому мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1500 то 6 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳори боварӣ намуд, ки аҳли қалами вилояти Суғд дастовардҳои соҳаҳои гуногунро дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ низ инъикос ва манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунанд.

Сипас чанд нафар аз ғолибон, аз ҷумла Афзал Босолиев, Лола Раҷабова, Мӯниса Атаева, Хосият Комилова барои ташкили озмуни мазкур ва дастгирии журналистон ба Раиси вилоят изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh