Ҳама ҳастиямро фидоят кунам!...

…Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии таърихӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намудааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву шуҷоат аст. Чунин мафҳумро аксар ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар софдилона хизмат мекунанд. Тўли чанд муддат мешавад, ки ҷавонони навдаъватгардида, дар қисми низомии 3501 Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд содиқона адои хизмат намуда истодаанд.

Баҳри аз наздик шинос гардидан бо шароити хизмати наваскарон ба ин қисми низомӣ омадем. Бо командири қисми низомӣ полковник Умарзода Насриддини Эргаш ҳамсўҳбат гардида, ба чанде аз саволҳои худ посух гирифтем. Аз гуфтаи командир маълум гардид, ки шароити будубош дар ин қисми низомӣ хуб буда, сарбозон қаноатмандона адои хизмат намуда истодаанд. Ҳамчунин, баъди адои хизмат хоҳишмандон метавонанд, дар қисми низомӣ бо ҷойи кор таъмин бошанд,- гуфт командир.

Хизмат дар ин қисми низомӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, - гуфт полковник Умарзода Насриддини Эргаш.

Барои аз наздик шинос гардидан дар ҳуҷраҳои таъминоти ҷангӣ, тайёрии ҳарбӣ, башардўстӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ шудем, ки сарбозон дар ин ҳуҷраҳо машғулият мегузарониданд. Ҳамчунин, китобхона низ фаъолият менамояд, ки дар рўзҳои истироҳатӣ сарбозон метавонанд, бо мутолиаи китоб машғул шаванд. Муовини командир, майор Наимҷон Рўзиев, ки моро ҳамроҳӣ менамуд, қайд кард, ки сарбозон бо се маҳал хўроки гарми серғизо таъминанд. Дар ин ҷода ягон камбудӣ мавҷуд нест, зеро ки дар ин самт мо аз рўи супоришҳои Президенти кишвар ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоем.

Ҷойи хоби сарбозон ва ҳаммом бо оби гарм таъмин ва мувофиқи талаботи замон аст. Аз рўҳияи сарбозон маълум, ки бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияти миллӣ ва сулҳу суботи кишвар софдилона адои хизмат намуда истодаанд. Сарбозони навдаъватгардидаро аз тарзу усули тамринҳо ва қоидаҳои роҳгардии низомиву суханронӣ сарбозони мўҳлати хизматашон тўлонӣ меомўзонанд. Яъне раванди мураббиягӣ ба пешрафти хизмат мусоидат менамояд.

Ҳисси баланди ватандўстиву хештаншиносии ҷавонони имрўза аз он ҳувайдо мегардад, ки софдилонаву хушбахтона ва ҷавонмардона хизмати Модар – Ватан ва қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо меоранд.

Ҳангоми ба ҳуҷраҳои омўзишии наваскарон ворид гардидан бо чанде аз онҳо сўҳбат намудем:

Абўбакр Саидов - сарбози қаторӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: - Мехостам монанди дигар ҳамсолонам бар Ватани худ хизмат намоям. Интизори он будам, ки синну соли ман барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардидан расад. Ҳамин тавр, пас аз ба итмом расидани таҳсил дар мактаб аризаи худро ба комиссариати ҳарбии ноҳия супоридам. Хушбахтона, дар қатори дигарон маро низ барои хизмат намудан бар Ватан қабул намуданд ва ба қисми ҳарбии 3501- и шаҳри Хуҷанд фиристоданд.

Мақсади асосии мо, ҷавонон ин аст, ки Ватани худро содиқона ҳифз намоем, нагузорем, ки пои нохалафе марзи моро убур кунад. Дар ин қисми низомӣ мо ба машғулиятҳо аз ҷумла, дарс хондан, омўзиши яроқу аслиҳа ва тарзи истифодабарии он, бо омўзиши компютер машғул мешавем.

Исмоил Ҷабборов - аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон: - Ба ҷо овардани хизмати Ватан - Модар барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон ҳам қарз асту ҳам фарз. Ин мафҳумро бояд ҳар як ҷавонмарди тоҷикистонӣ дарк карда тавонад. Ватани худро худи мо ҳифз накунем, каси дигар ҳифз нахоҳад кард. Хизмат ҷойи мардон аст. Дар хизмат ба қадри ҳама чиз хоҳӣ расид. Дўстиву рафоқат ва меҳру муҳаббат нисбат ба якдигар маҳз дар даврони хизмат пайдо мешавад.

Назаралӣ Холов – наваскар аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе: - Мақсади ба хизмат омадани ман ҳамин буд, ки каме ҳам бошад, саҳми худро барои ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш гузошта, бо сари баланд ба назди волидайн баргардам. Барои ба хизмати Ватан омадани ман падару модарам боварӣ надоштанд. Худ ба комиссариати ҳарбӣ омадам, баъд ба падарам занг зада гуфтам, ки ман барои хизмат рафтан омодаам ва айни ҳол дар комиссариати ҳарбӣ ҳастам. Падарам бовар накарданд. Пас омаданд ва барои хизмати шоиста хурсандона фотеҳа доданд.

Падарам беш аз 30 сол дар Вазорати корҳои дохилӣ кор кардаанд ва орзуи ман низ ҳамин аст, ки мисли падарам хизматчии давлатӣ гардида, ба Ватани худ хизмат намоям.

Саидбек Раҳимов - наваскар аз ноҳияи Деваштич: - Бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омадаам. Мехоҳам дар оянда дар сафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати хешро идома диҳам. Иқдомҳои Пешвои миллатро шиори худ дониста, барои ободию сарсабзии кишварамон ҳамеша камари ҳиммат баста, хизмат намоям. Ногуфта намонад, ки имрўз шароит дар қисмҳои низомӣ хуб аст, ягон камбудӣ нест.

Ба шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, гуфтанӣ ҳастам, ки хизмат ба Ватан шараф аст.

Рамазон Мирзокаримзода - аскари қаторӣ аз шаҳри Ваҳдат: - Ман мехостам мисли ҷавонмардони Ватан бо либоси ҳарбӣ дар чорабиниҳо дар саф биистам.

Хизмат ҳамаи моро ба ҳам меоварад, мо - ҷавонон муттаҳид гашта, чун мушти як даст мешавем. Дар хизмат аз ҳар гўшаву канори кишварамон сарҷамъ мешавем ва мо як кишвар-як Тоҷикистон дорем ва онро муҳофизат менамоем. Ҳамаи шароитҳои хизмат бароямон муҳайё мебошанд. Мехоҳам, ки ҷавонони кишвар мардона ва далерона ба хизмат омада, қарзи шаҳрвандии худро содиқона баҷо оранд.

Агар аскаронем ё афсарем,

Далеру шуҷоъу ватанпарварем.

Ватанхоҳро худ чӣ марду чӣ зан,

Ҳама ҳастии мо фидои Ватан!...

Воқеан, ҷавононе, ки дар қисмҳои низомӣ хизмат доранд, шараф ва номуси кишвари худро ҳифз менамоянд.

«Хонаи бахт», ки дар қисми низомии 3501-и Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавҷуд аст, аз он шаҳодат медиҳад, ки шароити хизмат дар ин ҷо хуб ба роҳ монда шудааст. Зеро ки дар ин ҷо сарбозон метавонанд, зиёда аз 2 рўз бо оилаҳои худ мулоқот намоянд. Сарбозоне, ки оиладор ҳастанд, метавонанд давоми 2 ё 3 рўз бо оилаи худ дар «Хонаи бахт» зиндагӣ намоянд, гуфт зимни сўҳбат майор Наимҷон Рўзиев.

Хизматчӣ Роҳат Ҷумъаева ба шустушўи сарулибоси сарбозон мутасаддӣ аст. Тавассути мошинаи ҷомашўӣ давоми ҳафта ду маротиба сарулибос ва ҷиҳози хобашонро мешўяд. Аз меҳнати ў ҳамаи сарбозон қаноатманданд.

Ҳамин тавр, пас аз савганди ҳарбӣ ёд намудан, бо сарулибоси тоза ва рўҳияи баланд имрўз ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардидаанд, хизмати Ватан, ҳифзи марзу буми онро баҷо оварда истодаанд.

Хизмат ба Ватан мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард аст. Зеро ки хизмат ба Ватан ин хизмат намудан бар Падар – Модар ва ҳимоя намудани оилаи хеш аст. Пас, ҳар як ҷавонмард аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ саркашӣ накарда, бо эҳсоси ватандориву ифтихор баҳри осудагиву оромии диёри аҷдодии хеш бояд саҳми арзандаи худро ҳамроҳ намояд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh