БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТ ВА ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Баъди эълон шудани соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз аввалин падидаҳое, ки ба он мардум дучор гардид, ин ҷанги таҳмилӣ буд. Аз ҷиҳати сиёсатшиносии миллӣ ва ҳатто муосири умумибашарӣ таҳлили соли аввали истиқлолият нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ умуман побарҷо набуд. Хусусан, солҳои нахустини он давраи озмоишҳои сахту сангини тақдири таърихии миллат ва имтиҳони ҷиддитарини ҳаёт буд.

Ба ин маънӣ, ҳар соли истиқлолияти мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам бо ҳаҷму андозаи фоҷиаи тақдир, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст. Зеро тифли раҳомўзи истиқлолияти мо ҳанўз дар ибтидои роҳи худ ба фоҷиаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки таърихи қадимаи миллатамон чунин фоҷиаро кам дар ёд дорад.

Вале бар хилофи хостаҳо ва нақшаҳои коргардонҳои ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ истиқлолияти мо побарҷо монд. Зеро дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ аз тарафи намояндагони мардумӣ Президенти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ бо бештари овозҳо интихоб ва пазируфта шуданд. Маҳз, бо сиёсати хирадмандона ва ботадбирона Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳ тавонистанд мухолифини исломӣ ва равандҳои дигари сиёсии зиддиҳукуматиро, ки бо ҳам як шуда, опозитсияи муташаккилро таъсис дода буданд, бо роҳи сиёсӣ ба сулҳу салоҳ оварданд.

Боиси тазаккур аст, ки ин гуна сулҳофаринӣ ва давлатдории дунявӣ дар Осиёи Марказӣ ва, ҳатто, ҷаҳони имрўза назире надорад. Ин таҷрибаи сиёсӣ борҳо аз тарафи сиёсатмадорон, ҷомеашиносон ва олимони Fарбу Шарқ аз минбарҳои баланд тавсиф ва эътироф гардидааст.

Аз ин ҷост, ки бо чунин унвони олӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пазируфта шудани ин абармард, шоҳсутуни давлат Эмомалӣ Раҳмон арзанда аст, зеро эшон дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии Тоҷикистон саҳми бебаҳо ва хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

Минбаъд Президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати мутамаддини муосиру демократӣ ва ҳуқуқбунёд рў оварданд. Роҳи таърихие, ки мо дар бисту панҷ соли охир тай намудем, ҳамвор набошад ҳам, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар як муддати кўтоҳ Тоҷикистонро соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардонанд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муқаррар намуда, асъори миллиро ба муомилот бароранд. Артиши Миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои мамлакатро дар арсаи байналхалқӣ таҳти назорати онҳо қарор диҳанд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакатамонро ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян намоянд.

Дар арсаи байналхалқӣ дастовардҳои бузурги сиёсии Тоҷикистонро узвияти СММ, ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, СУС, САҲА, СААД, аъзогӣ дар Конфронси ҷаҳонии исломӣ ва ширкату фаъолият дар дигар созмонҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақавиву умумиҷаҳонӣ баръало инъикос менамоянд.

Зилола КОМИЛОВА,
омўзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва
фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh