Аксияи тарғиботии ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”

Имрӯз, 22 декабри соли ҷорӣ дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят зиёда аз 600 нафар ҷавонони фаъоли вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд.

Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд хабар доданд, ки Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 аз ҷониби насли ояндасоз хуш истиқбол гардид.

Баъд аз анҷоми ироаи Паёми Пешвои миллат дар назди Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” аксияи тарғиботӣ ташкил гардид, ки дар он ҷавонони фаъоли вилояти Суғд иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh