Нақш дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Ҳар як насли оянда бояд таърихи миллати худ, давлати худро донад. Таърих ба мо имкон медиҳад, ки дирўзи худро дониста, ба фардо бо иродаи қавӣ қадами устувор гузорем. Бинобар ин, пеш аз оне, ки оид ба дастовардҳои давлат, Сарвари давлат огаҳӣ пайдо намоем, бояд донем, ки ба кадом тарз бо бартараф кардани кадом омилҳо мо соҳибистиқлол гардидем.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар вазъияти бенизомӣ, ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ин ҷанг низ мисли ҳамаи ҷангҳои шаҳрвандӣ на ғолибу на мағлуб дошту талафот, мусибат ва мўҳтоҷиро фақат халқи тоҷик мекашид. Дар чунин вазъият мавқеи асосиро воқеае ишғол мекунад, ки моҳи ноябри соли 1992 рух дод. Он Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ аз 197 вакили мардумӣ бо тарафдории 186 нафар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Хушбахтона, барои халқи тоҷик дар арсаи воқеаҳои сиёсӣ инсони хирадманд, шахсияти воқеан бузург, Пешвои воқеии миллат - Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд. Бо 24 соли гузашта аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурустии қарори вакилони мардумии Парлумони тоҷик исбот гардид.

Воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон аз байни мардум баромада, дар давраи гузариш ҳамаи масъулиятро ба зиммаи худ гирифтанд. Ҳамон рўз аз минбари Иҷлосия ба ҳайси раиси тозаинтихоб гуфта буданд: «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам…Ман ҷонибдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо ҳама бояд барои мўътадил сохтани вазъият дўсту бародар бошем». Садоқату вафодориашон яқинан бо хизматҳояш дар назди халқу Ватан исбот гардиданд.

Марҳилаи бистучорсолаи аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ намудани кишварро ба ду давраи комилан гуногун ҷудо кардан мумкин аст:

- давраи якум - аз моҳи ноябри соли 1992 то моҳи марти соли 2000-ум, ки марҳилаи барқарор кардани низоми конститутсионӣ, бозгашти ҳамаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳ, иҷрои бомуваффақияти шартҳои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад;

- давраи дуюм - аз моҳи апрели соли 2000-ум то имрўз – марҳилаи рушди осоиштаи кишвар: таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, барқарор кардани иқтисодиёт ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, сохтмони иншоотҳои дорои арзиши миллӣ, баланд бардоштани некўаҳволии халқ, инкишофи фарҳанг, тамаддун, дин ва густариши фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба шарофати саъю кўшиши Президент ва ҳукумати кишвар дар остонаи соли 2000-ум Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи рушди босубот қадамҳои устувор бардошт. Навсозиҳои иқтисодӣ самараи хешро намоён сохтанд, ки асоситарини онҳо аз сохтмони роҳҳо ва иншооти энергетикӣ иборат буданд ва ин тадбирҳои кишвар барои раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмин бо нерўи барқ мусоидат намуданд.

Дар тўли роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 150 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карданд. Ба шарофати татбиқи сиёсати «Дарҳои кушод» ва муносибатҳои мутақобила бо кишварҳои дигар дар доираи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба обрўву эътибори Тоҷикистон сол аз сол баланд мешавад. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, дастгирии онҳо аз ҷониби кишварҳои бузургу созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Д.ОБИДОВ,
 дотсент, номзади илмҳои ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh