Кафолати ҳастии миллат

Сабақи таърихӣ воло ва бебаҳотарин маҳсули ақлу хиради инсон аст. Эзиди офарандаи замину осмон, аз ибтидо ҳамчун гавҳари мазмуну моҳият ва мақсади ҳаёт дар дилу тафаккури инсоният барои амали неку субот, танзими созандагӣ ва кафолати амнияту озодии башарият ба он ҷои хосае додааст.

Чунин хислату хусусиятро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ доранд. Баъди ба даст овардани Истиқлолият дар кишвари мо як муддат нооромиҳо сар заданд. Мардум вобаста ба мақсаду маром ва сатҳи маданияти сиёсиашон ба майдону сангарҳо ҷудо шуданд, мамлакатро бўҳрони сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз кашмакашҳои зиёди бемаънии сиёсӣ, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ баргузор гардид. Дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз номзадии Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бо ҷонибдории вакилон Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа интихоб шуданд.

Аз он рўзе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлати Тоҷикистон савганд ёд карданд, ба ваъдаҳо ва мақсадҳову ҳадафҳо содиқона амал намуда, нахустин иқдоми пешгирифтаашон баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан буд.

Роҳи халосиро аз бўҳрони идеологӣ ва қашшоқии маънавӣ ҳукумати навтаъсиси ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқиқу таҳлил ва омўзиши эҳёи суннатҳои миллӣ ва таърихиву худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандўстӣ дарёфт.

Бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ чун кафолати сулҳу салоҳ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа дар мадди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бояд қайд кард, ки Истиқлолият муҳимтарин дастоварди таърихи муосири халқи тоҷик, омили наҷоти миллат ва давлатдории миллии он аст. Дар натиҷаи Истиқлолият давлати мо ҳифз гашт, миллат аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, сокинони кишвар ба зиндагии осудаву осоишта расиданд, сохтори давлатӣ шакли комили худро гирифт ва роҳи рушди кишвар аз тарафи худи халқ интихоб ва муайян гашт.

Дар масъалаи дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ ҳусни ният, садоқат, ватанхоҳӣ ва миллатдўстии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле муассир буданд. Дар натиҷаи саъю кўшишҳои муштарак, ниҳоят 27-уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид. Назар ба эътирофи ҳамагон мусолиҳаи миллии Тоҷикистон як мисоли бориз ва барҷаста дар таърихи муносибатҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор рафта, намунаи ибрат ва пайравӣ дар ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ, қавмӣ ва минтақавӣ дониста мешавад. Сулҳи тоҷикон сабақи таърихист, ки бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ва ин неъмати бузурги даврони Истиқлолият мебошад.

Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон як воқеияти таърихист ва миллати мо онро набояд аз хотир фаромўш кунад. Пешравиҳои имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо истиқрори сулҳу Ваҳдат ба даст омада, ба он пайванди ногусастанӣ дорад.

Шафоат ҲОШИМОВА,
cармуаллимаи факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh