ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР

Мавзӯи маориф доманадору бисёрпаҳлӯ ва ин соҳа зуҳуроти мураккаб ва пурпечутоб ба ҳисоб меравад.

Масъалаи маориф чун рукни муҳими сиёсати давлат буда, ҳолат, рушд, натиҷа ва фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад ва ба шарти таваҷҷўҳи хосаи ба сиёсати дуруст такя мекарда метавонад пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин намояд, масъалаҳоро марбут ба ҳама  соҳаҳои хаёти ҷамъиятӣ ҳал намояд.

Аз ин рӯ, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳад.

Бо ҳидояти роҳбари бохиради кишвар маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир гардид. 

Бо такя ба андешаҳои Сарвари давлат кӯшиш менамоем заминаҳои роҳандозии сиёсатро нисбати мавқеъ ва накши маориф дар ҳаёти ҷомеа маънидод намоем.

1. Воқеияти рӯз, ки дар пешрафти илму техника, фарҳангу маънавиёт ҷомеаи инсонии асри 21 инъикоси худро ёфтааст.

      - Замони мо, - таъкид менамоянд Президенти кишвар, - замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмӯъ нерӯи эҷодии инсон, замони имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

2. Тазодҳои ҷаҳони имрӯза, ки равандҳои устувори ҷомеаро дар роҳи таъмини ҳаёти осоиштаю шоистаи халқҳо халалдор намуда, ҷомеаи инсониро зери хатари фаношавӣ мегузоранд.

       - Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки – илова менамоянд Сарвари давлат, - замони мо замони зуҳури фаъоли нерӯҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад. Суръати густариши онҳо ба ҳаддест, ки имрӯз хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ торафт аён мегардад.

3. Арзишҳои умумибашарӣ - ҳифзи онҳо аз ҳарвақта бештар муҳимият пайдо кардаанд, зеро инсон ҳамеша бо маънавиёт ва фарҳангу маърифат, яъне сифатҳои фитрии инсон ба ҳисоб мераванд зиндаву пойдор буд.

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин ҳақиқат қайд намудаанд:  «Таърихи тӯлонӣ ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки густариш ва таҳкими пайвастаи арзишҳои милливу умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илму маориф, технология ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад».

4.  Идомаи анъанаҳои таърих, фарҳанги миллӣ, ки дар ҳама давру замон муаррифкунандаи халқи тоҷик буд.

Ин заминаро Роҳбари кишвар чунин маънидод кардаанд: «Таҷриба ва мероси бузургони гузаштаи мо, бидуни шак, таҷаллии барҷастаи ин рисолати наҷиб ва таърихӣ буда, корномаи онҳо саҳми бузурге дар раванди бепоёни инсонсозӣ ва маънависозии ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад.

Ниёгони тамаддунофари мо доимо таъкид доштаанд, ки инсон падидаи тарбиятӣ мебошад. Ташаккул ва такомули ҳақиқии инсон раванди пайгир ва огоҳонаи рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯ дар робита бо такмили мазмуни инсонгароии низоми иҷтимоист».

5. Зарурияти тарбияи замонавии аҳли ҷомеа, ташаккули шуур ва иродаи созанда, омодагии доимӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлатию миллӣ дар онҳо.

Барои маънидоди ин тақозои зиндагӣ аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иқтибоси муфассал меорем:

«Ҳаёт тақозо мекунад, ки мо имрӯз қудрати шинохти мазмуни аслии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоиро доро ва ба кушодани гиреҳҳои печида, мушкилоти умдаи рӯз ва равшансозии роҳи ояндаи худ қодир бошем. Чунин шинохт дар асл омили асосии таъмини сатҳи матлуби худшиносиву худогоҳӣ ва муҳити солими иҷтимоӣ мебошад.

Бидуни чунин худшиносӣ ва худогоҳӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи нерӯҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳувият ва сирати миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад гардид».

6. Таъмини нақш, мақом ва мавқеи устувори кишвар дар байни кишварҳои олам, ба иштирокчии баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ табдил додани мамлакат.

Боз руҷӯъ мекунем ба андешаҳои Роҳбари давлат: «Мо танҳо роҳу равишеро, ки хоси мо ва ҷавобгӯйи манфиатҳои милливу давлатии мо нест, қабул намекунем. Роҳу равиши мо аллакай муайян аст, ки он эҳёи тозаи миллати куҳанбунёди мо ва таҳкими давлатдории тоҷикон дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва бо назардошти комёбиҳои ҷаҳони мутамаддин аст. Агар соддатар гӯем, ҳар арзише, ки ба манфиати миллату давлати мо ва ояндаи мост, қабул дорем.

Дар баробари ин, мо арзишҳои миллии худро бо таҷрибаю дастовардҳои навамон ҳифз мекунем, таблиғу ташвиқ менамоем ва ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ омодагии худро дар ҳалли проблемаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эълон дошта, кӯшиш мекунем, ки минбаъд низ саҳми арзандаамонро ба тамаддуни башарӣ ҳамроҳ намоем.

Аз ин лиҳоз ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста мебошад».

7. Ҳадафҳои таъмини амнияти миллӣ, пойдорӣ ва бақои миллату давлат.

     - Бинобар ин, зарур аст, ки - фармудаанд Пешвои миллат, - дар  зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад. Дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чи дар сатҳи саросарии миллӣ ва чи дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи сиёсат дар соҳаи маориф ба роҳ монда шуд, ки дар якчанд самт  амалӣ гашт:

  1. Муайян намудани Стратегияи давлат дар соҳаи маориф.
  2. Муҳайё намудани заминаҳои ҳукуқии мавҷудият, фаъолият ва рушди маориф.
  3. Таҳаввулоти куллӣ дар муносибати ҷомеа ба соҳа.
  4. Ба роҳ мондани маблағгузории кифоя ва мустаҳкам намудани заминаҳои иқтисодии соҳа.
  5. Ҳамчун натиҷаи иҷрои 4 банди аввал баланд бардоштани сифат ва дараҷаи таълиму тарбия.

Барнома ва консепсияҳои муҳими давлатии қабулгардида, барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кории олимону омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани самти 3 аз ҷониби Роҳбари давлат кори доманадори фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд. Маориф кори умумихалқӣ эълон гардидааст. Дар ин маврид эшон аз ҷумла фармудаанд: “Дар тамоми дунё кормандони динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ходимони калисоҳо ва дигар ташкилотҳои динӣ аз ҳисоби кӯмакҳои хайрияе, ки аз созмонҳои гуногун ва шахсони алоҳида ҷамъ меоянд, ба сохтани мактабҳо, дармонгоҳҳо, шифохонаҳо ва расонидани ёрии башардӯстона ба шахсони мӯҳтоҷ машғуланд. Дар кишвари мо низ чанд сол пештар ҳама машғули масҷидсозӣ буданд. Оё намешавад, ки ходимони масҷидҳои мо ва кормандони ташкилотҳои динӣ чунин амалҳои некро, мисли ходимони динҳои дигари ҷаҳонӣ анҷом диҳанд ва ҳадди ақал ба мактабҳо кӯмак расонанд ва синфхонаҳои компютерӣ ташкил намоянд. Зеро мартабаи дониш дар дини мубини ислом бисёр баланд аст ва Пайғамбари ислом низ дар яке аз ҳадисҳои худ фармудааст, ки зи гаҳвора то гӯр дониш омӯз».

Мавқеи Пешвои миллати тоҷик ба таҳаввулоти амиқ дар руҳияи мардум боис гашт. Муносибат ба мактаб ҳамчун боргоҳи маърифат дар кишвар ва аз ҷумла дар вилояти мо куллан тағйир ёфта, сохтани иншоотҳо ба таври ҳашар ва бо маблағи сарпарастон ба ҳаракати оммавӣ табдил ёфт.

Акнун руҷўъ менамоем ба далелу рақамҳо:

Соли 2000 ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 млн сомонӣ маблағ равона гардида буд. Соли 2003 маблағҳои ба соҳа равонашуда аллакай ба 120 млн сомонӣ расид. Соли 2006 ин рақам ба 336 млн сомонӣ, соли 2007 – 506 млн, соли 2008 – 690 млн,  соли 2009 – 1.070 млн, соли 2013 2.13 млд ва соли 20 ба 163 млд 150 млн сомонӣ баробар гардид.

Маблағхо дар навбати аввал барои баланд бардоштани маош, кўмакпулиҳо ва таъмини шароити зисти кори омўзгорон ва дигар кормандони маориф нигаронида шуда бошад, тадриҷан барои мустаҳкамкунии заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилотӣ низ ҳиссаи муайян ҷудо карда шуд.

Боз ба рақамҳо муроҷиат мекунем:

Агар аз лаҳзаи ба даст омадани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо то соли 2003 дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зиёда аз 210 иншоот дар соҳаи маориф аз нав барқарор карда, ба истифода дода шуда бошад, пас фақат соли 2007 – 125, соли 2009 – 218,  соли 2012 – 248 ва соли 2015 қариб 300 иншоот сохта, таъмир ва аз нав барқарор карда шуданд. Вазъи таъминот бо мизу курсӣ, таҷҳизоти мактабӣ, аз ҷумла таҷҳизоти лабороторӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст, ки ин ба беҳтаршавии сифати таълим замина муҳайё намуд.   

Масъалаи таъминот бо китоби дарсӣ дар ин раванд масъалаи калидӣ дониста шуда, кормандони маориф ва соҳаи фарҳанг вазифадор гардиданд, ки масъалаи омода, чоп ва фурӯши китобҳоро ҳал намоянд. Дастур дода шуд, ки ҳамаи китобҳо ё ҳеҷ набошад, аксарияти кулли онҳо дар кишвари худамон чоп гарданд.

Масъалаи компютеркунонии мактабҳо ба рўзнома гузошта шуда, барномаи дахлдор бо муваффақият татбиқ гардид. Омўзиши забонҳои хориҷӣ зимни Барномаи давлатӣ вусъат ёфт.

Соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардид. Ин тадбир имконият дод, ки корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷоннок карда шаванд. Ин иқдом моҳиятан ҳадафи фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологиро, ки таҳкурсии он дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад, дар бар мегирифт.

Соли 2015 аз ҷониби ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд.

Ҳамроҳшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ натиҷаҳои худро дода истодааст.

Пешвои миллат дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суханрониҳо дар ҷаласаҳои оммавию сўҳбату мулоқотҳои сершумор доимо таъкид менамоянд, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда имрӯз сифати таълим ҳатто дар муассисаҳои таълимии номдор ба талаботи давру замон ҷавобгӯ нест ва дастовардҳои имрўза моро қаноат кунонида наметавонанд.

- Дар назди кормандони маориф,  - қайд мекунанд Президент, -   имрӯз вазифаҳои ниҳоят муҳим, пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон, инчунин ба шароити замона мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таълим дар ҳамаи муассисаҳои соҳа қарор доранд.

Аз ҷумла, вазифа гузошта шудааст, ки дар баробари зиёд гардидани шумораи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пеш аз ҳама, бояд ба сифати таълиму тарбия таваҷӯҳи бештар зоҳир намоянд, барои тақвият додани асосҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бунёди лабораторияҳо, кабинетҳои методӣ, устохонаҳои таълимӣ, китобхонаҳои электронӣ ва таъмиру бунёди хобгоҳҳои замонавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад. 

Абдуҳаким ШАРИФОВ,
    номзади илмҳои педагогӣ,
дотсенти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh