Амалҳои коррупсионӣ ошкор мегарданд!

Дар Прокуратураи вилоят ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар асоси талаботи Нақшаи чорабиниҳо дар бобати татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 1504 аз 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, ҳолати амалишавии қонунгузорӣ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар мақомоту муассисаҳои давлатӣ дар даҳ моҳи соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дод.

Қайд гардид, ки Прокуратураи вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба масъалаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ошкор ва тафтиши ин қабил ҷиноятҳо диққати махсус дода истодааст.

Дар ин давра, аз ҷумла аз ҷониби кормандону хизматчиёни сохторҳои бонкӣ - 106, Раёсати кишоварзӣ - 40, Раёсати маориф - 31, Раёсати тандурустӣ - 26, мақомоти милитсия - 16, кумитаи заминсозӣ - 14, системаи нақлиёт - 10, Раёсати адлия ва суд- 9, Идораи хоҷагии об - 9, меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 3, Агентии коррупсия -1 ва дигар ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорон 319 ҷиноят содир карда шудааст. Дар даҳ моҳи соли равон дар миқёси вилоят 646 (2015-602) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта ошкор ва 47,9 млн. сомонӣ зарарҳои молиявӣ муайян карда шудаанд.

Инчунин, аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия 208 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мансуб ба омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, худидоракунии шаҳраку деҳот, кумитаи заминсозӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, бонкҳо ва дигар корхонаю ташкилотҳои давлатӣ дар самти пешгирии қонунвайронкуниҳои коррупсионии дохилиидоравии байни кормандон, ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва оғози парвандаҳои маъмурии коррупсионӣ мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода шуданд.

Дар ҷаласаи Шўро баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти субъектҳои зидди коррупсия муборизабаранда ва баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh