Мақсадамон созандагӣ ва бунёдкорист!

Таърихи миллатҳои гуногун гувоҳ аст, ки басо сарварони онҳо пас аз ба анҷом расонидани хизматҳои бузург барои эҳёву барқароркунии давлату миллати хеш, раҳо бахшидан аз нестӣ ва ба роҳи саодату пирўзӣ равона кардани мамлакат бо унвони Пешвои миллат сарфароз гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар замоне, ки миллати кўҳанбунёди тоҷикро парокандагӣ ҳамчун хатар пеш омад, ба сари қудрат омаданд ва миллатро аз нестию давлати тоҷиконро аз маҳвшавӣ эмин нигоҳ дошта тавонистанд. Табиист, ки имрўз ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо унвони Пешвои миллати тоҷик сарфароз гардонида шудаанд.

Хизматҳои шоистаи ин абармарди сарсупурдаи миллат дар таъмини Ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносии миллӣ, на танҳо боиси арзёбии баланд, балки мояи ифтихори ҳар як намояндаи миллати созанда ва кўҳанбунёди тоҷик аст. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии ҳаёти иҷтимоӣ ташхис доданд ва роҳу равиши густариш ва такомули онро муайян карданд. Он кас нақши давлатро ҳамчун омили асосии инкишофи худшиносӣ ва муттаҳидсозандаи халқ таъйин намуда, масъалаи ваҳдати миллиро бар садри иқдомоти густурдаи сиёсиву иҷтимоӣ бардоштанд.

Хизмати бузург ва таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки он кас тавонистанд дар шароити бўҳрони амиқи иқтисодиву маънавӣ ҳам пояҳои давлатдориро бунёд созанд, ҳам мардуми мамлакатро зери парчами иттиҳоди иҷтимоӣ фароҳам биоваранд.

Фаъолияти амалӣ ва афкори назариявии ин сиёсатмадори барҷаста, на фақат мавриди таваҷҷўҳи мардуми аз аввал ба сох- ти конститутсионӣ содиқ, балки мўҷиби тағйири ақида намудани онҳое гардид, ки то муддате мавқеи бетарафиро ихтиёр карда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини бар сари давлат омаданашон доктринаи ҳарбӣ ва сиёсати стратегии ҳукумати Тоҷикистонро бо чунин суханон муайян намуданд: “Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ аст... Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зўрӣ тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас”.

Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар сатҳи давлатӣ бардоштани ғояи Ваҳдати миллӣ ва дар роҳи расидан ба ин ҳадафи бузург меъёрҳо ва арзишҳои даврони пешинро бо арзишҳои нав, ки моҳияти зиндагии мардумро муайян мекунанд, иваз намуданд. Муайян сохтанд, ки падидаҳое чун худшиносӣ, ватандўстӣ, ваҳдату ягонагӣ вақте густариш меёбанд, ки агар афроди ҷомеа ҷавҳари истиқлолияти худро дарк намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки таваҷҷўҳи Сарвари давлати Тоҷикистон воқеан ҷиддӣ ба он равона гардида буд, муайян кардани меъёрҳои густариши худшиносии миллӣ мебошад. Ташаккули давлати соҳибистиқлол ва рушду нумўи он бидуни такомули шахсият имконнопазир аст. Роҷеъ ба ин масоили мубрам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор кардаанд:

“Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад”.

Президенти Тоҷикистон худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷўи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод мекунанд ва нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва мураккабаш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Он кас таъкид менамоянд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кўтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон сипоси беҳамто мегузорад ба заҳмату фаъолияти созанда ва роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон - ин шахсияти воқеан арзанда, фарзанди бонангу номуси халқи тоҷик, ки маҳз дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи миллат масъулияти барқарорсозии сулҳи бебозгашт ва таъмини субот, бунёди ҷомеаи озод ва кишвари ободро ба ўҳда гирифтаанд ва Тоҷикистонро ба омили воқеан намоёни сиёсии минтақа ва ҷаҳон табдил дода тавонистаанд.

Раҳмон МИРСАИДОВ,
ҷомеашинос, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh