Муборизаи мо зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро

Дирўз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Деваштич Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия, Ҷӯразода Рустам Боймурод, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.

Дар  чорабинӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаро раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод ифтитоҳ намуда қайд кард, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшудаи терорристию экстремистӣ буда, тамоми ҷомеаи моро нигарон намуда истодааст.

Назди ҳозирин прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи аввал Талбакзода Дилшод Саид оид ба пешгирӣ ва ошкоркунии шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои терорристию экстремистӣ, фарогири ҷавонон ба корҳои ба ҷамъият фоиданок, таҳсил ва дигар омилҳои ба раванди психологии ҷавонон мусбӣ таъсиркунанда,  сухан ронда, қайд намуд, ки дар ҳудуди ноҳия бояд дар ин самт корҳо ҷоннок карда шаванд.  Соли сипаришуда дар ноҳия дар соли 2016 бошад дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак 3 адад ва Исмоили Сомонӣ 1 адад чунин намуди ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд. ҳамаи ин ҷиноятҳо аз паст будани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нишона буда, дар ин бобат аҳли ҷамоатчигӣ, алалхусус волидайн, шӯъбаҳои мақомоти маҳаллӣ, кумитаҳои маҳалла, мактабу муассисаҳои таълимӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро ҷоннок менамоянд. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таклифу дархостҳои мушаххас доири боз ҳам беҳтар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар маҳалҳо, дар мадди аввал будани ҳушёриву зиракии мардумро бори дигар собит намуд.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ, мутахассиси бахши таблиғоту
иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh