Ислом ба зоти худ надорад айбе...

Дар таълимоти дини мубини Ислом ва Қуръони маҷид оёту ҳадисе ёфт намешавад, ки барои мусалмонеро куштани мусалмон иҷозат медода бошад. Худованди муттаол дар сураи Моида кушта шудани фарзанди ҳазрати Одамро баён мекунад ва мегўяд, ки аз ин сабаб мо ҳукм кардем, ки агар инсоне, бе ягон гуноҳе як инсони дигарро кушад, ҳамчуноне бошад, ки тамоми инсонҳоро кушта бошад!

Модом ки чунин аст, вой бар ҳоли он касоне, ки ба доми фиреб афтоданду иштирокчии задухўрдҳои мусаллаҳонаи Ироқу Сурия гардиданд ва хуни ноҳақ рехтанд. Дар ҳадиси Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васаллам омадааст: "Чун муслиме ба муқобили бародари мўъминаш силоҳ бардорад, фариштагони Худо ӯро лаънат мекунанд, то он замоне, ки ин силоҳро ба ҷояш бигзорад". Охир, аз рӯи кадом принсипи демократӣ ва кадом оёту ҳадиси дини мубини Ислом аст, ки саркардагони гурўҳи ба ном “Давлати исломӣ” одамонро бо силоҳу мошинҳои зиреҳпўш мусаллаҳ карда , барои шикори одамон, хуни бегуноҳ рехтан, дар масҷидҳо, мактабҳо, бозорҳо худро тарконидани маргталабон, ё ин ки хонаҳои мусалмононро тирборону молу мулкашонро талаву тороҷ кардан мефиристонанд. Барои онҳо фарқ надорад, ки дар рў ба рўяшон кист ва ў оё ягон заррае гуноҳе содир кардааст? Аммо ин “ҳомиён”-и дини Ислом намедонанд, ки бо чунин амалҳои ғайриинсонии содиркардаашон ба решаи дини Ислом теша зада истодаанд. Зеро дини Ислом дар зоти поки худ ҳеҷ айбе надорад.

Ку инсонигарӣ, канӣ инсофу адолат?! Ку меҳру муҳаббати инсонӣ! Оё чунин ҷаллодони силоҳбадаст, ки зери ниқоби муҳофизати дини Ислом амал мекунанд, зодаи инсонанд?! Онон ба дараҷае тарбия дода шудаанд, ки барои онҳо куштани инсон як бозии муқаррарӣ гаштааст.

 Аз оинаи нилгун чунин қатлу кушторҳо, сарсониву саргардонии ҳазорон мардуми бегуноҳи кишварҳои ҷангзадаро мебинаму ба ҳоли онон дилам хун мешавад. Шукрона аз он мекунам, ки мо имрўз дар даврони орому осоишта умр ба сар мебарем. Ҳамаи ин сулҳу субот дар кишвари мо бо талошу ҷонсўзиҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

Вале, имрўз аз ин рўзгори ободу осудаамон мо, мардуми диёр набояд орому хотирҷамъ бошем. Зеро имрўз хатарҳои экстремизму терроризм тамоми мамолики ҷаҳонро фаро гирифта, аз он сарзамини мо эмин нест. Мо - мардуми диёр, бахусус ҷавонон, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба худ роҳи дурусти ҳаётро бо ақли солим интихоб намоем, фирефтаи суханони бардурўғ нашавем, хонему соҳибилму соҳибмаърифат гардем ва ба халқу давлати худ аз дилу ҷон хизмати шоиста кунем.

Муллосафар РАҲМАТОВ,
донишҷўи соли сеюми факултаи
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh