Пойдорсозии бузургтарин арзишҳои башарӣ

Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ масоили самтҳои асосӣ оид ба мустаҳкамкунии Истиқлолияти миллӣ ва гузоштани қадамҳои устувор оид ба таъсиси давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва дунявӣ замина гузошта шуд, ки мустаҳкамкунии бунёди ин асосҳои сохтори конститутсионӣ ва давлати миллӣ бо шахсияти Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Он кас тавонистанд, дар муддати кӯтоҳ ба боварии халқ сазовор гардида, фаъолияти худро баҳри таҳкими сулҳ, осоиштагии кишвар, ҳаллу фасли масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равона намоянд.

Дар ин Иҷлосияи таърихӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, суханҳои аввалинашон «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…» буд, ки оғози корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлатамон дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу ваҳдат ва берун овардани Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат буд. Пас аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нав – давраи таърихию тақдирсози таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлату давлатдории миллии тоҷикон оғоз ёфт, ки маҳсули сарнавиштсози он ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳар як саҳифаи таърихи Ватанамон пас аз Иҷлосияи тақдирсоз ба номи меъмори сулҳу ваҳдат, кафили рушду нумӯи Тоҷикистон, бо шахсияти Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, зеро ки сархати сиёсати хирадмандона ва боадолатонаи Cарвари давлатамон аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон то имрӯз баҳри ягонагии Тоҷикистон, ваҳдати халқҳои он, таҳкими сулҳу бародарӣ, мустаҳкамкунии давлати соҳибихтиёри миллӣ, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявию ягона равона гардидааст.

Дар бунёди давлати миллӣ қабулшавии Конститутсия дар соли 1994 мавқеи муҳимеро дорад. Маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамоянд, ки Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибихтиёр ин санади ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва таърихиест, ки қувваи олии ҳуқуқиро доро буда, дар он манфиату иродаи халқу давлат таҷассум ёфта, таҳкурсии ҳуқуқии ҷамъият эътироф карда шудааст, он дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифода ва татбиқи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллӣ ва волоияти қонунро таъмин менамояд.

Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди давлати миллӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ як зумра корҳои намоёне амалӣ гардидаанд, аз ҷумла:

-бунёди давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона;

-ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти мӯътадили ҳокимияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қабул ва ташаккули Конститутсияи давлати соҳибихтиёр ва инкишофи рукнҳои давлатдории миллӣ тибқи он;

-ҷаҳонишавии падидаҳои муҳими миллӣ, ҳуқуқӣ ва давлатӣ, аз ҷумла ислоҳоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он мустаҳкам кардани манфиати миллӣ;

-ҷавобгӯ кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба талаботҳои байналмилалӣ ва эътирофи арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-таъсиси парлумони касбии доимоамалкунанда ва инкишофи институти парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таъсиси ниҳодҳои нави давлатӣ оид ба иҷрои саривақтии мақсад ва вазифаҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон;

-ба роҳ мондани ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии байналмилалӣ бо давлатҳои ИДМ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ;

-мубориза бо терроризм ва экстремизм баҳри таъмини сулҳ, оромии ҷомеа, якпорчагӣ, дахлнопазирӣ ва ҳимояи соҳибихтиёрии давлатӣ;

-дар раванди амалӣ намудани идоракунии давлатӣ ба мансабҳои давлатӣ таъин намудани ҷавонони лаёқатманд;

-эҳё гардонидани мероси илмию адабии мутафаккирони тоҷик ва дар раванди бунёди давлати миллӣ истифода бурдани мероси гаронбаҳои адабии мутафаккирони форсу тоҷик.

Имрӯз мо - мардуми диёр, бахусус ҷавонони Тоҷикистон, бо боварии комил гуфта метавонем, ки нисбат ба имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидем ва дар радифи пойдорсозии бузургтарин арзишҳои башарӣ - сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон заҳмат кашида, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор хоҳем дод.

Шӯҳрат Кенҷаев,
декани факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh